Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо вуҷуди эътирози ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия, Думаи давлатӣ тарҳҳои ду қонуни баҳсбарангезро пазируфт

Бар пояи тарҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ, он созмонҳое, ки аз хориҷа сармоягузорӣ шуда ба сиёсат сару кор доранд, “ҷосуси хориҷӣ” шинохта хоҳанд шуд. Ҳамчунин бо вуруди тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ аз нав барои тӯҳмат ҷазо муқаррар хоҳад шуд.

Аз тарҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ, 374 вакили парлумон пуштибонӣ карданд, се нафар муқобил раъй доданд ва як нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.

Андрей Воробиев, раиси фраксияи “Руссияи воҳид” дар Думаи давлатӣ, мегӯяд, тарҳҳое, ки ахиран пазируфта шуданд, ширкат дар гирдиҳамоиҳо, ташкили созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва озодона баён намудани мавқеъи шахсиро мамнӯъ намекунанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бояд тартибот риоя шавад ва агар касе таҳқиру тӯҳматро дар баробари худ мешунавад, ҳақ дорад, ки аз шаъни худ дар додгоҳ дифоъ кунад.

Ӯ меафзояд, “Агар созмонҳои ғайритиҷоратӣ аз хориҷа пул мегиранд, марҳамат, бигзор дар оянда ҳам бигиранд ва аммо бояд дар ин бора ошкор бигӯянд, то мардум бидонанд, ки аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунанд ва ба кадом фаъолият машғул ҳастанд. Ба вижа, ки мафҳуми созмони ҷамъиятӣ худ шаффофиятро дар назар дорад.”

Ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ, бо пешниҳоди раисиҷумҳури Русия созмонҳои мазҳабӣ, ширкатҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии тиҷоратии аз сӯи ин ширкатҳои таъсисшуда аз зери бори таъсири қонун берун карда шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия ин тарҳро шадидан маҳкум карданд ва онро “саркӯбгар” номиданд. Бархе аз созмонҳои ғайритиҷоратӣ аллакай эълом доштанд, ки намехоҳанд чун ҷосус арзёбӣ шаванд ва аз ин рӯ аз сармояи хориҷӣ даст мекашанд. Дигар аз созмонҳо мегӯянд, онҳо аз сармояи хориҷӣ барои он истифода мекунанд, ки дар дохили кишвар пайдо кардани сармоягузор хело мушкил аст.

Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари Русия дар сӯҳбат бо РО дар робита ба тарҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ гуфт, ки “ҳадаф аз ин қонун паст задани шаъни созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва дар чашми ҷомеъа сиёҳ кардани онҳост. Қонун онҳоро чун ҷосуси хориҷӣ арзёбӣ мекунад ва аммо зери маънии ҷосуси хориҷӣ чӣ нуҳуфтааст, ман намефаҳмам ва чӣ гуна нафаре аз мо метавонад “хориҷӣ” номида шавад, барои ман сирри паси парда аст."

Ба суоли мо созмонҳоеро, ки додгоҳ ҷосуси хориҷӣ мешиносад, чӣ муҷозот интизор аст, хонум Ганнушкина посух дод, ки фаъолияти ин гуна созмонҳо қатъ карда хоҳад шуд. “Ҳадаф аз қабули ин тарҳи қонун ҳам аз байн бурдани созмонҳои ғайритиҷоратист, ки ҳукумат ба чӣ далеле аз онҳо сахт ҳаросидааст”, афзуд Светлана Ганнушкина.

Чанде пеш гурӯҳи ашхоси маъруфи Русия дар номаи саркушода унвонии раисиҷумҳур Владимир Путин ва нахуствазир Дмитрий Медведев пешниҳод карда буд, ки баррасии тарҳ дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар Думаи давлатӣ тирамоҳ ва баъд аз муҳокимаи густурда дар ҷомеъа сурат бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG