Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби 14-уми июн бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи С баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар Лаҳистон барпо гардид. Нахуст дар шаҳри Познан дастаҳои мунтахаби Италия ва Хорватия рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. (Голҳо: Пирло (39, Италия), Манҷукич (72, Хорватия).

Баъдан дастаҳои мунтахаби Испания ва Ирландия дар шаҳри Гданск вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ба охир расид. (Голҳо: Торрес (4, 70), Силва (49), Фабрегас (83).

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи С Испания ва Хорватия бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум, Италия бо 2 имтиёз дар ҷойи севум ва Ирландия бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор доранд.

Ирландия новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо Италия (18-уми июн) аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт. Се дастаи дигар барои ду роҳхат ба даври баъдӣ талош мекунанд. Бозии Испания ва Хорватия (18-уми июн) бозии ҳалкунандаи гурӯҳи С маҳсуб мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания) ва Сеск Фабрегас (Испания) дуголӣ, Ҷулиан Лескотт (Иглистон) ва Никитса Елавич (Хорватия) якголӣ задаанд.

Имшаб, 15-уми июн, дар Украина ду бозӣ дар гурӯҳи D баргузор мешавад. Нахуст соати 21 ба вақти Душанбе дастаҳои мунтахаби Украина ва Фаронса дар шаҳри Донетск, баъдан соати 23:45 тимҳои миллии Шветсия ва Инглистон дар шаҳри Киев рақобат мекунанд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи А
Лаҳистон - Юнон – 1:1

Голҳо: 1:0 Левандовски (17, Лаҳистон), 1:1 Салпингидис(51, Юнон)

Аз майдон хориҷ шуданд: Папастатопулос (44, Юнон), Шчесни (68, Лаҳистон)

Русия – Ҷумҳурии Чех – 4:1
Голҳо: Дзагоев (15, 79), Широков (24), Павлюченко (82, ҳама - Русия) - Пиларж (52, Ҷумҳурии Чех)

Юнон – Ҷумҳурии Чех – 1:2
Голҳо: Ирачек (3), Пиларж (6, ҳарду – Ҷумҳурии Чех), Гекас (53, Юнон)

Лаҳистон – Русия – 1:1
Голҳо: Дзагоев (37, Русия), Блашчиковски (57, Лаҳистон)

1. Русия – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Ҷумҳурии Чех – 3 (3-5). 3. Лаҳистон – 2 (2–2). 4. Юнон – 1 (1-3).

Гурӯҳи В
Ҳолланд – Дания – 0:1

Гол: Крон-Дели Микаэл (24)

Олмон – Португалия – 1:0
Гол: Марио Гомес (72)

Дания - Португалия – 2:3
Голҳо: Пепе (24, Португалия), Поштига (36, Португалия), Бендтнер (41, 80, Дания), Варела (87, Португалия)

Олмон – Ҳолланд – 2:1
Голҳо: Гомес (24,38, Олмон), ван Перси (73, Ҳолланд)

1.Олмон – 6 (3–1). 2-3. Дания – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-3). 2-3. Португол – 3 (3-3). 4. Ҳолланд – 0 (1-3).

Гурӯҳи С
Испания - Италия—1:1

Голҳо: Ди Натале (60, Италия), Фабрегас (64, Испания)

Ирландия - Хорватия – 1:3
Голҳо: Манҷукич (3, 48), Елавич (43, ҳарду – Хорватия), Сент-Леджер (19, Ирландия)

Италия – Хорватия – 1:1
Голҳо: Пирло (39, Италия), Манҷукич (72, Хорватия)

Испания – Ирландия – 4:0
Голҳо: Торрес (4, 70), Силва (49), Фабрегас (83)

1. Испания – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо 5–1). 2. Хорватия– 4 (4-2). 3. Италия – 2 (2-2). 4. Ирландия – 0 (1-7).

Гурӯҳи D
Фаронса – Инглистон – 1:1

Голҳо: Лескотт (30, Инглистон), Самир Насрӣ (39, Фаронса)

Украина – Шветсия – 2:1
Голҳо: Иброҳимович (52, Шветсия), Шевченко (55, 61, Украина)

1. Украина – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-1). 2-3. Инглистон – 1 (1–1). 2-3. Фаронса – 1 (1-1). 4. Шветсия – 0 (1-2).

ҶАДВАЛИ EURO-2012
САБҚАТИ ГУРӮҲӢ


Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португол - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португол – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португол— Ҳолланд
17 июн, 23:45 Дания — Олмон

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ
21 июн, 23:45 №1: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи A — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи B
22 июн, 23:45 №2: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи B — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи A
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ
27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ
1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG