Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сокини вилояти Хатлон, ки мубталои HIV ё вируси норасоии масунияти бадан аст, барои издивоҷи огоҳона бо ҷавондухтари солим ба муҷозот кашида шудааст.

Ҳувияти ин ҷавон махфӣ нигоҳ дошта мешавад, чун тибқи қонун, мақомоти давлат муваззафанд, ки маҳрамияти маълумот дар бораи гирифторони ин бемории сироятиро таъмин намоянд.

Маҳмадлатиф Шарифов, сарвари Маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Хатлон, дар ин бора гуфт, алайҳи нафари муттаҳам, ки гӯиё дар яке аз навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон боздошт шудааст, тибқи моддаи 125-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "дидаю дониста таҳти хавфи сироят ба инфексияи норасоии масунияти бадан гузоштани шахси солим" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзуд, "ба прокуратураи генералӣ муроҷиат карда будаанд, ки ҳамин хел ҳодиса ҳаст. Прокуратура парвандаро боз кардааст. Лекин то тафтиш тамом шудан ҷузъиёти ин парванда ба мо маълум карда намешавад."

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, тамоми афроди номнависшуда дар маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, аз ҷониби пизишкони марказ оид ба хатарзо будани ВИЧ ва сироят накардани шахсони дигар огоҳонида мешаванд. Аммо, гуфта мешавад, ин ҷавон, ки дар қайди маркази СПИД будааст, соли ҷорӣ оиладор шуда, ҳамсарашро зери хавфи сироят қарор додааст.

Маҳмадлатиф Шарифов

Маҳмадлатиф Шарифов

Ин нахустин як чунин парвандаи ҷиноӣ алайҳи гирифтори норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон будааст. Аммо қабл аз ин ҳам дар вилояти Хатлон мавридҳои дигари издивоҷи нафари сироятёфта ба норасоии масунияти бадан бо зани солим ба қайд гирифта шудааст. Рустам (номи шартии марди гирифтори ВИЧ дар шаҳри Қӯрғонтеппа) дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду сол қабл бо ҷавондухтари солиме ошноӣ пайдо карда, дар заминаи ишқу муҳаббат бо ӯ оила барпо намудааст. Вай афзуд, нахуст кормандони маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД-и Хатлон ба издивоҷи ин ду нафар мухолифатҳо нишон доданд, аммо пас аз мутмаин шудан ба тасмимгирии қатъии ҷавонон, барояшон хушбахтӣ орзу карданд.

Аммо Рустам рафтори ҷавони боздоштшударо, ки бо ҷавондухтари солим издивоҷ карда, ӯро аз сироятёфта буданаш ба ВИЧ огоҳ накардааст, "худхоҳона" номид. Маҳмадлатиф Шарифов, раиси маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД-и Хатлон, гуфт: "Вақте ҷавон ба маркази мо омад, ба вай ҳама ҷанбаҳои масъаларо мефаҳмонем. Барояшон мефаҳмонем, агар дидаю дониста нафари дигарро ба вируси норасоии масунияти бадан сироят кунед, 5 сол, агар дувум маротиба сироят кунонед, 8 сол ва агар ду одам ё зиёда аз он ва кӯдакону ноболиғонро сироят кунонед, тибқи қонун, то 12 сол аз озодӣ маҳрум хоҳед шуд."

Дар ҳамин ҳол, Севара Комилова, сарвари созмони ҷамъиятии "Гули сурх", ки аз ҳуқуқу манофеи қонунии одамони сироятшуда ба ВИЧ дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, гуфт, қонун издивоҷи гирифторони вируси норасоии масунияти бадан бо одамони солимро манъ намекунад: "Масалан, агар роҳҳои гузаришро донанду бехатариро риоя кунанд, хоҳанд, ки бо гирифтори ВИЧ зиндагии муштарак дошта бошанд, марҳамат, онҳо озод ҳастанд дар тасмимгириашон ва қонун ҳам маҳдуд намекунад онҳоро. Чунин ҳолатҳо бисёранд дар мо. Ҳатто зану шавҳари гирифтори ВИЧ ҳастанд, ки фарзанд таваллуд кардаанд ва тифлашон солим аст."

Соли ҷорӣ ба маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД-и Хатлон ду ҷавондухтаре довталабона муроҷиат карда, хостори дарёфти иҷозаи издивоҷ бо ҷавонони олудаи ВИЧ шудаанд. Фирӯза Сафарова, коршиноси маркази мазкур, гуфт, ин духтарон, ки худ солим будаанд, изҳор доштанд, ки ҳарчанд аз гирифтории дӯстписарашон ба вируси норасоии масунияти бадан огаҳанд, бо онҳо аҳди никоҳ бастаанд. Аммо хонум Сафарова афзуд, ба ӯ муяссар шудааст, ин ҷавондухтаронро аз раъяшон баргардонад.

Ба қавли манбаъ, феълан дар қаламрави вилояти Хатлон ба камияш 30 ҷуфти ҳамсарони олуда ба вируси норасоии масунияти бадан зиндагӣ карда, дар хонаводаи онҳо 22 кӯдаки сироятёфта ба вируси мазкур тарбия меёбанд. Ҳоло дар вилояти Хатлон беш аз 800 мубталои вируси норасоии масунияти бадан ба сар мебаранд, ки қариб 30 дарсад аз ин шумораро занҳо ташкил медиҳанд. Мутахассисон мегӯянд, аксари ин занҳо аз ҳамсарони худ сироят ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG