Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар гурӯҳи С бо тимҳои Баҳрайн (23-юми июн), Ҷазоири Молдив (25-уми июн), Кувайт (28-уми июн), Эрон (1-уми июл) ва Қатар (3-юми июл) рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:
дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);

ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (ҳарду – «Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фуруғ Қодиров (ҳарду – ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»);

нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама – «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»).

Сармураббӣ: Камол Алиспоҳич (мутахассиси босниягӣ).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи С

Даври 1-ум
23-юми июн (шанбе)
Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив
Эрон - Кувайт

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)
Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)
Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)
Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)
Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё бо ширкати 41 даста дар 7 гурӯҳ баргузор мешавад. Нахуст дастаҳои гурӯҳи D дар Непал вориди рақобат шуданд. Урдун бар Яман бо ҳисоби 4:0 ва Непал бар Бангладеш бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд. Рӯзи 18-уми июн Бангладеш аз Узбакистон бо ҳисоби 1:2 ва Непал аз Яман бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон (мизбони сабқат), Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон – аз 23-юми июн то 3-юми июл.
Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ (мизбони сабқат), Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка – аз 23-юми июн то 3-юми июл.
Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив – дар Малайзия – аз 23-юми июн то 3-юми июл.
Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал (мизбони сабқат) – аз 16-ум то 24-уми июн.

Минтақаи шарқӣ

Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия (мизбони сабқат), Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ – аз 5-ум то 15-уми июл.
Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос (мизбони сабқат), Камбоҷа – аз 23-юми июн то 3-юми июл.
Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар (мизбони сабқат), Тайван, Филиппин – аз 23-юми июн то 3-юми июл.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG