Пайвандҳои дастрасӣ

Аз осорхонаи Хоруғ норинҷак ва чаҳор дона тир ба яғмо рафт, ки ба гуфтаи мақомот мероси Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд.

Ба гуфтаи мудири осорхона Соҳибсултон Алиназарова, ин экспонатҳо дар гӯшаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар баробари хотироти дигари чангӣ ҷой доштанд. Аммо афроди номаълум дар рӯзи амалиёти Хоруғ ин экспонадтҳои хотиравиро бо худ бурдаанд.

Мудири осорхона дар як нома аз идораи фарҳанг дархост кард, ки дар масъалаи бозгардонидани экспонатҳои гумшуда ба онҳо кӯмак кунад. Соҳибсултон Алиназарова гуфт, "норинҷак ва тирҳо намунавӣ ва ғайриқобили истифода буданд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳоро гирифтаанд."

Ба фикри иддае аз кормандони осорхона шояд сарбозон дар рӯзи амалиёт ба хотири ҷилавгирӣ аз дастёбии намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба "экспонатҳои ҷангӣ" онҳоро аз ин гӯша бардошта бошанд. Аммо бархе мегӯянд, ҷавонони маҳаллӣ дар рӯзи амалиёт ба хотири тарс додани дигарон ва ё фурӯхтану фоида бардоштан норинҷак ва тирҳоро дуздидаанд.

Масъулини идораи фарҳанги шаҳр мегӯянд, пас аз амалиёти Хоруғ шунидани номи аслиҳаи ҷангӣ он қадар нохушоянд шудааст, ки онҳо тасмим доранд, барои осорхона норинҷак ва тирҳои чӯбин тайёр кунанд. Ба гуфтаи масъулини осорхона, дуздон ба ғайр аз норинҷак ва тирҳо ба ягон экспонати дигари осорхона даст нарасондаанд. Аммо фақат як ҷойи боми осорхона, ки камингоҳи сарбозон буд, ба дарун афтидаст.

Мудирияти осорхона мегӯяд, эҳтимол дар оянда гӯшае дар ин осорхона аз ҳодисаҳои тобистони соли 2012-ум дар Хоруғ хикоят кунад. Аммо ҳоло қиссаи дуздон ва норинҷаку тирҳо, ки бархе бо табассум ва бархеи дигар бо ҳайрат ба он гӯш медиҳанд, дар дафтари сабти осорхонаи Бадахшон навишта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG