Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифоъ: «Ҷалби сокинон ба комиссариатҳо ба ҳаводиси Хоруғ рабт надорад»


Вазорати дифои Тоҷикистон ҷалби сокинони ноҳияи Дарвоз ба комиссариатҳо ҳарбиро шарҳ дода гуфт, ки ин амал дар чаҳорчӯбаи як барномаи махсуси Вазорат сурат мегирад.

Саъдоншо Раҳматуллоев ронанда аз маркази ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки таи як ҳафтаи ахир намояндаҳои комиссариатҳои ҳарбии ноҳия ба истиқоматкунандагони то синни 45 сола, даъватнома дода онҳоро ба сӯҳбат даъват мекунанд.

Вай гуфт, ки вақте ба комиссариат омадааст аз ӯ пурсидаанд, ки қаблан дар кадом қисми ҳарбӣ хизмат кардааст ва тахассуси ҳарбӣ дорад ё не.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо рафиқи ӯ Карим Ҷононов, ки дар қисми ҳарбии тирандозии Вазорати дифоъ дар Душанбе адои хизмати аскарӣ кардааст аз ӯ суолу ҷавоби зиёд карда ҷои истиқомат ва ҷои кори ӯро махсусан қайд кардаанд.

Саъдоншо Раҳматуллоев бим дорад, ки аз ҳисоби сокинони ботаҷриба қисми ҳарбӣ созмон дода шуда ба Хоруғ ҷалб хоҳанд шуд.

Аммо Фаридун Маҳмадалиев сардори дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки даъвати сокинони то 45 сола ба комиссариати ҳарбӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳаводиси Хоруғ вобастагӣ надорад.

Вай гуфт, ки дар ҳақиқат дар ноҳияи Дарвоз барои такмили тахассуси низомӣ сокинони то 45 сола, ки дар захоири ҳарбии кишвар номнавис ҳастанд дубора ба қайд гирифта мешаванд ва риштаи тахассус, ҷои истиқомат дар комиссариати ҳарбӣ зикр карда мешавад.

Онҳое, ки тахаcсуси муҳим ба мисли тирандоз, десант ва ё дар дар гурӯҳи зудамали кӯҳгардӣ адои хизмат кардаанд, барои такмил ба таълимгоҳҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда мешаванд. Ин барнома ба қавли Фаридун Маҳмадалиев дар замони Шуравӣ ҳам роиҷ буд.

Вазорати дифои Тоҷикистон то имрӯз ҳамчунин барномаро дар шаҳри Хоруғ ва дар вилояти Суғд анҷом додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG