Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи манобеъи мо дар Бадахшон субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳафт сокин, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ду мард ва як зан кушта шудаанд.

Ин ҳодиса дар маҳаллаи Хлебзавод - маркази шаҳри Хоруғ рух додаст ва то ҳанӯз маълум нест, ин афрод аз кадом ҷониб ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, вазъ, ки аз субҳ нисбатан ором ба назар мерасид, аммо рӯ ба ташаннуҷ дорад, зеро ба гуфтаи ин манбаъ, аксари мардуми Хоруғ ба кӯчаҳо баромаданд ва нисбати амалиёти нерӯҳои давлатӣ эътироз карданд. Айни ҳол теъдоде аз сокинони шаҳр дар назди бинои ҳукумат ва Раёсати амнияти миллии вилоят ҷамъ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, ки дирӯз ба баргузории амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ иҷоза дод, имрӯз онро «иштибоҳ» хонда ва гуфтааст, ки баробари ба эътидол омадани вазъ, вай аз мақомаш канор меравад.

Дар ҳоли ҳозир ҳаракат миёни навоҳии Рӯшону Ишкошим боз шудаааст ва мардуми осоишта аз Хоруғ иҷоза хориҷ шудан доранд, аммо вуруди онҳо ҳанӯз мамнуъ аст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар ин бора, ки шаби гузашта вазъи ин шаҳр чӣ гуна буд, иттилое надоданд, вале хабари захмӣ шудани додситони низомӣ – Хайрулло Саидовро таъйид карданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи кушта шудани 200 нафар дар амалиёти Хоруғро рад кард. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумита дар тамос бо «Озодӣ» дар такзиби ин хабар гуфт, ин рақамҳои хеле зиёд нишон дода шуда, ҳадафашон таҳрифи воқеият аст.

Тибқи иттилои бархе аз манобеъ дар мақомоти маҳаллӣ, рӯзи сешанбе мақомоти низомӣ назорат бар гурӯҳи таъиноти махсусро барои чанд муддат аз даст доданд. Аммо гуфта мешавад, ки баъди дахолати мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ин минтақа оташбас эълон шуд ва авзо низ оромтар гардид.

Дар бораи мӯҳтавои гуфтугузори намояндагони мақомот ва мардум бо вазири дифоъ Шерали Хайруллоев журналист Таҷаммулшоҳи Акобиршо мегӯяд:

"Шералӣ Хайруллоев аз номи президент изҳори хушнудӣ кардааст, ки намояндагони мардум ба хотири оташбас ва эътидоли авзоъ бо комиссияи ҳукуматӣ дар музокира шуданд. Намояндагони мардум тарафи ҳукуматро муттаҳам карданд, ки ҷониби ҳукумат ваъда дод, ки субҳи рӯзи 24 июл ба хотири ҳалли мусолиматомези қазия бори дигар бо мардум ҷаласа баргузор мекунанд, вале ҷониби ҳукумат аҳдшиканона субҳи 24 июл амалиёти низомиро якбора дар се маҳаллаи шаҳр Хлебзавод, УПД ва Бархоруғ шурӯъ карданд".

Мақомот интизор буд, ки амалиётро дар ду-се соат ба анҷом мерасонанд, вале он бинобар муқовимати сахт ба дарозо кашида, бо нигаронӣ аз талафот ва хисороти зиёд ба биноҳо, сокинон рӯҳияи зидди ҳукуматӣ пайдо карда, ба кӯчаҳо баромаданд ва ба бунёди сангарҳо пардохтанд. Ҳамчунин теъдоди зиёди мардум дар назди бинои Раёсатии амнияти миллӣ гирд омада буданд.

Вазири дифоъ то соати 14-и 25 июл оташбас эълон кардааст. Дар ин муддат бояд арқоми дақиқи талафшудагон муайян ва захмиён ба беморхонаҳову қурбониён ба тарафҳо супурда шаванд. Баррикадаҳо аз ҷодаҳои шаҳр бардошта шуда, мардум ҷодаҳои шаҳрро тарк намоянд.

Инчунин, мақомот гуфтаанд, ки чаҳор ашхоси гумонбар ба дасти Раёсати корҳои дохила супурда шаванд ва тибқи тақозои мардум, бояд мақомоти ҳифзи хуқуқи худи минтақа қазияи онқоро тибқи қонун баррасӣ кунанд.

Ашхоси силоҳбадаст бояд силоҳашонро ба мақомоти Раёсати корҳои дохилаи вилоят таслим намоянд ва ба гуфтаи вазири дифоъ, президенти кишвар авф шудани чунин ашхосро кафолат додааст.

Тақозои мардум ин аст, ки ҳама гуна муомила ва қарордод бинобар ба аҳдшиканӣ роҳ надодан, бояд дар санади дутарафа зикр ёбад.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ дар ҳоле пиёда шуд, ки мардум ба таҷлили 80 солагиии Хоруғ дар охири моҳи август омодагӣ медид ва қарор буд, ки президенти кишвар дар ин маросим ширкат меварзад.

Дар хамин ҳол бинобар мушоҳидаҳо биноҳои зиёди истиқоматӣ, бинои ҷамоатхона, хобгоҳи мактаб-интернати Хоруғ, толори варзиши аз чониби нерӯҳои ҳукумат тахриб шуданд. Арқоми талафот аниқ карда мешавад. Сарбозони асир дар хонаҳои мардум ҷо дода шуда, пас аз кӯмак ба онҳо, ба мақомоти давлатӣ супурда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол тавре дида мешавад, ҷангиён дар ҷараёни задухӯрди рӯзи 24 июл дар наздикии кӯпруки калони шаҳр зиреҳпуши нерӯҳои интизомиро зада, сарнишинони он ба ҳалокат расиданд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG