Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон рӯйдодҳои ахири Хоруғро бо гунаҳои мухталиф арзёбӣ мекунанд.

Дар фазои ҳассосе, ки амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон ба миён овардааст, коршиносон мегӯянд, ин иқдом аз рӯи фурсати интихобшуда ва шеваи иҷро ҳисобшуда ва мантиқӣ набудааст.

Аксари онҳо бар инанд, ки муваффақияти амалиётҳои гузаштаи нерӯҳои давлатӣ дар тирамоҳи соли 2010 дар Рашт, як сол пеш аз он дар Тавилдара ва ҳам боздошти Сӯҳроб Лангариев дар соли 2008 дар Кӯлоб, “мошини ҳарбӣ”-и Тоҷикистонро мутмаин кардааст, ки дар ҳалли ҳама гуна мушкил метавон аз зӯр истифода кард ва дастболо гашт.

Сарҳанг ё полковники мустаъфии Вазорати дифои Тоҷикистон Хайрулло Ҳайдаров, ки қаблан дар зеркумиссияи низомии Кумиссюни оштии миллии Тоҷикистон фаъолият дошт, мегӯяд, амалиёти Хоруғ низ аз ин лиҳоз ҳеҷ нуқсе надорад: «Ман фикр мекунам, ки ин амалиёт ба ҷо буд, онҳо ба даъвати ҳукумат барои муросо эътибор надоданд, ҳукумат қабл аз он, ки ба ин амалиёт даст занад, ба ин гурӯҳҳо фурсати фикр кардан дод ва чандин музокираҳо сурат гирифт, аммо вақте ки писанди он афрод нагашт, сипас даст ба амалиёти низомӣ бурд».

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон.

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон.

Сарҳанг Ҳайдаров таъсири эҳтимолии ҳама гуна омилҳои дигарро дар ин робита рад кард ва ба пурсиши ин, ки оё бо назардошти фарқиятҳои қавмию мазҳабию забонӣ, вазъи геополитикии минтақа, ҳаммарзии Бадахшон бо Афғонистони ноором, баҳси давомдори Душанбе ва Маскав сари пойгоҳи ҳарбии Русия, муносибатҳои сард бо Узбакистон, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии худи кишвар ҳисобшуда ва мантиқист, посух надод.

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ки воқеан, аксари кулли ҳассосиятҳои минтақа ба эътибор гирифта нашудааст: «Вазъият бо ҳамсояҳо хуб нест. Бо Русия ҳам муносибати шаффофу рӯшан надорем. Ҳарчанд мегӯем, ки шарики стратегии мо мебошад, мутаассифона ин хел нест. Душманони давлати мо кам нестанд. Боз гурӯҳҳое пайдо мешуданду мушкилоти дигар ва дасисаҳои нав эҷод карда мешуд.»

Бархе аз коршиносон мегӯянд, агар ҳукумат тавонист амалиёти Раштро як иқдоми зиддитеррористӣ ҷилва диҳад ва зоҳиран, барои ин далелҳо низ дошт, гумон аст, тафсири боварбахши ҳамсоне барои айни амалиёт дар Хоруғ ёфта шавад. Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, амалиёти Хоруғ метавонад гурӯҳи хурду ночизи саркашро ба нерӯи бузургтаре, ки аз мардум намояндагӣ кунад, табдил диҳад:

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

«Қумандонҳои маҳаллӣ дар Бадахшон ба ҳаёти сиёсии ин ҷо таъсири ҷиддӣ надоранд. Ва Бадахшон ҳам дар ҷанги дохилӣ бевосита ҳамроҳ набуд. Қумандонҳои ин минтақа бештар дар ҳаёти иқтисодӣ таъсир доштанд. Ва бидуни ошноӣ бо вазъи аслии ин минтақа, оғоз кардани амалиёти низомӣ дар ҷойи қумандонҳои кӯчак як гурӯҳи бузурги мухолифинро ба вуҷуд меорад. Ин амалиёт ба назари ман иштибоҳ буд.”

Дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон Бадахшон паноҳгоҳи ҳазорон нафар аз помириёне буд, ки аз саҳнаҳои ҷанг дар водиҳои Вахшу Ҳисор фирор карда буданд. Ва дар ин давра Хоруғ ба пойгоҳи асосии мухолифон табдил ёфта, муддати дароз ҳамзистии мухолифон бо ҳукумати расмӣ таҷриба шудааст.

Бадахшон ягона минтақае буд, ки дар давраи баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди тазоҳуроти мардум гашт ва гирдиҳамоиҳои солҳои 2008 ва 2011 баёнгари рӯҳияи аҳолӣ буда метавонанд. Дар ин замина муносибатҳои байниҳамии Помир ва ҳукумати марказӣ начандон гарм ва қобили эътимод будаанд. Акнун чунин амалиёт, ҳарчанд дар посух ба қатли мақоми баландпояи ҳукумат ҷараён гирифтааст, он бегонагиро амиқтар мекунад.

Султони Ҳамад, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки дар ин амалиёт мақомоти қудратии кишвар ба сурати умум арзишҳои этникии мардуми Хоруғро сарфи назар кардаанд: «Шумо фаромӯш накунед, ки дар он сӯи дарё, яъне дар рӯ ба рӯи Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ

Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ

Шуғнони Тоҷикистон дар тарафи Афғонистон ҳам Шуғнон аст. Ва сокинони аслии Хоруғ шуғнониҳо мебошанд. Вақте хабар дода шуд, ки чанд афғон боздошт шуд, гумони ғолиб ин аст, ки онҳо шуғониҳои он тарафи рӯдхона ҳастанд. Ва бадеҳӣ аст онҳо кӯмак хоҳанд кард. Дигар ин, ки мазҳаби ин мардум фарқ мекунад. Аммо дар ин амалиёт ба ин ҳассосияти этникӣ эътибор дода нашуд, ки худо нахоста метавонист вазъро боз ҳам вахимтар кунад.»

Иттифоқан, хабарҳои нигаронкунанда аз Хоруғ ҳазорон нафар аз зодагони Бадахшонро дар Русия ва кишварҳои дигар ба ҷунбиш овард ва бархе аз нерӯҳои Русиягарову ҷудоиталаб низ талош карданд, аз ин вазъ сӯистифода кунанд. Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, коршиноси тоҷик мегӯяд, агар амалиёт қатъ нашавад, бо назардошти вазъи ҳассоси минтақа, метавонад Тоҷикистонро ба нооромиҳои давомдор ва харобиовар кашонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG