Пайвандҳои дастрасӣ

Дума тарҳи қонун дар бораи "ҷосусҳо"-ро пазируфт


Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи мақоми “ҷосуси хориҷӣ” барои созмонҳои ғайритиҷоратиро, ки аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ мешаванд ва бо сиёсат сару кор доранд, пазируфт. Аз ин тарҳ 374 вакили парлумон пуштибонӣ карданд, се нафар муқобил раъй дод ва як нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.

Бо пешниҳоди раисиҷумҳури Русия аз зери бори таъсири ин қонун созмонҳои мазҳабӣ, ширкатҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии тиҷоратии аз сӯи ин ширкатҳои таъсисшуда берун карда шуданд.

Аз ин пеш гурӯҳи афроди маъруфи Русия дар номаи саркушода унвонии раисиҷумҳур Владимир Путин ва нахуствазир Дмитрий Медведев пешниҳод карда буданд, ки баррасии тарҳ дар Думаи давлатӣ тирамоҳ ва баъд аз муҳокимаи густурда дар ҷомеъа сурат бигирад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия ин тарҳро шадидан маҳкум карда, онро “саркӯбгар” номиданд.
XS
SM
MD
LG