Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон: " Русия аз рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ тарсид"


Нуриддин Қаршибоев-раҳбари АМВАОТ

Нуриддин Қаршибоев-раҳбари АМВАОТ

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон тасвиби тарҳи қонуни баҳсбарангез оид ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар Думаи давлатии Русияро, шадидан танқид карданд.

Иқдоми навбатии порлумони Русия нисбат ба созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар, фишори ошкоро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, мегӯяд Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон. Ӯ иқдоми ҳукумати Русияро бо ҳодисаҳое, ки дар арафаи интихоботи президентии Русия ба вуқӯъ пайваст, рабт медиҳад: «Ҳукумати Русия дарк кард, ки дар сурати минбаъд фаъол шудани ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон он тақалубкориҳое, ки дар ҷараёни интихоботҳо рух медиҳанд пешгирӣ карда мешавад ва ба ҳамин хотир ин тасмим аз ҷониби раҳбарияти нави давлат пешгирифта шуд».

Нуриддин Қаршибоев афзуд, эҷоди монеа барои ҳамкории созмонҳои маблағгузори байнулмилалӣ ва ташкилотҳои дохилии ҷамъиятӣ иштибоҳ аст.

Ойниҳол Бобоназарова раҳбари созмони «Преспектива +»мегӯяд, дар асри 21, дар ҳоле ки ҷомеаҳо ба сӯйи демократия ҳаракат мекунанд ва Русия ҷомеаи худро аврупоӣ меҳисобад, бо ин иқдом онҳо тасмимҳои сиёсати солҳои 1930-ро такрор мекунанд: «Рости гап то рӯзи қабули ин қонун ман бовар доштам, ки парлумони Русия ба ин амал даст намезанад. Фикр мекардам, ки Путин аз минбарҳои баланд оид ба ҳуқуқи инсон зиёд сухан меронад ва ба ин иштибоҳ роҳ намедиҳад. Аммо маълум шуд, ки яке аз тарафдорони фаъоли ин қонун худи ӯ будааст. Ин ба назари ман тарс аст, вақте ҳукумат ба мардуми худ эътимод надорад, ба чунин иқдомҳо даст мезанад.»

Тибқи иттилои расмӣ, дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор созмони ғайридавлатӣ фаъолият дорад. Раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ бар ин назаранд, ки ин созмонҳо неруи муассир барои ҷомеа мебошанд.

Аз ибтидои солҳои 90-ум вақте ки ба Тоҷикистон созмонҳои байнулмилалӣ ворид шуданд, раванди таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ авҷ гирифта, садҳо миллион доллар барои кӯмак ва дастгирии фаъолияти онҳо ба Тоҷикистон ворид мешуд.
Тибқи мушоҳида ин созмонҳо бо кӯмаки молии хазинаҳои байнулмилалӣ ва кӯмакҳои башардӯстона барои коҳиши бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти иқтисодиӣ мардум то имрӯз саҳм мегузоранд.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, «ҳамкории сармоягузорони байнулмилалӣ хеле муҳим аст. Зеро ин созмонҳо дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳатто таъмини волоияти қонун саҳм мегузоранд. Миллионҳо доллар аз ҷониби СММ, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ сарф шудаанд, ки онро нодида наметавон гирифт».

Ойниҳол Бобоназарова , ки замоне раҳбарии бунёди Соросро ба ӯҳда дошт, афзуд тавассути ин созмон шумори зиёди ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи Амрикову Аврупо фиристода шудаанд, мактабҳо, мақомоти маҳалии ҳукуматҳо, парлумон аз кӯмакҳои ин созмон истифода кардаанд. Ба гуфти хонум Ойниҳол, гузаронидани об ба деҳоти дурдаст, мубориза бо амрози сироятӣ ва талаби риояи ҳуқуқи инсон аз вижагиҳои кори созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалист. Ӯ афзуд, бо кӯмаки ин созмонҳо ҳазорҳо оилаҳое, ки дар зиндаги роҳгумзадаву бадбахт буданд ба зиндагии маъмулӣ дар Тоҷикистон баргаштанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, шояд Русия чун давлатҳои ғарб тавони маблағгузории фаъолияти созмонҳои худро дорад, аммо побарҷо будани руҳия ва низоми ғайрирасмии комунистӣ фаъолияти созмонҳоро маҳдуд мекунад. Онҳо мегӯянд, агар дар Амрикову Аврупо бо гирифтани пули буҷа, созмонҳо фаъолияти давлатро назорат кунанд, дар бисёре аз кишварҳои собиқ шуравӣ баръакс хоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова афзуд, мутаасифона бисёр вақт давлатҳои Осиёи Миёна ба қадамҳои Русия пайгирӣ мекунад: «Алакай мо дида истодадем, вақте Бег Зуҳуров (Раиси хадамоти алоқа) мегӯяд, ки як созмоне таъсис дода мешавад, ки интернетро назорат мекунад ва ғайра. Ин алакай қадамҳои аввалин дар ин самт аст. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон набояд ин иқдоми Русияро пайгирӣ кунад.»

Мавриди зикр аст, ки аз ин ба баъд дар Русия, бар пояи тарҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ он созмонҳое, ки аз хориҷа сармоягузорӣ шуда ба сиёсат сару кор доранд, “агент ё худ намояндаи хориҷӣ” шинохта хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG