Пайвандҳои дастрасӣ

Тайи панҷ моҳи охир аз сӯи мақомоти давлатии вилояти Хатлон падарии беш аз 5300 тифл муайян шудааст.

Садафмоҳ, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, мегӯяд, азбаски духтару домодаш бо ҳам ақди никоҳи давлатӣ надоштанд, оилаашон зуд вайрон шуд ва фарзанду наберааш пушти дари хонаи шавҳар мондаанд. Ӯ афзуд, домодаш ҳатто аз парастории фарзанди худ даст кашида, ҳамсарашро низ аз тамоми молу мулки хонавода маҳрум кардааст.

"Духтарам хонавайрон шуду азбаски ЗАГС надошт, як сол даводав карда, азоби бисёре кашид, то санадҳои муқаррар кардани падарии тифлашро дуруст кунад. Баъд аз саргардониҳои зиёд шавҳараш ба супурдани алимент розӣ шуд. Фарзанд беморӣ дорад, нигоҳубинаш хароҷот мехоҳад, духтарам, ки кор намекунад, барояш танҳо тарбия кардани кӯдак мушкил аст. Гап задем, гуфтанд, ки зӯратон, ки ба парасториаш нарасад, бурда фарзандашро партоед. Охир, домодам аз фарзандаш рӯ тофтааст, боз ман чӣ хел духтарамро аз фарзандаш маҳрум кунам, ба як дардаш дарди дигар афзоям?",-мегӯяд бо алам Садафмоҳ.

Саодат Сироҷова

Саодат Сироҷова

Духтари Садафмоҳ таҳсилдида нест ва касе аз хонаводаи ӯ қабл аз издивоҷ ҳам тақозои сабти ақди никоҳ дар мақомоти давлатиро накардааст, ки дар ниҳоят ба нақзи ҳуқуқу манфиатҳои ин зани ҷабрдида ва фарзанди расман бепадари ӯ оварда расонидааст. Ин дар ҳолест, ки дар давоми соли ҷорӣ қариб 5,5 ҳазор тифл дар вилояти Хатлон бе ақди никоҳи расмӣ зода шуда ва модарони ин атфол ба шӯъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС муроҷиат кардаанд, то онҳо сабти ном гарданд.

Саодат Сироҷова, масъули идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилояти Хатлон, гуфт, тайи панҷ моҳи охир аз сӯйи мақомоти давлатӣ сабти муқаррар кардани падарии беш аз 5300 тифл анҷом шудааст. Хонум Сироҷова сабабҳои таваллуди кӯдакони беникоҳро нодида гирифтани қонунҳо арзёбӣ мекунад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, "дар ин миён ҳастанд ангуштшумор кӯдаконе, ки дар натиҷаи ҳомиладоршавии номатлуб зода шудаанд, ё аз ҳамсарони дувум, ки намехоҳанд исми падари тифл дар ҳуҷҷат сабт шавад, ё онҳое, ки дар мавзеъҳои дурдаст, ноҳияҳои кӯҳистонӣ таваллуд мекунанду саривақт шаҳодатномаи таваллудро ба даст намеоранд."

Хонум Сироҷова ҳамчунин гуфт, бар асоси қонуни Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо нахуст ақди никоҳи давлатӣ ё маросими ЗАГС бояд сурат бигирад ва баъдан никоҳи шаръӣ шавад. Аммо равоншинос Малоҳат Усмонова бар ин назар аст, ки қонуни танзим агар ҳам то ҷое барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат кард, аз сӯи дигар, барои нақзи ҳуқуқи занон аз ҷониби мардҳо заминаи дигаре фароҳам овардааст

Малоҳат Усмонова

Малоҳат Усмонова

Вай илова кард, "тибқи мушоҳидаҳои мо, пас аз қабули қонуни танзими анъана, мавридҳои азҳампошии оилаҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳамчунин хатарҳои марбут ба ҷудошавии оилаҳо низ афзудааст. Шояд ба сабаби маърифати начандон баланди шаҳрвандон, шавҳарҳо, ё хешу табори онҳо ба арӯси хонавода таҳдид мекунанд, ки акнун тӯйкунӣ осон шуд, агар тибқи хостаи мо амал накунӣ, туро раҳо карда, ҷоятро ба арӯси дигар медиҳем. Як зани солманд ба назди банда омада гуфт, "ҳоло бо 150 нафар тӯй кардан мумкин, 10-20 кило биринҷро дам партофта, зан гирифтан мумкин. Зангирӣ осон шуд, духтарон бепул шуданд."

Дар ҳамин ҳол, Сафармоҳ Мирзоназарова, корманди маркази бӯҳронии занони шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, афзоиши мизони муқаррар кардани падарӣ аз сӯйи мақомоти расмӣ нишонаи ривоҷи беҳуқуқӣ ва заъфи кори ниҳодҳои давлатист, ки барои пойдории оилаҳо ва кӯмаки иҷтимоӣ ба онҳо талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд. Хонум Мирзоназарова афзуд, "баъзе мардҳо, шояд бо маслиҳати ақрабо, дидаю дониста ақди никоҳи расмиро бо арӯсонашон намебанданд. Зеро мутмаин нестанд, ки оилаи солим барпо карда тавонанд. Фикр мекунанд, агар никоҳашонро дар шӯъбаи САҲШ (ЗАГС) ба қайд бигиранд, зан аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор шуда, дар сурати ҷудошавии оила ба қисмате аз молу мулк даъво карданаш мумкин."

Ҳоло аз тамоми рӯҳониён ва имом-хатибони масоҷиди вилояти Хатлон тақозо шудааст, ки қабл аз анҷом додани маросими никоҳи исломӣ, аз навҷавонон нишон додани хатти ақди никоҳи давлатиашонро талаб кунанд. Яъне, агар домуллое маросими никоҳи исломии ҷуфтеро бидуни бастани ақди никоҳ ва сабтином шудан дар яке шӯъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ анҷом диҳад, ба муҷозот кашида хоҳад шуд. Мақомот умедворанд, ин иқдом мизони азҳампошии оилаҳоро поин бурда, барои таҳкими оилаҳои ҷавон ва боло бурдани сатҳи масъулиятшиносии зану мард мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG