Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro 2012: Олмон ва Португалия -- дар чорякфинал


Шаби 17-уми июн бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи В баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар як вақт дар Украина сурат гирифт. Дар шаҳри Лвов Дания ва Олмон рақобат карданд. Бозӣ бо ғалабаи олмониҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. (Голҳо: Подолски (19, Олмон), Крон-Дели (24, Дания), Л. Бендер (80, Олмон).

Бозии дастаҳои мунтахаби Португалия ва Ҳолланд дар шаҳри Харков баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи португалиҳо ба охир расид. (Голҳо: ван дер Варт (11, Ҳолланд), Роналду (28, 74, Португалия).

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи В мунтахаби Олмон бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Португалия бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Дания бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Ҳолланд бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Аз ин гурӯҳ Олмон ва Португалия ба мисли Ҷумҳурии Чех ва Юнон (гурӯҳи А) ба чорякфинал баромаданд. Вале Данияву Ҳолланд ба мисли Русияву Лаҳистон (гурӯҳи А), Ирландия (гурӯҳи С) ва Шветсия (гурӯҳи D) аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷумҳурии Чех бо Португалия (21-уми июн) ва Олмон бо Юнон (22-юми июн) рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манчукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания), Петр Йирачек (Ҷумҳурии Чех) ва Микаэл Крон-Дели (Дания) ва Криштиан Роналду (Португалия) дуголӣ задаанд.

Имшаб, 18-уми июн, дар Лаҳистон ду бозии охирин дар гурӯҳи С миёни дастаҳои мунтахаби Хорватия – Испания дар шаҳри Гданск ва Италия - Ирландия дар шаҳри Познан баргузор мешавад. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 23:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи С: 1. Испания – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-1). 2. Хорватия – 4 (4-2). 3. Италия – 2 (2–2). 4. Ирландия – 0 (1-7).

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия – 1:0
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон – 1:0

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португалия – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португалия— Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45 Дания — Олмон – 1:2

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон – 2:3
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: Ҷумҳурии Чех— Португалия
22 июн, 23:45 №2: Олмон — Юнон
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG