Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иддае аз духтарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба мушкили барпо кардани хонавода рӯбарӯ шудаанд.

Ҳоло муҳоҷират ба Русия синни издивоҷи духтаронро боло бурдааст ва хатари дур мондан аз издивоҷ тақрибан ба ҳар яке аз онҳо таҳдид мекунад. Нилуфар, духтари 22-солаи тоҷик солҳост дар Волгоград ба сар мебарад. Ӯ аз ҷумлаи духтаронест, ки дар хонаводаи суннатии тоҷик ба дунё омада, ба камол расидааст ва мехоҳад бо ҷавони тоҷик оила барпо кунад, вале дар муҳоҷират то ҳол, ба истилоҳ “бахт ба рӯяш нахандидааст”.

Нилуфар мегӯяд, “мехоҳам ба ҷавоне аз миллати худ оила барпо кунам, чунки забон як аст, анъанаҳои миллирро нигоҳ медорем, байни зану шавҳар нофаҳмӣ намешавад.”

Ба ҷуз аз монеаҳои равонии ба шавҳар набаромадани духтарони тоҷик бо намояндагони миллатҳои ғайр, духтарони тоҷик дар интихоби ҳамсари ояндаи худ бештар тибқи анъана ба маслиҳат ва розигии волидони худ нигоҳ мекунанд. Фараҳноз дар Санкт Петербург дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсилашро имсол ба поён мерасонад ва ҳамзамон дар яке аз бемористонҳо кор мекунад. Вай аз гуфтани ақидаи худ ба Радиои Озодӣ худдорӣ накард: “Ман ба ин масъала чун духтар нигоҳ мекунам. Дар Русия оила барпо кардан мушкил аст. Ҷавонон кам ҳастанд. Ҷавононе, ки ин ҷо меоянд, бисёрашон ба кор меоянд. Ҷавоне, ки ба хости дили духтар бошад, ёфтан мушкил. Масалан, ман аз хурдӣ, рости гап, дар тарбияи падару модар ҳастам. Аввалан ҳурмати падар. Агар ягон касро ҳам дар назар гирам, озод нестам. Аввал розигии падару модар... Агар онҳо розӣ нашаванд, оилаи хуб барпо карда намешавад.”

Шумораи духтароне, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд, нисбат ба духтарони донишҷӯ ба маротиб бештар аст. Бештари духтарони муҳоҷир дар ҷойҳое кор мекунанд, ки машғулияти ҳаррӯза онҳоро гирифтор нигоҳ медорад. Чунин гирифториҳо аз як сӯ ба онҳо имкон намедиҳад, ки барои ошноӣ бо ҷавонони тоҷик вақти муносиб интихоб кунанд. Аз сӯи дигар, зиндагӣ дар танҳоӣ ва мусофират онҳоро аз дигарон дур нигоҳ медорад ва шароити ошноии онҳо бо ҷавонони тоҷикро маҳдуд мекунад.

Ҷавононписароне, ки ба Русия омадааанд, онҳо низ мисли духтарон барои кӯмак ба хонаводаҳояшон омадаанд ва мушкилоти молӣ доранд. Онҳо низ мисли духтарони муҳоҷир дар иҷора ё дар ҷойҳое иқомат мекунанд, ки дар сурати издивоҷ барои зиндагии хонаводаӣ муносиб нест. Чун духтарони тоҷик бештар пойбанди суннатҳои тоҷикӣ мондаанд, кӯшиш мекунанд, бо ҷавони тоҷик сарнавишти ояндаи худро як ҷо бубинанд. Аксар вақт мушкилоти молӣ ва набуди ҷои муносиби зист духтаронро аз арӯсӣ бозмедорад.

Фаррух Сатторов

Фаррух Сатторов

Солеҳа Исоева, раиси ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Калининград, мегӯяд, ҳадафи аслии духтарони муҳоҷир дар Русия чун мардон кӯмак ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон аст: “Ҳоло бисёрии духтарон барои пул кор кардан ба Русия меоянд ва фикри шавҳар карданро надоранд. Зиндагии онҳо тамоман дигар хел шудааст. Ин проблемаи ояндаи фарзандони тоҷик аст.”

Дар вуҷуди духтарон аз хурдӣ тарси ноаёне аз “бадномӣ” ва дар хиҷолат нагузоштани падару модар ё хешовандон низ ҷой дорад. Аксари онҳо бим доранд, ки агар бо ҷавоне дар муҳоҷират ошно шаванд, “сарусадоҳо” ба Ватан меравад ва боиси нороҳатии волидайн мешавад.

Фаррух Сатторов, раҳбари созмони ҷавонони тоҷики муқими Санкт-Петербург мегӯяд, “вақте онҳо аз Тоҷикистон берун мебароянд, дар давлати дигар намехоҳанд урфу одатҳои тоҷикиро гум кунанд. Онҳо ору номус доранд ва метарсанд, ки агар бо касе гап зананд ё вохӯранд, баъд ба Тоҷикистон баргарданд дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд. Дар Тоҷикистон мумкин аст миёни ҳамсояҳо ё хешовандонаш ин гап “мебарояд” ва дар оянда чунин одатҳо оиладориро таҳти хатар мебарад.”

Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.

Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик муқими Маскав.

Бо вуҷуди ин ки солҳои ахир дар саросари ҷаҳон ҷавонон барои ошноӣ аз имконоти интернетӣ низ истифода мекунанд, вале дар миёни муҳоҷирони тоҷик ошноӣ аз роҳҳои интернет ривоҷ пайдо накардааст ва аксари ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба интернет дастрасӣ надоранд. Аз сӯи дигар, баъд аз муҳоҷират ба Русия ҷавонон аз тарзи маъмулии хостгории падару модар ё институти класикии барпо кардани оила маҳрум мешаванд.

Боғшоҳи Лашкарбек, ҷомеашиноси тоҷик дар Маскав, ин масъаларо таҳқиқ кардааст ва бо ишора ба вазъи Маскав мегӯяд, чунин омилҳо сабаби муҷаррад мондани ҷавонони муҳоҷири муқими Русия шудааст: “Тоҷиконе, ки меоянд, дар як кунҷи шаҳр дар иҳотаи кӯчак зиндагӣ мекунанд, бо ҳам робитаи густарда надоранд, ки якдигарро ё хешу табор ва ҳамшаҳриҳоро бубинанд. Корашон ҳам аз субҳ оғоз мешавад то шом. Чунин вазъ проблемаи издивоҷро дар Маскав пеш овардааст. Мардҳо ва заноне, ки мехоҳанд бо якдигар оиладор шаванд, наметавонанд якдигарро пайдо кунанд. Мушкили дигар ин аст, ки дар ин ҷо иститути хонадоршавии классикӣ, яъне падару модар, ки мерафтанд дархости хешӣ мекарданд, он ҳам аз байн меравад. Бинобар ин мардум солҳои тӯлонӣ муҷаррад мондаанд.”

Ҳоло ҷомеашиносони тоҷик дар Маскав ин мушкили ҷавононро таҳқиқ ва бо ширкати ҷавонон маҳфилҳо барпо мекунанд, то заминаи ошноӣ ва ба ҳам омадани ҷавонон густардатар шавад. Боғшоҳи Лашкарбек мегӯяд, вақтҳои охир дар Маскав ва шаҳрҳои дигар ҷавонон арӯсиҳо барпо мекунанд. Вале он қатрае аз баҳр аст ва бо ин чанд намуна мушкили дур мондани духтарони муҳоҷир ва ҳатто писарони муҳоҷир аз издивоҷ ҳамчунон боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG