Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ ба таҳқиқи куштори Мамадризоев даъват кард


Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе

Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе

Раҳбари ҲНИТ гуфт, "ҳамон тавре қатли як генерал барои ҷомеа сангин аст, қатли як сиёсатмадор низ камтар аз он нест".

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, хостори эълони оташбаси номаҳдуд дар Хоруғ шуд. Вай рӯзи душанбе, 30-юми июл, зимни як нишасти хабарӣ гуфт, "оташбаси номаҳдуд ба нафъи кор ва ҳалли вазъияти ба вуҷудомада дар маркази Бадахшон хоҳад буд". Ин дар ҳолест, ки оташбаси эълоншуда дар Хоруғ нисфирӯзи 28-уми июл ба поён расидааст.

Ин нахустин нишасти хабарии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, пас аз оғози амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ дар як ҳафтаи пеш аст. Ҳарчанд Шӯрои сиёсии ҳизб нисбати ҳаводиси ахир мавқеи худро эълом кардааст, аммо маҳз тасдиқи хабари кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи ҲНИТ дар Бадахшон, сабаби баргузории нишасти хабарии раҳбарияти ҳизб шудааст. Кабирӣ ин кушторро шадидан маҳкум кард ва гуфт, "ин субҳ бо мақомоти давлатӣ дар ин бора сӯҳбат доштам ва умед дорем, ки мақомот ин қазияро бисёр ҷиддӣ баррасӣ хоҳанд кард ва ҳар касе дар ҷинояти куштани бародар Сабзалӣ даст дорад, муҷозот хоҳад шуд."

Раҳбари ҲНИТ афзуд, бар пояи охирин хабаре, ки рӯзи гузашта аз наздикон ва аъзои ҳизб аз шаҳри Хоруғ расидааст, Сабзалӣ рӯзи ба қатл расиданаш, қабл аз шом, яъне ифтор дар ҳоли рӯзадорӣ аз хона берун шуда ва дигар барнагаштааст. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, ҷасади Сабзалӣ баъдан дар минтақае бо номи "Қалъа" пайдо шудааст. "Қалъа" дар минтақаи УПД, дар як километрии қароргоҳи нерӯҳои давлатӣ, воқеъ аст.


Ба эҳтимоли зиёд, гуфта мешавад, маҳз мӯҳтавои суханронии Сабзалӣ Мамадризоев дар гирдиҳамоии мардумӣ дар Хоруғ, ки интиқодоти созандаеро нисбати ҳукумат кардааст, сабаби куштори вай шудааст. Ҳарчанд ба таъкиди Муҳиддин Кабирӣ "интиқодҳое, ки Сабзалӣ Мамадризоев дар суханронии худ, ки навори он маҳфуз аст, доштанд, дар чорчӯби қонун, мантиқӣ ва интиқодоте, ки ҳама ҳизби сиёсӣ матраҳӣ мекунад, будаанд."




Аммо шеваи куштори Сабзалӣ Мамадризоев мавриди баҳсу гуфтугӯ миёни ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст ва ахиран дар Ютюб наворе низ пайдо шуд, ки чанд нафар фарди либоси низомипӯш ҷасади шахси номаълумро, ки гуфта мешавад, Сабзалӣ Мамадризоев бошад, дар болои замин кашолакунон бурда ба партовгоҳ ҳавола мекунанд.

Муслима Бороншоева, раҳбари бахши бонувони созмони вилоятии ҲНИТ, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин наворест, ки бозгӯи қатли Сабзалӣ Мамадризоев аст. Вай гуфт, "айнан ҳамин воқеаро занаш нақл кард ва рафиқоне, ки ман имрӯз вохӯрдам, мегӯянд, ки ҳақиқатан дар навор Сабзалӣ будааст. Инро занҳо дида ва ба навор гирфта ва ба Интернет низ ҳамон занҳо додаанд. Шоҳидони ин воқеа ҳанӯз зиндаанд."

ҲНИТ қаблан дар торнамои расмии худ навишт, ки Сабзалӣ Мамадризоев пас аз боздошт "мавриди таҳқиру лату кӯб қарор гирифта, баъдан тариқи холӣ кардани як тирдон тир ба ҷисми ӯ аз тарафи низомиён" кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеи расмӣ гуфта буданд, ки Сабзалӣ Мамадризоев "дар рафти амалиёти махсус" кушта шуда, аз назди ҷасади ӯ як автомати Калашников ва ду норинҷак дарёфт кардаанд.

Дар ҳар сурат, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, ҳанӯз зуд аст, дар бораи ангезаҳо ва сабабҳои куштори Сабзалӣ Мамадризоев, қазоват кардан, аммо ба таъкиди вай, "куллияи мавод ва наворҳое дар ин бора дар расонаҳо пахш шуд, бо диққат омӯхта истодаем ва пеш аз он ки мақомоти дахлдор мавқеи расмии худро дар ин бора мегӯянд, худдорӣ мекунем. Чун ҳама чиз бояд дар ин масъала санҷида шавад." Муҳимтар аз ҳама раҳбари ҲНИТ умедвор аст, ки мақомот дар таҳқиқи ин ҷинояти ваҳшиёна иқдомоти лозимро бо ҷиддият рӯи даст бигирад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки "на танҳо ҳодисаи куштори Сабзалӣ Мамадризоев, балки куллияи ҷиноятҳое, ки дар чанд рӯзи ахир дар шаҳри Хоруғ содир шудаанд", аз сӯи мақомоти тафтишот ба таври мушикофона мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд гирифт.

Зимнан, Сабзалӣ Мамадризоев соли 1980-ум дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, солҳои 2005 - 2011 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар риштаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил кардааст. Аз соли 2011-ум раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дошта, узви Раёсати олии ин ҳизби динии сиёсӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG