Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халъи силоҳ дар Бадахшон идома дорад


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 20 нафар аз силоҳбадастон дар Хоруғ аслиҳаи ҷангии худро ба мақомот таслим кардаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев,-сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо беш аз 20 адад силоҳи навъҳои гуногунро ба мақомот супоридаанд:

«Ин силоҳҳо асосан аз автомати Калашников, снайпер ё туфанги нишонзан, пулемет ва дигар намуҳо иборатанд”.

Асадуллоев гуфт, пешвоёни мардум ва занону модаронро ба ин кор ҷалб кардаанд ва гурӯҳе аз ҷавононе, ки аз таблиғоти гурӯҳҳои силоҳбадаст раҳгум зада, бо нерӯҳои ҳукуматӣ муқобилият нишон медоданд, силоҳҳои худро ба давлат супориданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло идома доранд.

Халъи силоҳ яке аз шартҳоест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG