Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"СПАД ба умури Тоҷикистон дахолат нахоҳад кард"


Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, гуфтааст, вазъи дар Хоруғ баамаломада "кори дохилии Тоҷикистон аст".

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба умури Тоҷикистон дахолат нахоҳад кард. Б аин маънӣ рӯзи сешанбе, 31-уми июл, дар шаҳри Минск дабири кулли СПАД Николай Бордюжа изҳоре пахш кард ва гуфт, ҳаводиси ахири Тоҷикистон "хусусияти дохилӣ дошта", нерӯҳои СПАД ба умури ин кишвар дахолат нахоҳанд кард.

Ӯ афзудааст, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавони инро доранд, ки бидуни кӯмаки хориҷӣ вазъи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро ба назм дароранд. Рӯзи сешанбе президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар мулоқоташ бо Бордюжа дар шаҳри Минск иброз дошт, ки ба ақидаи вай СПАД бояд дар робита ба ҳаводиси Тоҷикистон аксуламал нишон диҳад.

"Тоҷикистон узви созмон аст ва вазъ оддӣ нест",-гуфт Лукашенко дар сӯҳбат бо дабири кулли СПАД Николай Бордюжа.

Раисиҷумҳури Беларус гуфтааст, қабл аз ҷаласаи навбатии СПАД, ки дар моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст, мехоҳад мавқеи Бордюжаро дар мавриди вазъи ахири Тоҷикистон бишунавад.

Дабири кулли СПАД дар навбати худ оид ба бад шудани авзоъ дар Бадахшони Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, "вазъ дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешин бадтар мешавад. Тоҷикистон низ яке аз ин кишварҳост. Вазъи дар Тоҷикистон ба амал омада далели афзоиши ҳаводиси нохуш аст."

Ин гуфтугӯҳо дар ҳолест, ки қаблан Толиб Аёмбеков, нафаре, ки ҳукумати Тоҷикистон ӯро дар куштори сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров муттаҳам мекунад, дар Интернет изҳороте пахш карда гуфтааст, ки қазияи Хоруғ бояд бо ҷалби кишварҳои узви СПАД ҳалли худро пайдо кунанд.
То ҳол ба ин изҳороти Аёмбеков на мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва на кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Русия, ки яке аз аъзои калидии ин созмони минтақавии амниятӣ маҳсуб мешавад, посухе надодаанд.

Дар амалиёти рӯзи 24 июл дар шаҳри Хоруғ, ки ба хотири боздошти муттаҳамони куштори генерал Назаров роҳандозӣ шуд, дасти кам 42 нафар, аз ҷумла, 12 низомӣ ва 30 силоҳбадаст кушта шудаанд. Амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ барои боздошти гумонбарони аслии ин куштор ҳамоно идома дорад, вале маҳалли буду боши Толиб Аёмбеков ва муттаҳамони дигар мушаххас нест.


Дар вокуниш ба рӯйдодҳои ахири Хоруғ як қатор кишвар ва созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Русия, САҲА, Human Rights Watch ҳалли қонунии қазияро тақозо кардаанд.
XS
SM
MD
LG