Пайвандҳои дастрасӣ

Даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 бо ду бозӣ дар гурӯҳи А шурӯъ шуд.

Ҳарду бозӣ шаби 12-уми июн дар Лаҳистон барпо гардид. Нахуст дар шаҳри Вротслав дастаҳои мунтахаби Юнон ва Ҷумҳурии Чех рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии чехҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Футболбозони чех дар муддати шаш дақиқаи аввали бозӣ ду бор тӯбро вориди дарвозаи юнониҳо карданд. Ирачек дар дақиқаи 3-юм ҳисобро боз намуд. Баъди се дақиқа Пиларж голи дувуми чехҳоро ба ҳадаф расонд. Гекас, бозигари юнониҳо, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 53-юм ҳисобро тағйир дод.

Баъдан дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Русия дар Варзишгоҳи миллии Варшава вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Алан Дзагоев, беҳтарин нишонзани мусобиқот, дар дақиқаи 37-ум ҳисобро кушод. Вале Блашчиковски, бозигари мизбонон, дар нимаи дувум, дар дақиқаи 57-ум ҳисобро баробар кард.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи А Русия бо 4 имтиёз дар ҷойи аввал, Ҷумҳурии Чех бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум, Лаҳистон бо 2 имтиёз дар ҷойи севум ва Юнон бо як имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд. Ҳарчор даста муборизаро барои ба чаҳорякфинал баромадан идома медиҳанд.

Тақдири ду роҳхат ба даври чаҳорякниҳоӣ дар даври охирини сабқати гурӯҳи А рӯзи16-уми июн миёни дастаҳои мунтахаби Юнон ва Русия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ҳал хоҳад шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия) бо 3 гол дар ҷойи аввал аст. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех) ва Марио Манҷукич (Хорватия) дуголӣ задаанд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи А
Лаҳистон - Юнон – 1:1
Голҳо: 1:0 Левандовски (17, Лаҳистон), 1:1 Салпингидис(51, Юнон)

Аз майдон хориҷ шуданд: Папастатопулос (44, Юнон), Шчесни (68, Лаҳистон)

Русия – Ҷумҳурии Чех – 4:1
Голҳо: Дзагоев (15, 79), Широков (24), Павлюченко (82, ҳама - Русия) - Пиларж (52, Ҷумҳурии Чех)

Юнон – Ҷумҳурии Чех – 1:2
Голҳо: Ирачек (3), Пиларж (6, ҳарду – Ҷумҳурии Чех), Гекас (53, Юнон)

Лаҳистон – Русия – 1:1
Голҳо:
Дзагоев (37, Русия), Блашчиковски (57, Лаҳистон)
Русия – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). Ҷумҳурии Чех – 3 (3-5). Лаҳистон – 2 (2–2). Юнон – 1 (1-3).

Гурӯҳи В
Ҳолланд – Дания – 0:1
Гол:
Крон-Дели Микаэл (24)

Олмон – Португалия – 1:0
Гол:
Марио Гомес (72)
Дания – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 1-0). Олмон – 3 (1–0). Португол – 0 (0-1). Ҳолланд – 0 (0-1).

Гурӯҳи С
"Испания" - "Италия"—1:1
Голҳо:
Ди Натале (60, Италия), Фабрегас (64, Испания)

Ирландия - Хорватия – 1:3
Голҳо: Манҷукич (3, 48), Елавич (43, ҳарду – Хорватия), Сент-Леджер (19, Ирландия)

Хорватия– 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). Испания – 1 (1–1). Италия – 1 (1-1). Ирландия – 0 (1-3).

Гурӯҳи D
Фаронса – Инглистон – 1:1

Голҳо: Лескотт (30, Инглистон), Самир Насрӣ (39, Фаронса)

Украина – Шветсия – 2:1
Голҳо:
Иброҳимович (52, Шветсия), Шевченко (55, 61, Украина)
Украина – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-1). Инглистон – 1 (1–1). Фаронса – 1 (1-1). Шветсия – 0 (1-2).

ҶАДВАЛИ EURO-2012
САБҚАТИ ГУРӮҲӢ


Гурӯҳи A
08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португол - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португол
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон
17 июн, 23:45 Португол— Ҳолланд
17 июн, 23:45 Дания — Олмон

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Шветсия — Инглистон
15 июн, 23:45 Украина — Фаронса
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ
21 июн, 23:45 №1: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи A — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи B
22 июн, 23:45 №2: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи B — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи A
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ
27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ
1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG