Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro-2012: Ҳашт даста - дар чаҳорякфинал


Шаби 19-уми июн бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи охирин (D) баргузор шуданд.

Ҳарду бозии гурӯҳи D дар як вақт дар Украина сурат гирифт. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Шветсия ва Фаронса, ки дар шаҳри Киев барпо гардид, бо ғалабаи шведҳо бо ҳисоби 2:0 поён ёфт. Голҳо: Иброҳимович (54), Ларссон (90).

Бозии дигари ин грурӯҳ , ки миёни дастаҳои мунтахаби Инглистон ва Украина дар шаҳри Донетск баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи инглисҳо ба охир расид. Гол: Руни (48)

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи D мунтахаби Инглистон бо 7 имтиёз ғолиб шуд. Фаронса бо 4 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Украина бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Шветсия низ 3 имтиёз ба даст овардааст ва таносуби тӯбҳояш ҳам беҳтар аст, вале аз Украина шикаст хӯрдааст, бинобар ин дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Аз ин гурӯҳ Инглистон ва Фаронса ба мисли Ҷумҳурии Чех ва Юнон (гурӯҳи А), Олмон ва Португалия (гурӯҳи В), Испания ва Италия (гурӯҳи C) ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале Украина ва Шветсия, ба мисли Русияву Лаҳистон (гурӯҳи А), Данияву Ҳолланд (гурӯҳи В), Хорватияву Ирландия (гурӯҳи С) аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷумҳурии Чех бо Португалия (21-уми июн, Варшава), Олмон бо Юнон (22-юми июн, Гданск), Испания бо Фаронса (23-юми июн, Донетск) ва Инглистон бо Италия (24-уми июн, Киев) рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания), Петр Йирачек (Ҷумҳурии Чех), Микаэл Крон-Дели (Дания), Криштиан Роналду (Португалия) ва Златан Иброҳимович (Шветсия) дуголӣ задаанд. Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес бо 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошад.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия – 1:0
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи А: 1. Ҷумҳурии Чех – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5). 2. Юнон – 4 (3-3). 3. Русия – 4 (5–3). 4. Лаҳистон – 2 (2-3).

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португалия – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португалия— Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45 Дания — Олмон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи В: 1. Олмон – 9 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Португалия – 6 (5-4). 3. Дания – 3 (4–5). 4. Ҳолланд – 0 (2-5).

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания – 0:1
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи С: 1. Испания– 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6 -1). 2. Италия – 5 (3-2). 3. Хорватия – 4 (4–3). 4. Ирландия – 0 (1-9).

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон – 2:3
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса – 2:0
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи D: 1. Инглистон – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо - 5-3). 2. Фаронса – 4 (3-3). 3. Украина – 3 (2–4). 4. Шветсия – 3 (5-5).

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: Ҷумҳурии Чех— Португалия (Варшава)
22 июн, 23:45 №2: Олмон — Юнон (Гданск)
23 июн, 23:45 №3: Испания — Фаронса (Донетск)
24 июн, 23:45 №4: Инглистон — Италия (Киев)

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3) (Донетск)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4) (Варшава)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 - Ғолиби нимфинали №2 (Киев)

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG