Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ба Лондон худдорӣ кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон худдорӣ кард.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, ки сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Лондон сурат намегирад. Вале сабаби аслии худдорӣ аз ин сафар шарҳ дода нашуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбати телефонӣ аз Лондон бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, интизор мерафт рӯзи 26-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, дар деҳаи олимпии Лондон бо варзишгарони тоҷик дидору мулоқот мекард.

Як нафар аз аъзои ҳайати сафари президент ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи барнома бояд дар ҳамин рӯз раисиҷумҳур озими Лондон мешуд, вале ба ин ҳайат гуфта шудааст, ки сафар сурат нахоҳад гирифт.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки сабаби аслии худдорӣ аз сафар ба Лондон марбут ба ҳодисаҳо ва нооромиҳо дар Хоруғи Бадахшон аст.

Зимнан, шоми дирӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳаводиси Хоруғ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард ва гузориши Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хоруғ шунида шуд.
XS
SM
MD
LG