Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти тафтишотӣ аввалин гумонбарони эҳтимолӣ дар сӯхтори бозори «Корвон» - ро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Як манбаъ дар мақомоти амниятӣ гуфт, то ба ҳол даҳҳо нафар пурсида шуда, иддае мавриди таваҷҷӯҳи вижаи мақомот қарор гирифтаанд.

Ин манбаъ гуфт, пас аз он ки навори видеоии ин сӯхтор дар ихтиёри тафтишот қарор гирифт ва он ҷо зане зоҳир шуд, эҳтимол меравад, нафари дастандаркор зан аст ва ҳамсар, тоҷирзан ё ягон корманди оддии бозор бошад.

Дар наворе, ки пас аз даҳ рӯзи сӯхтор дар Интернет пахш шуд ва иддао мешавад, лаҳзаҳои сӯхтори "Корвон" аст, як зан бо либоси сиёҳ гӯшае аз бозори яклухтфурӯширо оташ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Бузмаков, сарвари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши ҳодиса аз сӯи чандин мақомот идома дорад ва он далоиле, ки дар ихтиёри тафтишот аст, барои расонаҳо ошкор нахоҳанд шуд. Вай афзуд, пас аз ниҳоӣ шудани таҳқиқот ҷомиаро аз натиҷаҳо огоҳ хоҳанд кард.

Шоми 5 – и сентябри соли ҷорӣ қисмати яклухтфурӯшии "Корвон", бузургтарин бозори молу колои пойтахти Тоҷикистон ба коми оташ рафт, ки гуфта мешавад, бар асари он то 2 ҳазор дӯкон сӯхта, хокистар шуд ва тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён диданд.

Нуршед Машрабов, молики "Корвон"

Нуршед Машрабов, молики "Корвон"

Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" эълом кардааст, ки барои иттилоъ дар бораи омилони сӯхтор 150 ҳазор сомонӣ, каме бештар аз 30 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад дод.

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки рӯзи 19 сентябр натиҷаҳои фаъолияти комиссияи тафтишотиро нашр хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG