Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 14-ум то 17-уми май дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад 25 футболбози соли таваллудашон 1991 ва аз он ҷавонтар (3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар)-ро даъват кардааст.

Аз ҳама бештар – 7 нафар аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки Салоҳиддин Ғафуров сармураббии ин даста мебошад, даъват шудаанд. Аз ССКА «Помир»-и Душанбе 6 нафар, аз «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров 3 нафар, аз тимҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дунафарӣ, аз дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе якнафарӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонон тамрин мекунанд.

Ба Салоҳиддин Ғафуров мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Хоҷаев ва сармураббии ҳайати ҷавонони «Вахш» Назиршо Ризомов ёваранд.

Дар доираи омодагиҳо, инчунин, рӯзи 16-уми май дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишвар ва вилояти Хатлон баргузор мешавад. Бозӣ соати 17 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июл дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор хоҳанд шуд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниҳоӣ, ки аз 11-ум то 26-уми январи соли 2014-ум доир мешавад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаи қаҳрамонии футболбозони то 22-соларо Конфедератсияи футболи Осиё барои бори аввал баргузор мекунад ва бар асоси нақша он дар ҳар ду сол як маротиба барпо мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии соли 2014-ум озмоишист ва мусобиқае, ки соли 2016-ум барпо мешавад, мақоми сабқати интихобии Олимпиада-2016 дар Бразилро касб хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Сулаймон Мирзомуродов («Вахш»), Файзалӣ Давлатов (ССКА «Помир»);

Ҳимоятгарон: Сергей Абрамов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (ҳарсе – «Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Шероз Абдуллоев («Парвоз»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Раҳмонҷон Ҷӯраев («Истаравшан»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳарсе– «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Нуриддин Давронов («Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Наврӯз Рустамов («Равшан»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Беҳзод Шарифов.

Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2013

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)

Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)

Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе
)
Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)

Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)

Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.
Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Минтақаи шарқӣ
Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.
Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG