Пайвандҳои дастрасӣ

Бохти Тоҷикистон ба Баҳрайн бо ҳисоби 1:2


Мунтахаби ҷавонони тоҷик ҳангоми тамрин дар яке аз варзишгоҳҳои Малайзия.

Мунтахаби ҷавонони тоҷик ҳангоми тамрин дар яке аз варзишгоҳҳои Малайзия.

Рӯзи 23-юми июн дар Малайзия мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонон дар гурӯҳи “С” оғоз ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 22-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, дар нахустин даври мусобиқа бо мунтахаби Баҳрайн рақобат кард.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи "Ҳанг Туаҳ", дар шаҳри Малакка баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Футболбози ҷавони Баҳрайн Ҳасан Ҷамил Ёсин Муҳаммад дар дақиқаи чорум ҳисобро боз кард. Голи дувумро бошад, ӯ дар нимаи дувуми дидор дар дақиқаи 48-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Қурбоналӣ Собиров, бозигари тоҷик, дар дақиқаи 71-ум тӯбро вориди дарвозаи баҳрайниҳо карда, ҳисобро тағйир дод.

Дар бозии дигар даври аввал дар гурӯҳи “С” мунтахаби Қатар бар дастаи Молдив бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Бозии охирини даври аввал дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои Эрон – Кувайт бегоҳи дирӯз, 23-юми июн, баргузор шуд. Голи Амин Ҳаҷмуҳаммадӣ, бозигари тими Эрон, дар дақиқаи 76-ум бозиро ба нафъи эрониҳо бо ҳисоби1:0 анҷом дод.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «С»
25-уми июн (душанбе)
13.30 – Баҳрайн – Кувайт
13.30 – Эрон – Қатар
16.30 – Тоҷикистон – Молдив

28-уми июн (панҷшанбе)
13.30 – Кувайт – Тоҷикистон
13.30 – Молдив – Эрон
16.30 – Баҳрайн – Қатар

1-уми июл (якшанбе)
13.30 – Эрон – Тоҷикистон
13.30 – Молдив – Баҳрайн
16.30 – Қатар – Кувайт

3-юми июл (сешанбе)
13.30 – Кувайт – Молдив
13.30 – Тоҷикистон – Қатар
16.30 – Баҳрайн – Эрон

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG