Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони тоҷик дар хориҷа нуфуз ва ҷойгоҳ ёфтанд


Ахиран дар миёни пизишкони тоҷики муқими Русия талошҳое мушоҳида мешавад, ки созмоне ё шабакае ташкил диҳанд ва фаъолиятҳои худро дар чаҳорчӯбаи он ҳамоҳанг созанд.

Муҳоҷирати пизишкони тоҷик ба Русия дар нахустин солҳои фурӯпошии Шӯравӣ оғоз ёфт ва он то ҳол идома дорад. Нарзулло Шукруллоев яке аз пизишкони номдори тоҷик аз ҷумлаи онҳост, ки моҳи октябри соли 2008 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кардааст. Вай мегӯяд, шароити зист вайро ба Русия овардааст. Аз Шукруллоев мепурсам, оё як муттахассиси хуби тиб наметавонад бо даромаде, ки дар Тоҷикистон ба даст меорад, зиндагиашро пеш барад?
Вай гуфт, “бо маоше, ки дар Тоҷикистон кор мекунад, бо назардошти нархҳо ва шароити имрӯза духтур зиндагиашро гузаронда наметавонад”.

Шукруллоев дар яке аз поликлинакаҳои шаҳри Маскав дар бахши бемориҳои гузаранда кор мекунад, дар поликлиникае, ки ҳамзамон 400 нафар табибон ба муоина ва муолиҷаи беморон машғуланд. Вай аз кори худ розист: “Маоше, ки мо дар ин ҷо мегирем, барои ин ҷо мерасад. Оила ва фарзандонро низ таъмин мекунем, пасандоз ҳам кардан мумкин аст. Ба ҳама чиз мерасад”.

Шумораи пизишкони тоҷик дар Русияро касе намедонад, вале Абдулло Давлатов-пизишки тоҷики муқими Маскав мегӯяд, тақрибан ду соли пеш “Иттиҳоди тоҷикони Русия” ҳисоби тақрибии пизишкони тоҷики шаҳри Маскав ва атрофи онро анҷом додааст. Бино ба ин ҳисоби тақрибӣ, шумораи онҳо ҳудуди 300 нафарро ташкил додааст. Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград низ шумораи онҳо аз Маскав кам нест.

Абдулло Давлатов мегӯяд, хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон пулакӣ шудааст, вале имконоти аҳолӣ барои пардохти хадамоти тиббӣ маҳдуд аст:
“Мардум барои муолиҷа имкони пардохти маблағ надоранд ва тамоми доруву табобат дар Тоҷикистон пулакӣ шудааст. Аксари пизишкони мо ба қавле виҷдонашон намебардорад, ки аз онҳо пул талаб кунанд ва бепул табобат карда ҳам наметавонанд. Барои баромадан аз ин вазъ як системаи хуби кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст”.

Оқои Давлатов пешниҳод мекунад, ки дар бахши тиби Тоҷикистон бояд мисли кишварҳои дигар низоми суғурта ҷорӣ шавад, зеро дар ҳолатҳои зурурӣ сармоягузорӣ барои муолиҷа ё муоинаи бемор аз ин хазина сурат хоҳад гирифт. Дар чунин ҳолат пизишк дастнигари мизоҷ нахоҳад шуд ва мизоҷ ҳам аз хиҷолати набуди маблағи зарурӣ хоҳад баромад. Чунин низом заминаи пардохти ҳақи кори табиби хубро дар чаҳорчӯбаи қонун фароҳам меорад ва вай маҷбур намешавад дар ҳолати ногувор маблағеро бо майли худ ба бемор пешниҳод кунад. Набуди чунин низом ва пардохти номуназзами ҳақи кори табиб низ яке аз сабабҳои муҳоҷирати онҳо ба кишварҳои хориҷӣ мешавад.
Ҳоло пизишкони тоҷик ба ҷуз аз Русия ва кишварҳои Шӯравии пешин дар кишварҳои арабӣ низ бомуваффақият кор мекунанд.

Нуктаи ҷолибе, ки дар сӯҳбат мусоҳибони мо ёдоварӣ карданд, ин аст, ки пизишкони тоҷик дар Русия аз эътибору эҳтироми аҳолӣ бархӯрдоранд. Нарзулло Шукруллоев мегӯяд: “Дар ҳамаи вилоятҳои Русия духтурҳои тоҷике, ки дар давраи Шӯравӣ хондаанд, кор мекунанд. Сартабиби беморхонаҳо ҳастанд, сартабиби поликлиникаҳо ҳастанд, мудири шӯъбаҳо кор мекунанд. Докторони илми тиб ва профессорон кор мекунанд. Онҳо аз эҳтироми ҳамаҷонибаи аҳолӣ бархӯрдоранд”.

Барои таълими пизишкон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ба вижа дар донишгоҳи тибби ин кишвар аз замони Шӯравӣ шароити хуб фароҳам омада буд. Ҳоло низ ин анъана идома дорад.

Ононе, ки дар ин муассисаҳо таълим мегиранд, ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба кормандони тибро бароварда месозанд ва дар Тоҷикистон камбуди пизишк чандон эҳсос намешавад. Вале дастмузди ками пизишкон ва сатҳи поини қобилияти пардохти аҳолӣ барои хадамоти тиббӣ пизишконро шояд дар оянда низ водор ба муҳоҷират кунад.

Ташкили марказ ё клиникаҳои хусусӣ низ чӣ дар марказҳо ва чӣ дар маҳалҳо сармоягузорӣ мехоҳад, вале сармоягузорони тоҷик аз ин кор то ҳол худдорӣ кардаанд ва замонате барои боздеҳи сармояи худро намебинанд.
XS
SM
MD
LG