Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шеваҳои нави издивоҷ тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатии интихоби ҳамсарро мегиранд.

Агар аз ҷавоне пурсида шавад, ки падару бобояш аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё агентиҳои никоҳ зан нагирифта, балки Холаи Мастурамоҳ барои онҳо ҳамсар ёфта буд, эҳтимолан посух хоҳад дод, ки замона дигар шудааст.

Ё шояд хоҳад гуфт, ки падару бобои ӯ солҳо дар муҳоҷирати корӣ набуданду арӯсҳои тоҷик ҳам ба саросари ҷаҳон нарафта буданд.

На барои ҳимоят аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои махсуси шиносоӣ, балки куллан гуфта мешавад, шеваҳои нави издивоҷ тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатии интихоби ҳамсарро мегиранд.

Ҷавонони тоҷик ҳар чӣ бештар ҳангоми интихоби ҳамсар ва бунёди оила аз сомонаҳои шиносоӣ истифода мекардаанд, ки аксаран хориҷӣ будаанд. Аммо ҷавонони тоҷик охиран як сомонаи шиносии миллиро рoҳандозӣ карданд барои ҷавонони тоҷик бо нишонии shinosoi.tk.

Муҳаммадӣ Восеъ, яке аз ҷавонони ташаббускори ин тарҳ дар сӯҳбат бо гуфт, ки ин сомона якҷо бо ҳафтаномаи ҷавонони «Авранг» таъсис дода шудааст ва бархе аз матолиби ин сомона дар саҳифаи вежаи ин нашрия - «Дидор» ба чоп хоҳад расид: «Мақсад аз таъсиси ин сомона ба вуҷуд овардани як минбарест, ки ҷавонон тавонанд бо ҳам муошират кунанд, якдигарро ёбанд ва оила бунёд кунанд. Умедворем ин сомона як пули мустақиме хоҳад буд, байни ҷавонони дохил ва хориҷи кишвар».

Муҳаммадӣ гуфт, ки ҳоло миқдори зиёди ҷавонони тоҷик муддати дароз дар муҳоҷират қарор доранд ва бинобар ин, ҷиҳати интихоби ҷуфти муносиб душворӣ мекашанд. Ба ин сомона бошад, аз ҳар гӯшаи ҷаҳон метавон сар зад ва ҷуфти муносиби хешро пайдо кард. Муҳаммадӣ афзуд, ки дар тӯли як ҳафтаи охире, ки сомонаи шиносоӣ боз шудааст, аллакай беш аз сесад муштарӣ аз Тоҷикистон ва хориҷ аз он пайдо кардааст.

Бар замми торнамоҳои шиносоӣ дар Тоҷикистон кори маҳфилҳои бунёди оила ва эълонҳо барои дарёфти ҳамсар дар ҳафтаномаҳо густариш пайдо кардааст. Ҳусния Ҳафизова, мудири бахши маҳфили шиносоии "Шанс"-и ҳафтаномаи "Оила" мегӯяд, ин клуб беш аз 4,5 ҳазор нафар аъзо дорад. Ӯ бо ифтихор аз шуғли худ афзуд, дар давоми танҳо ду соли охири фаъолияташ, ин клуби шиносоӣ тавонистааст, ки дар бунёди бештар аз 700 хонавода кӯмак бикунад.

Ӯ гуфт: "Ҳоло натанҳо волидайн, балки худи духтарҳо ба мо муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, ки мехоҳанд бо ҷавони маълумоташ олӣ ва соҳиби касб бо нияти оила барпо кардан шинос шаванд. Ҷавонон низ агар чанд сол пеш ба маълумотнокии духтарон аҳамият намедоданд ва ё мегуфтанд бигузор дӯзанда бошад, имрӯз аз ҳисоби духтарони соҳиби маълумоти олӣ арӯсонашонро интихоб мекунад."

Хонум Ҳафизова мегӯяд, ба клуби "Шанс" ба хотири бунёди оила, ҷавонони аз ҳаждаҳсола то мӯйсафеди 71-сола ба муроҷиат кардаанд. Вале ба қавли хонум Ҳафизова, ба фарқ аз солҳои пеш, ба клуби "Шанс" ҳоло бештар ҷавонписарон ва мардоне, ки як бор оила барпо карда, вале ноком шудаанд, бештар муроҷиат менамоянд.

Аммо ҷавононе, ки бори аввал оиладор шуданӣ ҳастанд, бештар аз усулҳои суннатии интихоби ҳамсар кор мегиранд. Яъне бо маслиҳати волидайнашон, хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва шиносҳояшон ба худ ҷуфт интихоб мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҷавонони тоҷик ҳини интихоби ҷуфти хеш мустақилона тасмим гирифта бештар аз прогматизм кор мегиранд. Бинобар ин, ҳоло ҷавонон мекӯшанд, ҳамсари таҳсилдида дошта бошанд.

Нуриддин Раҳимов, як ҷавон, ки мехоҳад ба наздикӣ издивоҷ кунад, гуфт, танҳо бо арӯси таҳсилдида оила барпо хоҳад кард. Ба қавли ӯ, зиндагӣ бо духтари таҳсилдида ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ осону хушоянд аст: "Дар давоми умраш одам бемор мешавад ва агар кас завҷаи духтур дошта бошад ранҷ намекашад, оилааш метавонад ӯро табобат кунад. Масалан, агар муаллима ҳам бошад, бо кори нисбатан сабук як миқдор пул ба даст меорад ва ба буҷаи хонавода кӯмак мекунад".

Бо ин вуҷуд, бархе аз ҷавондухтарон, ки ҷуфти муносиби худро бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, ба назди фолбин ва ё мазор мераванд, то ки ба истилоҳ “пеши роҳи онҳоро кушоянд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG