Пайвандҳои дастрасӣ

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch мегӯяд, вазъияти вилояти Бадахшони Кӯҳӣ мояи нигаронӣ аст.

"Мақомоти Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти амниятӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ бояд ба ҳуқуқи башар арҷ гузоранд",-мегӯяд дар як изҳороташ созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch.

Ин созмон, мақарраш дар Ню-Йорк, дар изҳороте мегӯяд, баъди ба минтақа сафарбар шудани нерӯҳои артиш, ки ҳадафашон боздошти қотилони раҳбари сохтори амниятӣ дар таърихи 21-уми июл буд, дар бораи кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар гузориш шуд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи вазъи Осиёи Марказӣ дар ин созмон гуфт, “вазъияти Бадахшони Кӯҳӣ мояи нигаронӣ аст”. Ӯ мутмаин аст, ки ҳарду ҷониби қазия бояд аз “осеби минбаъдаи мардуми минтақа ҷилавгирӣ кунанд”.

Рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ амалиёти низомӣ бо ширкати садҳо нерӯи давлатӣ зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба раҳбарии Толиб Айёмбеков, фармондеҳи қитъаи марзии Ишкошим анҷом шуд, ки дар натиҷаи он, бар тибқи иттилои расмӣ, 42 нафар, аз ҷумла, 12 низомӣ ва 30 силоҳбадаст кушта, даҳҳо тан захмӣ ва 40 нафар дастгир шуданд. Human Rights Watch мегӯяд, наметавонад ин арқомро тавассути манобеи худаш дақиқ кунад. Ҳоло ҳукумат ҷараёни халъи силоҳи афроди тасодуфан ба гурӯҳҳои мусаллаҳ пайвастаро амалӣ мекунад.

Созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар мегӯяд, ба ҳангоми боздошт ё анҷоми амалиёти низомӣ, мақомоти давлатӣ ва ҳам сарбозон бояд меъёрҳои байналмилалии қонуниро дар заминаи истифодаи нерӯ риоя кунанд. Human Rights Watch гуфтааст, санади Созмони Милал дар бораи принсипҳои бунёдии истифодаи нерӯ ва силоҳи оташфишон аз мақомоти қудратӣ тақозо мекунад, ки ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ “пеш аз истифодаи нерӯ ва силоҳ аз тадбирҳои орӣ аз хушунат кор гиранд”.

Дар сурати зарурати истифодаи қонунӣ аз силоҳ ва аслиҳаи оташфишон, мегӯяд ин санад, мақомоти қудратӣ бояд бо назардошти ҷиддияти муқовимат аз “худдорӣ ва меъёри мутаносиб” кор гиранд.

Свердлов менависад, ҳукумат бояд ба ҳама ҷиноятҳои содиршуда, новобаста аз дараҷаи ҷиддияташон, мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ вокуниш нишон диҳад. “Ин ба маънои эҳтиром ба ҳуқуқи бунёдии муттаҳамон ва ҳам мардуми Хоруғ аст”, - мегӯяд муҳаққиқ.

Human Rights Watch дар гузориши худ ҳамчунин иқдоми мақомот барои масдуд кардани дастрасӣ ба баъзе аз торнамо ё сайтҳои хабаррасон ва ҳам иртиботи телефониву интернетӣ бо Бадахшони Кӯҳиро маҳкум кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG