Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои занони Хоруғ: “Нерӯҳо аз УПД берун шавед!"


Гурӯҳе аз занон дар Хоруғ, аз ҳузури Гурӯҳи таъйиноти махсус дар маҳаллаи "УПД"-и ин шаҳр норозигӣ карданд.

Беш аз 100 зан дар маҳаллаи "УПД"-и шаҳри ҷамъ омада, аз нерӯҳои давлатӣ хостаанд, ки аз ин маҳал берун шаванд, то сокинон ба зиндагии осудаи худ идома диҳанд.

Бархе аз занони таҷаммӯъкарда мегӯянд, вуҷуди ин нерӯҳо ба эҳтимоли зиёд метавонад боиси сар задани ҳар гуна дасиса шавад, ки мояи нигаронии онҳост. Ба ин далел, занон талаб доранд, ин нерӯҳо ба қароргоҳи аслии худ -- маҳаллаи "Селхозтехника"-и назди фурудгоҳи Хоруғ баргарданд.

Ин дар ҳолест, ки Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, субҳи рӯзи сешанбе, 31-уми июл, дар мулоқот бо фаъолони шаҳр, ки бо ҳузури бо вазири дифои Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҳодисаҳои "зиёдаравии нерӯҳои гурӯҳи таъйиноти махсус" изҳори нигаронӣ кардааст.

Нерӯҳои гурӯҳи таъйиноти махсуси ҳукуматӣ аз оғози амалиёт дар як ҳафтаи қабл дар маҳаллаи "УПД", бахусус дар манзилҳои истиқоматӣ, кӯдакистон ва биноҳои нотамом мустақар мебошанд. Ин маҳаллаест, ки дар пайи амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ бештарин талафоти ҷониву молиро мутаҳаммил шудааст.

Афзун бар ин, дар пайи амалиёт чандин нафар аз ҷавонони ин маҳал бедарак шудаанд, ки то кунун пайвандон дар ҷустуҷӯи онҳо мебошанд.

Шерӣ Карамхудоев, раҳбари созмони Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) дар Хоруғ, аз ҷумлаи афроди бедарак аст, ки ба гуфтаи пайвандонаш субҳи 24-юми июл ба дунболи оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ аз хона берун шуда, то кунун хабаре аз ӯ нест. Худи ҳамон рӯз Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари вилоятии ҲНИТ, низ аз хона берун шуда ва ҷасади вай танҳо пас аз ду рӯз дар мавзеи "Қалъа" пайдо шудааст.
XS
SM
MD
LG