Пайвандҳои дастрасӣ

Савринисо, як зани тақрибан 45-солаи тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди фарқиятҳои зиёд дар табъу завқ ва хислату ғаризаҳои шахсӣ, 25 сол аст, ки бо шавҳараш зери як бом ба сар мебарад.

Ба хотири чаҳор фарзандон ва ҳимояти оила аз гапи мардум ӯ ба ҳама чиз чашм пӯшидааст ва тавре вонамуд мекунад, ки аз зиндагиаш розӣ аст.

«Бо хости волидон издивоҷ кардаам, интихоби худам набуд. Аз ҳам тафовутҳои зиёде доштем, шавҳарам хеле камсӯҳбат аст, характерамон ҳам ба ҳам муносибу мувофиқ нест. Албатта, мушкил аст, вақте бо як нафаре зиндагӣ мекунӣ, ки бо ӯ ягон наздикӣ надорӣ, вале вақте фарзандон ба дунё меоянд, дигар ба хотири онҳо маҷбурӣ оиларо нигаҳ дорӣ, сабр кунӣ, аз худ гузарӣ ва барои онҳо зиндагӣ кунӣ. Бо ҳаминҳо овора, як вақт мебинӣ, ки умр ҳам гузаштааст.»

Ҷомеашиносон бар инанд, ки наздик ба 70 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон мисли ин хонавода, на бар пояи муҳаббату самимият, балки бо хости волидон бунёд мешаванд.

Зану шавҳар якдигарро аввалин бор аз наздик шаби никоҳ зери чодари арӯсӣ мебинад. Онҳо аз дунёи ҳамдигар бехабаранд, аз табъу завқ ва фикру андешаронии якдигар огоҳ нестанд, вале ба ҳам мепайванданд. Агарчи мисолҳое ҳам ҳаст, ки бархе аз чунин ҷуфтҳо баъдан бо ҳам мувофиқ омадаву зиндагии хуше пушти сар мекунанд, вале гуфта мешавад дар аксар ҳолат чунин хонаводаҳо ба таври воқеӣ хушбахт нестанд. Ҳамсарон бо сабаби дурии хислату завқи ҳамдигар ва нобаробариҳои иҷтимоӣ як ҳамзистии сунъиро дар пеш мегиранд ва ҳарду аз ин ҳолат азоб мекашанд.

Ҳуринисо Ғаффорзода

Ҳуринисо Ғаффорзода

Ҳуриниссо Ғафорзода, сарвари як созмони иҷтимоӣ, ки бо занон ҳам сару кор дорад мегӯяд, дар як пажӯҳиш рӯшан сохтааст, ки дар аксар хонаводаҳо байни зану мард самимият вуҷуд надорад. Занҳо дар ин заношӯӣ хушбахт нестанд ва ҳамзистияшон маҷбурист:

“Аксаран мардҳо барои хушбахт кардани зан талош намекунанд. Муҳаббату меҳрубониро фаромӯш кардаанд ва масъулияти худро танҳо дар таъмини зану соҳиби хонаву дар кардани онҳо медонанд. Аксарият мегӯянд, ман барои ӯ хона кардам, ишкамаш гурусна нест, фарзанд дорад, таъмин аст, боз чӣ намерасад? Вале аз нигоҳи равонӣ ва эҳсос гӯем агар, масалан ин, ки мард барои зан суханҳои хуб бигӯяду сари як дастурхон нишаста бо ҳам сӯҳбату меҳрубонӣ кунанд, ин чиз мутаассифона хеле кам дида мешавад. Аз ин рӯ занҳои мо дар дунёи худ танҳо мепечанд ва аксарияти онҳо ба зиндагӣ маъюсона нигоҳ мекунанду навмед мешаванд.»

Марҳабо Зунунова, раҳбари маркази «Издивоҷ ва оила» мегӯяд, ба назар гирифтани сатҳи иҷтимоӣ ва фарҳангии зану мард ҳангоми издивоҷ бисёр муҳим аст ва ба қавли ӯ, ҳамин нобаробарӣ имрӯз як омили аслии набуди хушбахтӣ дар муносиботи зану шавҳар шудааст:

«Масалан, имрӯз бачаҳое, ки дар хориҷа таҳсил кардаву дар муҳити онҷо унс мегиранд ва ё дар муҳити шаҳр ба воя мерасанд, бо хости волидон бо духтарҳо аз деҳот издивоҷ мекунанд, албатта зиндагии шаҳр аз деҳот тафовут дорад ва дунёи онҳо ҳам аз ҳам фарқ мекунад ва ё масалан духтареро, ки каме сину солашон боло рафт, волидон аз тарси он, ки пирдухтар мешавад, ба ҷавони пешомада, бемаълумоту аз ҳар ҷиҳат аз духтар фарқдошта ба шавҳар медиҳанд, ки ин ҳама албатта метавонад баъдан ба ҳамин мушкилиҳо расонад, ки зану шавҳар дар баробари дигар масоил дар мавриди муносибатҳои наздику маҳрамона ҳам ба ҳам мувофиқ намеоянд».

Дар чунин ҳолат, ба ақидаи равоншиносон, зиндагии зану мард бо мушкилӣ мегузарад ва ба вижа занон, ки табиатан романтик ё эҳсосотӣ ҳастанд, рӯҳан азоб Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

мекашанд, вале аз зоҳир кардани мушкили худ шарм медоранд.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ин ҳолат дар шароити мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ метавонад паёмадҳои бадеро дар пай дошта бошад.

«Ғаму ғуссахӯриҳои бардавом онҳоро дамдузду дарундор ва афсурдаҳолу бемор мекунад. Дар бархе аз ҳолатҳо ҳамин ғуссахӯриҳо ва сабру таҳаммул ба он дараҷа меасонад, ки ҳиссиёт аз ақл боло мегирад ва таҷрибаҳо нишон додаанд, ки майли худкушӣ одатан дар вуҷуди ин хел шахсон ҳам пайдо мешавад.»

Вале, гуфта мешавад ин тафовутҳо ва номувофиқӣ на танҳо дар хонаводаҳое ба назар мерасад, ки бидуни муҳаббату шиносоии қаблӣ бунёд шудаанд. Дар ҳаёти чуфтҳое ҳам, ки худ ҳамдигарро интихоб кардаанду, гӯё дар асоси ишқу муҳаббат оила барпо кардаанд, баъзан ин мушкил эҳсос мешавад.

Ва аммо Нозигул, ки 20 сол пеш ба ҷавони хушкардаи худ издивоҷ кардааст, мегӯяд, бо ҳамсари интихобкардаи худ то ба имрӯз хушбахт аст. Онҳо дар як ҷо таҳсил кардаву бо ҳам аз қабл ошно будаанд. Нозигул мегӯяд, табъу хислати ӯ бо ҳамсараш аз бисёр ҷиҳат мувофиқат мекунад. Ба қавли ин хонум, муҳаббату самимият дар муносибати зану шавҳари барои зан хеле муҳим аст ва ин ҳам дар кору фаъолияти онҳо дар ҷомеа ва ҳам дар тарбияи фарзандон таъсиргузор аст.

«Вақте, ки дар зиндагӣ ё дар корам ягон мушкилу нофаҳмие мешавад, ҳатман аввал аз шавҳарам машварат ва роҳи ҳал мепурсам. Ӯ ҳамеша бо ман асту машваратҳои муфид медиҳад, мо аз ҳама мушкилоти якдигар бохабарем. Интихоби мо ба ҳам хеле наздик аст. Хушбахтии худро ҳам ман дар ин мебинам. Хушбахтам, ки шавҳари меҳрубоне дорам, ки дар ҳар ҳолат маро дарк мекунад. Ва фикр мекунам, ӯ низ бо ман хушбахт аст».

Чӣ бояд кард то сафи чунин занони хушбахту оилаҳои дар воқеъ солиму зебо зиёд шавад? Равоншинос Азиза Мансурова мегӯяд, барои пеш наомадани мушкилот дар хонаводаҳо ва муносибатҳои занушавҳарӣ, ки сабабшро ӯ дар нобаробарии ташаккули маърифатии занону мардон медонад, бояд мисли солҳои пеш дар мактабҳо дарсҳо дар мавзӯи психологияи ҳаёти оилавӣ ба роҳ монда шавад.

«Мешавад, ки дар мактабхо ба ҷавонписарону духтарон дар бораи ҳаёти оилавӣ дарсу сӯҳбатҳо гузаранд ва ба онҳо масалан роҳҳои чӣ тавр тадриҷан ба худ одат кунонидан, ба ҳамдигар мутобиқ гардонидани хислатҳо омӯзонида шаванд, ки ин албатта барои устувории оила ва хушбахтии зиндагии зану шавҳар мусоидат мекунад».

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, вазъи равонӣ дар оила аксаран сабаби фурӯпошии оила ё ба зани дуввум рӯ овардани мардон мешавад. Равоншинос Мансурова машварат медихад, ки мардон бояд ҳарчи бештар даричаи дили худро барои бонувонашон бикушоянд ва ба садои дили онхо гӯш бидиҳанд, то оилаи худро солиму устувор нигаҳ доранду фарзандонашон ҳам дар оғӯши падару модар, дар оилаи хушбахт ба воя расанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG