Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охири моҳи августи соли ҷорӣ ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, хоҳад рафт.

Дар ин бора Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомот ва фаъолони шаҳри Хоруғ хабар дода ва гуфтааст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни ҳаштодсолагии маркази вилояти Бадахшон иштирок хоҳад кард.

Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ин мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон бо мақомот ва фаъолони шаҳр дар маҷлисгоҳи шаҳрдории Хоруғ субҳи рӯзи сешанбе, 31-уми июл, баргузор шудааст. Ҷаноби Хайруллоев аз кушта шудани мардуми осоишта дар ҳаводиси ахири Хоруғ изҳори таассуф карда ва аз мардум узрхоҳӣ намудааст. Вай гуфта, ки дар ин амалиёт худи нерӯҳои ҳукуматӣ низ талафоти зиёде додаанд.

Вазири дифоъ ҳамчунин ба мақомоти маҳаллии Хоруғ, гурӯҳи миёнҷиии 20-нафарӣ ва намояндагони Бунёди Оғохон изҳори сипос кардааст, ки ба ҷараёни халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон кӯмакашонро дареғ надоштаанд. Интизор меравад, ба ҷуз аз гурӯҳи чаҳорнафарии Толиб Айёмбеков, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам мешаванд, афроди дигар дар сурати халъи силоҳ аз ҷавобгарӣ озод ва ё афв хоҳанд шуд.

Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, дар мулоқот бо вазири дифоъ "ба зиёдаравии нерӯҳои гурӯҳи таъйиноти махсус", ки ҳанӯз дар бархе аз маҳаллаҳои Хоруғ боқӣ мондаанд, ишора кардааст. Раиси вилояти Бадахшон ҳамчунин гуфтааст, барои муайян кардани ҳаҷми хисороти расида дар пайи ҳаводиси ахири Хоруғ як комиссияи вижа ё махсус таъсис ёфта ва ба фаъолият оғоз намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG