Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯҳои боқимонда пас аз сафари президент хориҷ мешаванд"


Вазири дифоъ гуфтааст, ки нерӯҳои боқимондаи изофӣ дар Хоруғ, пас аз сафари президент ба минтақа, баргардонида мешаванд.

Генерал Шералӣ Хайруллоев зимни мулоқот бо намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ ва «гурӯҳи 20» дар бораи шумораи нерӯҳои изофии боқимонда дар маркази Бадахшон иттилоъ надодааст, вале гуфтааст, пас аз сафари раисҷумҳур тамоми нерӯҳои изофӣ аз қаламрави вилоят берун мешаванд ва дар ин ҷо танҳо гурӯҳи маҳдуди сарбозону афсарони вазорати дохила мемонанд.

Вазири дифоъ дар мавриди тарҳи таҳкими марз бо Афғонистону Чин сухан карда, баён доштааст, ки аммо теъдоди муайяни низомиёни вазорати дифоъ манзури тақвияти бахшидани марз ба қароргоҳҳои марзбонии ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб сафарбар мешаванд ва имкон дорад, ки оянда ба нерӯҳои марзбонӣ табдил шаванд.

Ба гуфтаи манобеи мақомоти ВМКБ, то охири соли 2014 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистону Чин дидбонгоҳҳои нави марзбонӣ сохта мешаванд. Вай афзуд, ки қабл аз ҳама марз бо Афғонистон таҳким меёбад ва дар ин ҷо ду дидбонгоҳи нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ҳамчунин қарор аст, ду дидбонгоҳи нави замонавӣ дар ноҳияи Мурғоб дар марзи Тоҷикистон бо Чин сохта шаванд.

Ба эътиқоди коршиносон, вузарои қудратӣ ба манзури пиёда намудаани амалиёти низомӣ ба Хоруғ омаданд, вале ин воқеъиятро дарк карданд, ки дар пешашон вазифаи ҷиддитари таҳкими марз, ба вижа бо Афғонистон истодааст.

Қаблан вазири дифоъ таъйид кард, ки 1000 низомӣ Хоруғро тарк карда, ба қисмҳои ҳарбӣ баргаштанд. Гуфта шуд, ки берун шудани нерӯҳо то 5-уми сентябр анҷом мепазирад. Вале акнун шароити берун шудани нерӯҳо вобаста ба сафари раисҷумҳур ба минтақа тағъйир ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, иддае аз сокинон Бадахшон ба суханони фармондеҳии нерӯҳои низомӣ дар мавриди берун рафтани 1000 низомӣ аз Хоруғ бовар надоранд. Бинобар мушоҳидаи онҳо, дар шароити кам шудани парвози чархболҳо ба Хоруғ, роҳи заминӣ ягона воситаи берун рафтани нерӯҳо боқӣ мемонад, вале тавассути роҳи нақлиётӣ теъдоди ками нерӯҳо аз вилоят берун шуданд.

Шароити нави берун шудани нерӯҳо боқимондаи изофӣ аз даҳони вазири дифоъ дар ҳоле садо медиҳад, ки азъои «гурӯҳи 20» мавҷудияти нерӯҳои изофиро дар минтақа манбаи ташаннуҷи авзоъ мешуморанд ва мегӯянд, тарафи ҳукумат қаблан чанд бор эълони оташбасро яктарафа вайрон карда буд ва эҳтимоли рух додани чунин ҳодиса пас аз имзои созишнома, онҳоро нигарон кардааст.

Намояндагони мақомоти вилоятӣ изҳор доштанд, ки сафари президент ба минтақа дар рӯзҳои аз 15 то 20-уми сентябр сурат мегирад ва корҳои омодагӣ дар ин самт ҷараён доранд.
XS
SM
MD
LG