Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи як манбаъ дар вазорати умури дохила, беш аз 200 тан аз низомиён ба қисмҳои ҳарбиашон баргаштаанд.

Ин манбаъ гуфт, ки низомиёни вазорати дифоъ қариб пурра аз вилоят бароварда шуда, Горди миллӣ ва гурӯҳи таъиноти махсуси Раёсати корҳои дохилаи минтақаи Рашт барои баргаштан ба ҷойи муқимии худ фармон гирифтанд. Гуфта мешавад, ки ихроҷи нерӯҳои изофӣ дар давоми 20 рӯзи оянда марҳила ба марҳила сурат мегиранд.

Пас аз зӯҳри 23-юми август дар асоси созишномаи сеҷониба қариб 300 нафар сарбозону афсарон аз гирду атрофии шаҳр ба қисми ҳарбии вазорати дифоъ, воқеъ дар наздикии фурудгоҳи шаҳр интиқол ёфтанд. Аммо ҷиҳати набуди ҷой, бархе аз ин сарбозон дар гаражи муассисаи роҳсозӣ ва биноҳои нотамоми шаҳрвандон, ки дар паҳлӯи кисми вазорати дифоъ бунёд шудаанд, ҷой гирифтаанд.

Хабарнигори «Озодӣ» аз ин маҳалли мавсум ба «Селхозтехника» дидан кард. Умед Куканов, як сокини шаҳр гуфт, ки вай мисли ҳаррӯза ба манзури иҷрои корҳои сохтмонии бинои нотамоми як сокини шаҳр субҳ ба ҷойи кораш шитофтааст, вале дар он ҷо сарбозону афсарон вайро пешвоз гирифтаанд ва маълум нест, ки кай биноро холӣ мекунанд.

Сокинони маҳалла изҳор доштанд, ки онҳо бо қисми вазорати дифоъ дар ин ҷо муносибатҳои ҳасана доранд, вале бо пайдо шудани низомиён, ки акнун дар биноҳои берун аз ҳудуди қисм ҷой гирифтанд, барои онҳо ба таври ғайрирасмӣ вақти комендантӣ эълон шудааст ва онҳо аз эҳтимолияти вуқӯъи ҳар гуна дасиса нигаронанд. Зеро акнун бо фаро расидани шаб сокинон аз тарс аз манзилҳояшон берун намебароянд ва агар бо зарурате берун шаванд ҳам дар ҳар қадам ба посбонҳои мусаллаҳ рӯбарӯ мешаванд.

Ба гуфтаи манбаи радиои «Озодӣ», қабл аз ҳама низомиёне ба ҷойҳои муқимиии зист интиқол мешаванд, ки барои буду бошашон дар Хоруғ шароити мусоиди хизмат фароҳам нашудааст ва берун аз ҳудуди қисми вазорати дифоъ муваққатан мустақар гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол вазъ дар шаҳр пурра ба эътидол омадааст ва идораву муассисот ва бозорҳову нақлиёт фаъол аст. Баргузории тӯйҳои арусӣ, ки бинобар моҳи шарифи Рамазон ва ҳодисаҳои рӯзҳои охир мутафаққиф гардида буд, аз сар гирифта мешавад ва тарабхонаҳо барои рӯзҳо душанбе аз ҷониби туйдорҳо фармоиш гирифтанд.

Тибқи иттилои манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ, ҳамоиши эътирозии сокинони Бадахшон дар маркази Хоруғ тақрибан соати нӯҳ ба даҳи шаби гузашта поён ёфт ва эътирозгарон майдонро тарк кардаанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки созишнома миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ дар Хоруғ дар назди эътирозгарон қироат гардид.

Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ мегӯяд, ҳоло раванди марҳила ба марҳила берун кардани нерӯҳои аз Хоруғ ҷараён дорад. Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон рӯзи гузашта дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфта буд, бар пояи маслиҳати байни ширкатдорони митинги эътирозӣ дар Хоруғ ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ қарор шуд, ки ҳукумат нерӯҳои худро аз Хоруғ берун мекашад ва намоиши эътирозӣ то бегоҳ пароканда хоҳад шуд.

Масъалаи муҳими дигар – пешгирӣ аз таъқиби ширкатдорони намоиши эътирозӣ будааст. Ба гуфтаи ӯ, ба хотири пешгирӣ аз боз шудани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ созише миёни сохторҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳр низ ҳосил шудааст. Зери ин санад Шералӣ Хайруллоев, Рамазон Раҳимов ва Раҷабалии Раҳмоналӣ, вазирони дифоъву умури дохилӣ ва раиси Горди Миллии Тоҷикистон ва ҳам Иброҳимбек Ғозибеков -- раиси Маҷлиси вакилони шаҳри Хоруғ, имзо гузоштаанд.

Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Бунёди Оғохон дар Бадахшон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот барои берун бурдани нерӯҳо аз қаламрави Хоруғ шурӯъ кардаанд: “Нӯҳ КамАЗ барои интиқоли сарбозҳо аз Душанбе расидаанд.”

Чанде пеш аз ин, як манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим дар пайи тавофуқи Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимов, вазирони дифоъ ва умури дохилии Тоҷикистон, 24 вакили маҷлиси шаҳрии Хоруғ, гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон, ки аксаран ҷавонон ҳастанд, ба даст омадааст. Гурӯҳи 20-нафариро дар ин мулоқот Наврӯзмамад Наврӯзмамадов, вакили шаҳрӣ ва раҳбари ин гурӯҳ ва Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон намояндагӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки қарор буд, соати 11-и имрӯз, 23-юми август, иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси шаҳрӣ баргузор ва вакилон мавзӯи берун кардани нерӯҳои изофӣ аз дохили шаҳр ва атрофи Хоруғро баррасӣ ва тасмими ниҳоиро содир мекарданд. Аммо вазирони дифоъ ва умури дохилӣ ҳамроҳ бо вакилони маҷлиси шаҳри Хоруғ, аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон қабл аз баргузории иҷлоси ғайринавбатӣ ба ин тавофуқот даст ёфтаанд, ки дигар зарурати баргузории иҷлоси ғайринавбатӣ намондааст.






​Манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ, ки дар мулоқоти чандҷонибаи имрӯз ширкат кардааст, гуфт, санадҳои лозим нисбат ба тавофуқи ба дастомада таҳия шуданд. Ба ин тартиб, берун шудани нерӯҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғ ва атрофи он ба қисми низомии воқеъ дар фурудгоҳ ва баъдан ба қароргоҳи доимиашон дар Душанбе оғоз шудааст.

Ҳамчунин, намояндагони тазоҳуркунандагон дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ низ ваъда додаанд, ки бо берун шудани нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр ва атроф онҳо низ маҳалли таҷаммӯъро то поёни имрӯз тарк хоҳанд кард. Ҳамзамон манбаи Озодӣ мегӯяд, роҳҳои дохили шаҳр боз шуда ва вазъ рӯ ба оромӣ меорад.

Дирӯз, 22-юми август, масъулини вилояти Бадахшон ба садҳо тазоҳургарони сокини Хоруғ, ки дар майдони Ваҳдати шаҳри Хоруғ хайма заданд, ваъда доданд, ки масоили мавриди нигаронии онҳо дар сессияи ғайринавбатии шаҳр ба баррасӣ гирифта мешавад. Манбаи “Озодӣ” дар маркази вилояти Бадахшон гуфт, тазоҳургарон дар Хоруғ шабро дар майдони Ваҳдат сипарӣ карданд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки дар иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаи аз Хоруғ берун шудани нерӯҳои ҳукуматӣ, истеъфои раиси вилоят ва ҳам шарти қонунӣ шудани тазоҳуроти эътирозӣ баррасӣ шавад. Ин раҳпаймоӣ баъд аз он ташкил шуд, ки субҳи 22-юми август афроди номаълум яке аз раҳбарони гурӯҳҳои гумонбар Имомназар Имомназаровро дар манзилаш ба қатл расонданд.

Додситонии кулл ин шахсро масъули як қатор ҷиноятҳо меномад, дар ҳоле, ки бисёр сокинони вилояти Бадахшон ӯву дигар раҳбарони шӯришии вилоятро афроди "адолатпешаву ҳақҷӯ" меноманд. Ин ҳама дар ҳолест, ки гирдиҳамомадагон гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG