Пайвандҳои дастрасӣ

Имомназар Имомназарови 48-сола дар Хоруғ дар шароити мармуз кушта шуд.

Вақте ки хабари кушта шудани фармондеҳи пешини мухолифон Имомназар Имомназаров ҳазорон нафарро ба майдони марказии Хоруғ баровард, бисёриҳо ба худ савол доданд, ки ин тазоҳурот оё мотами эътирозомез аз ҳалокати шахси ӯст ё охирин қатра ба косаи сабри мардуме, ки аз ҳузури ҳарбиён ҷон ба лаб шудааст?

Бархе аз ҳамсӯҳбатон мегӯянд, агар на ӯ, балки ҳар фармондеҳи дигаре низ кушта мешуд, чунин эътирози сахт ба вуқӯъ мепайваст, вале бархи дигар бар инанд, ки эътибори Имомназар дар миёни мардум дар ин ҳолат шояд нақши бештаре бозида бошад.

Пеш аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Имомназарро дар Бадахшон ҳамчун гӯштигире мешинохтанд, ки зиёда аз 100 килограм вазн ва унвони фахрии “Устоди варзиши Тоҷикистон”-ро дошта, ба истилоҳ паҳлавоне буд, ки «пушташ заминро надидааст». Чунин афроди таҳамтан одатан мавриди эҳтиром ва ҳаводории бисёриҳо, махсусан афроди аз худ ҷавонтар қарор мегиранд.

Дар авҷи ҷангҳои Тоҷикистон, зимистони соли 1992, вай, ки он вақт мисли падараш ронандаи Ҷамъияти матлуботи шаҳри Хоруғ буду маҳсулоти Корхонаи нонро мекашонд, наздик ба 100 нафарро ҷамъ оварда, гурӯҳи мусаллаҳи худро ташкил дод.

Зебо Гулмамадова, он замон коргари отряди марзбонии Русия дар Бадахшон, мегӯяд, он вақт Имомназар як фармондеҳи оддӣ буд:

«Ӯ дар гурӯҳи Маҷнун Паллаев буд. Умуман, Бадахшон дар ихтиёри фармондеҳон буд. Маҷнун роҳбар буд, Холбаш – раиси ситод, Алёша – Горбун (Абуламон Айёмбеков) – масъули умури ақибгоҳ ва бақия онҳоро итоат мекарданд. Имомназар ҳамон гурӯҳи хурди худро сарварӣ мекард».

Хонум Гулмамадова мегӯяд, фармондеҳони Бадахшон, аз ҷумла гурӯҳи Имомназар Имомназаров дар минтақаи Дашти Шер зимистони соли 1993 бо нерӯҳои ҳукуматӣ даргир ва бидуни талафот аз муҳосира халос шуданд. Онҳо тайи чанд соли дигар масъулияти ҳимояи ағбаи Хобуработро доштанд, ки то охири ҷанг аз сӯи ҳукумат тасхир нашуд.

Пас аз марги мармузи фармондеҳи умдаи Бадахшон тайи солҳои 1993 – 1994 Имомназар Имомназаров ба нафари калидӣ табдил ёфт. Зебо Гулмамадова ҳамчун нафари огоҳ аз ин маргҳои мармуз мегӯяд, фармондеҳони сафи аввал ҳама бо марзбонони рус робитаи хуб доштанд. Ба қавли ӯ, Маҷнун Паллаев ва Ҳоҷӣ Абдурашид, фармондеҳи Язғуломро, русҳо заҳр доданд ва пас аз чанд соати хуруҷ аз бинои фармондеҳии отряди Хоруғ ҳарду фавтиданд. Мошини Абуламон Айёмбеков низ пас аз мулоқот бо марзбонони рус дар ситоди фармондеҳони Бадахшон дар Хоруғ таркид ва то ба ҳол касе собит накардааст, ки дар мошини ӯ мина гузошта буданд ё аз берун бо норинҷакандоз ҳадаф қарор гирифт.

Ҳамон сол Имомназар Имомназаров низ аз пой афтид, аммо на аз майдони ҷанг ё сиёсат. Моҳи апрели соли 1994 Ҳофиз ном, ба истилоҳ «дузди қонунӣ» («вор в законе») ва аз афроди машҳури олами ҷиноии Бадахшон низ ба таври мармуз кушта шуд ва дар марги ӯ Имомназарро муттаҳам карданд. Зимни баҳс («разборка»)-и миёни ду гурӯҳ дар майдони марказии Хоруғ Имомназар тир хӯрд. Иқболшоҳ Муборакшоев, аз фармондеҳони собиқи Бадахшон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 ба ин сӯ бо Имомназар Имомназаров ҳамроҳ буд, мегӯяд, ин тирро, ки то охири умр дар сутунмӯҳраи Имомназар монд, на нафарони Ҳофиз, балки касе аз берун андохта буд…

Пас аз ин ҳодиса пойҳои Имомназар аз ҳаракат монд. Ӯро барои табобат ба Маскав ва пас аз он ба Женева бурданд, аммо духтурон гуфтаанд, ки агар тирро аз сутунмӯҳра берун оранд, гурдаҳои ӯ аз кор хоҳанд монд. Ҳамин тавр, Имомназар Имомназаров маъюби гурӯҳи аввал шуд.

Аммо бо ин вуҷуд, нақши ӯ на коҳиш, балки афзоиш ёфт. Сабаби инро Зебо Гулмамадова дар он медонад, ки Имомназар шахси намозхон, ботамкин ва бо вуҷуди бедипломӣ, сиёсатмадор буд. Ба қавли ӯ, дар қиёс бо дигар фармондеҳон Имомназар дағал набуд ва садояшро сари касе баланд намекард, агар чизе мегуфт, бомантиқ ва боэътимод мегуфт.

Мӯниси Меҳрубон, коршиноси бадахшӣ мегӯяд, воқеан Имомназар аз хурдӣ намозхон ва аз пайравони сарсахти Имом Оғохони Чорум буд, аммо иддао дар бораи лидери ягонаи Бадахшон будани ӯро беасос хонд. Вай афзуд, воқеан, вақте аз Душанбе масъуле ба Бадахшон меомад, сароғоз бо ӯ мулоқот мекард ва сипас ҳукумат мерафт:

«Ин хел, ки мегӯянд, лидери кулл буду ҳама аз ӯ итоат мекарданд, дуруст нест. Ҳар фармондеҳ бо кору бори худ машғул буд. Аммо Имомназар китобу рӯзномаву маҷалла мехонд, сӯҳбатҳои эҳсосотӣ надошт, хуб сӯҳбат мекард, аз сиёсат ҳам каму беш хабар дошт. Шояд ҳамин буд, ки солҳои охир ӯро аз дигарҳо боло бурд».

Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки соли 2004 бо ширкати Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҷаласаи созмони ҳизб дар Бадахшон дар Хоруғ Имомназар Имомназаров раҳбар интихоб шуд, аммо пас аз як сол ба сабаби беморӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ҳамчунин ӯ ҳам дар маҳаллаи Корхонаи нон (Хлебозавод) халифа - раҳбари маънавии гурӯҳе аз муридон маҳсуб мешуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаводиси як моҳи ахир дар Бадахшон таърифи дигареро дар бораи фаъолияту шахсияти Имомназар Имомназаров тайи марҳалаи пас аз имзои Созишномаи сулҳ то соли 2012 ба вуҷуд оварданд. Моҳи равон расман ӯ ва се фармондеҳи дигари Бадахшон - Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Маҳмадасламов дар 20 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бетартибиҳои оммавӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, қочоқи маводи мухаддир, тамоку, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра муттаҳам шуданд.

Ӯро ҳамчунин дар ташкили куштори генерал Абдулло Назаров ва ноамниҳои ахири Бадахшон муттаҳам карданд. Як ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти амниятӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, фармондеҳони дигари Бадахшон бидуни машварати Имомназар Имомназаров даст ба амале намезаданд ва ҷиноятҳое низ ҳастанд, ки ҷабрдидагон аз тарси ҷони худ ба мақомот муроҷиат накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Иқболшоҳ Муборакшоев иттиҳомот дар бораи даст доштани Имомназар Имомназаров дар қочоқи маводи мухаддирро бепоя унвон карда, гуфт, оилаи онҳо бо тиҷорати сирф қонунӣ машғул буд. Ба қавли ӯ, ду бародараш ронандагӣ мекунанд ва ба ҷуз мағозаҳои хӯроквориву як дӯкони таъмири мошинҳо дар Хоруғ, тиҷорати хонаводаи онҳо гӯшт аст – аз Мурғоб гӯшти қутос оварда, мефурӯшанд, аз ин хотир, дар маркази Бадахшон гӯшт 20 сомонӣ аст.

7 августи соли 2012 дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Имомназар Имомназаров даст доштани худ ва ҳамроҳонаш дар ноамниҳои Хоруғро рад карда, чунин гуфта буд:

«Мо ҳар чор нафар байни худ аҳд карда будем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ягон тавтиа дода намешавем. Ягон иқдомро худ рӯи даст намегирем. Ин ҳама иттиҳоме, ки ба мо бастаанд, дурӯғанд».

Аммо яке аз ҷабрдидагони гурӯҳи Имомназаров дар гузашта, ки худро Завқибек муаррифӣ кард, мегӯяд, ҷиноятҳои ӯ хуб тарҳрезӣ ва рӯпӯш мешуданд, аз ин хотир, дар чашми мардум як «шахси муқаддас ва қаҳрамон» менамуд:

«Ӯ бисёр мардумро ғам медод. Даҳҳо мисол аст. Аз дигарон ҳам ин бадтар буд. Бахусус аз Имомназар дар давраҳои аввал мардум хеле ранҷ дида буданд. Аммо пас инҳо хомӯш шуданд. Панҷ-шаш сол аст, ки яке бо Чин тиҷорат мекард, дигаре аз ҳисоби нашъаи Афғонистон. Зиндагии худу хешу таборашонро хуб мекарданд. Аммо ҳодисаҳои ахир боз инҳоро муҳим кард. Қонуни табиат аст».

13 рӯз пеш аз марг ӯ наберадор шуд. Бар хилофи расму русуми мардуми кӯҳистон ӯ ба ин тифл номи худашро гузошт. Ин тасмим эътирози пайвандонашро ба вуҷуд овард. Ӯ дар посух гуфт: “Ман меравам ва бигзор, номи ман бо ин тифл монад”.

Зебо Гулмамадова, ки рӯзҳои ахир бо Имомназар зиёд мулоқот мекард, мегӯяд, бо он вуҷуд ки мегуфт, бо ҳукумат созиш нахоҳад кард ва танҳо бо дастури Имоми Оғохони Чорум аз муқовимат даст кашидааст, аммо пас аз вокуниши Чин фаҳмид, ки қудратҳо ин дафъа Бадахшонро маҳалли нишон додани нерӯи худ мекунанд. Вай афзуд, бо ҳамин ӯ сарнавишти худро интихоб кард… Аз рӯи нақли ӯ, субҳе, ки Имомназар кушта шуд, ҳама ҳамроҳонашро рухсат карда буд ва силоҳе ҳам бо худ надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG