Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҳрони Хоруғ ва мушкили қумандонсолорӣ


Хоруғ баъд аз амалиёти низомӣ

Хоруғ баъд аз амалиёти низомӣ

Буҳрони Хоруғ ин суолро ҳам халқ мекунад, ки оё қумандонсолорӣ дар Боми ҷаҳон кай ба поён хоҳад расид?

Парвандаҳои нашркардаи додситонӣ ва Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир аз қочоқи маводи мухаддиру сигор то фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва ҳатто қочоқи занону духтаронро дар Бадахшон ба номи Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шоҳмусалламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров рақам зада, онҳоро муртакиби ҷиноёте, чун роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва ҳатто куштор ҳам ном мебаранд.

Аробачаи маъюбӣ ва корвони мошинҳои Имомназар

Дар ин маводи нашршуда силсилаи мағозаҳо дар Хоруғу меҳмонсароҳои дар Гармчашмаву Ҷелондӣ ва Ишкошим сохтаи қумандонҳои Бадахшон ва ҳам корвони мошинҳои “Прадо”-ву “Ланд Крузер”-у “Мерседес” ва ҳатто мошинҳои “КАМАЗ”-и онҳоро як-як баршумурдаанд. Аз ин парвандаҳо чунин бармеояд, ки қудрати амалӣ дар Боми ҷаҳон дар тӯли ин ҳама сол дар дасти ҳаминҳо қарор дошт ва қумандонҳои мағрур ба нуфузи худ давлатро аслан писанд намекарданд ва чандин бор аз гиребони қозиён гирифта, додситони вилоятро дар ҳуҷраи кораш ҳатто лату кӯб ҳам кардаанд.

Аммо пас чаро ин қадар сол давлат ба аъмоли ин чанд фармондеҳи саркаш аз паси панҷа менигарист? Ё инҷо муомилаҳое дар байн ҳаст, ки ту ба ман нарас, ман ба ту намерасам?

Бунафша Одинаева, муовини раиси Оҷонси зидди маводи мухаддир гуфт, ончӣ ки нашр шуд, танҳо маводи коркарди фаврист, ки ҳанӯз парванда нашудааст: “Дар он минтақа бениҳоят душвор аст анҷом додани чунин кор. Ҳам аз рӯи менталитети мардумаш ва ҳам ба далели мушкилоти иқлимӣ. Онҳо аз ҳамон Хоруғу Ишкошим қариб берун намераванд. Вагарна маълумоти фаврӣ ҳам буд, маводи дигар ҳам буд, вале мутаассифона, ин корро то охир бурда натавонистанд.”

Бозие, ки ҳоло аз гиребони худи давлат гирифтааст

Атобеки Амирбек, раҳбари “Лаъли Бадахшон”, аз гурӯҳҳои сиёсии матраҳ дар даҳаи 90 ва узви зеркуммиссиюни низомии Куммиссиюни оштии миллӣ, ки дар раванди ҷалби ҷангиёни Бадахшон ба воҳидҳои давлатӣ ширкат дошт, мегӯяд, мақомот дар таърифи нуфузи қумандонҳои Хоруғ ба муболиға роҳ медиҳанд, вале дар асл далели нуфузи қумандонҳои собиқ дар ҷомеа ин буд, ки мардум аз ин афроди ба ном “ҷинояткор” мунтазири адолат ва инсофи бештар буданд, то аз мақомоти ба фасодкорӣ бадномшудаи маҳаллӣ: “Мардум ба ягон кас муроҷиат мекунад, ки ягон кораш буд шавад. Агар мақомоти расмӣ мушкилоти мардуми вилоятро ҳалл мекарданд, касе пеши ин нафарони, ба истилоҳ “ҷиноятпеша” намерафт, албатта.”

Толиб Айёмбеков (Акс аз Би-би-сӣ)

Толиб Айёмбеков (Акс аз Би-би-сӣ)

Атобеки Амирбек мегӯяд, ироаи имтиёзҳои фаровон ба фармондеҳон як бахши бозие буд, ки ҳукумат баъд аз сулҳи соли 1997 ба хотири тазъифи раҳбарони сиёсии мухолифин пеш бурд ва имрӯз натиҷаҳои ҳамон бозист, ки дар Хоруғ аз гиребони худи ҳукумат гирифтааст: “Ҳамон вақт сиёсате мерафт, ки қумандонҳоро ба тарафи худ кашанду раҳбарони сиёсиро канор бизананд. Толиб Аёмбеков, ки имрӯз гунаҳкори асосӣ ҳисобаш мекунанд, худ фармондеҳи нирӯҳои марзбонист. Чанд сол боз! Агар ҷинояткор буд, чаро кораш гирифтанд? Чаро ба маҳкамааш накашиданд?”

“Раисиҷумҳур ОК дода буд”

Ба гуфтаи таҳлилгарон, қочоқи сангҳои қиматбаҳои зумруду ёқут, воридоти низ қочоқии сигори навъи “Pine”, ки низ ба номи Толиб Айёмбеков рақамаш мезананд ва ба гуфтаи мақомот, маҳз боздошти як фура сигор дар роҳи Кӯлоб сабаби баҳси ӯ бо раҳбари идораи амнияти миллӣ дар Бадахшон Абдуллоҳ Назаров ва қатли ин генерал дар таърихи 21 июл шуд, бидуни пуштибонӣ ва ҳамдастии афроди қудратманде дар Душанбе имкон надошт.

Мамадшоҳ Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд: “Инҳо солҳои дароз ба ҷинояткорӣ ва ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд ва мутаассифона, баъзе намояндагони идораҳои қудратии мо низ бо инҳо ҳамкорӣ мекарданд ва ҳар дафъа аз гуноҳашон мегузаштанд, ки оқибаташ чунин шуд.”

Худи Толиб Айёмбеков ҳам дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба ин тиҷоратҳои қумандонҳо шахсан раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “ок” дода буд, вале ба ин шарт ки дигар ба қочоқи маводи мухаддир ё силоҳ даст назананд.

Тарс аз интиқом ё?..

Раҳбари собиқи пулиси яке аз навоҳии Бадахшон гуфт, як далели нокомии давлат дар муҷозоти фармондеҳони ин минтақа худдории мардум аз ҳар навъ шикояти расмӣ ба мақомот аст, ки ба ақидаи ӯ, агар як иллаташ тарс аз интиқоми гурӯҳҳои силоҳбадаст бошад, далели дигараш фарҳанги дар Бадахшон роиҷи авлодист, ки ба ҳалли баҳсҳои бархоста дар чорчӯби авлоду русто бартарӣ медиҳад.

Саъдуллоҳ Раҳматуллоев, раҳбари идораи иттилоотиву таҳлилии Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳар вуҷуд, ҷамъоварии маълумот дар бораи аъмоли қумандонҳои Бадахшон ҳамчунон идома хоҳад ёфт ва рӯзе ин ҳама ба сурати парванда ба дасти додгоҳ хоҳад расид: “Ҳар ниҳод нисбат ба ҳар кадоми онҳо кор мекард ва кор карда истодааст. Буданд, албатта, ҳолатҳое, ки бо силоҳ омаданд, коргарони додситониро заданд, дару шишаи додгоҳро шикаста, қозиҳоро маҷрӯҳ карданд. Нисбат ин ҳама аъмол парванда боз карда буданд, вале ба хотири ин ки хунрезӣ нашавад, ҳар дафъа қарор мекарданд, ки бо роҳи хубӣ оварда, яроқашонро супоранду тамом.”

Бо ин ҳол, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, тавофуқи ҳосилшуда дар Хоруғ ба мақомот супурдани танҳо Толиб Айёмбеков ва ду гумонбари дигар дар қатли Абдуллоҳ Назаровро дар назар дошта, аз ҳисоби зердастони 3 қумандони дигар бояд акнун як горди масъули амнияти минтақаро таъсис диҳанд. Яъне идомаи ҳамон ҳукми ҷангсолорон, ки дар манотиқи дигари ҷангдидаи Тоҷикистон кайҳо ба поён омада, дар Бадахшон 20 сол боз ҳамоно идома дорад. Аммо ба гуфтаи як мусоҳиби мо, поёни даврони боевикҳо дар он манотиқе ҳам, ки ин саҳифаро пӯшонданд, амният овард, вале адолати бештар надод. Фақат ин ки тиҷоратҳои пурфоидае, аз назорати бозору бонкҳо сар карда то фурӯши алюмину тило, ки қаблан ба қумандонҳо “доля” месупурданд, дар гӯшаҳои аз боевикҳо халосхӯрдаи кишвар акнун зери чатри маҳкамтари пайвандони раисиҷумҳур гузаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG