Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди Олмону Португалия ва бохти Данияву Ҳолланд


Шаби 13-уми июн бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи В баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар Украниа барпо гардид. Нахуст дар шаҳри Лвов дастаҳои мунтахаби Дания ва Португалия рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии португалиҳо бо ҳисоби 3:2 поён ёфт. (Голҳо: Пепе (24, Португалия), Поштига (36, Португалия), Бендтнер (41, 80, Дания), Варела (87, Португалия).

Баъдан дастаҳои мунтахаби Олмон ва Ҳолланд дар шаҳри Харков вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии олмониҳо бо ҳисоби 2:1 ба охир расид. (Голҳо: Гомес (24,38, Олмон), ван Перси (73, Ҳолланд).

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи В Олмон бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал, Дания ва Португалия бо 3-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум ва Ҳолланд бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор доранд. Дастаи Олмонро барои ғолиби гурӯҳ шудан ва ба чаҳорякфинал баромадан дар бозии охиринаш бо Дания (17-уми июн) натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Барои роҳхати дигар ба даври чаҳорякниҳоӣ Дания, Португалия ва Ҳолланд талош доранд. Дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ Португалия бо Ҳолланд (17-уми июн) вориди рақобат мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия) ва Марио Гомес (Олмон) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Никлас Бендтнер (Дания) дуголӣ задаанд.

Имшаб, 14-уми июн, дар Лаҳистон ду бозӣ дар гурӯҳи С баргузор мешавад. Нахуст соати 21 ба вақти Душанбе дастаҳои мунтахаби Италия ва Ховатия дар шаҳри Познан, баъдан соати 23:45 тимҳои миллии Испания ва Ирландия дар шаҳри Гданск рақобат мекунанд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи А
Лаҳистон - Юнон – 1:1
Голҳо: 1:0 Левандовски (17, Лаҳистон), 1:1 Салпингидис (51, Юнон)

Аз майдон хориҷ шуданд: Папастатопулос (44, Юнон), Шчесни (68, Лаҳистон)

Русия – Ҷумҳурии Чех – 4:1
Голҳо: Дзагоев (15, 79), Широков (24), Павлюченко (82, ҳама - Русия) - Пиларж (52, Ҷумҳурии Чех)

Юнон – Ҷумҳурии Чех – 1:2
Голҳо: Ирачек (3), Пиларж (6, ҳарду – Ҷумҳурии Чех), Гекас (53, Юнон)

Лаҳистон – Русия – 1:1
Голҳо:
Дзагоев (37, Русия), Блашчиковски (57, Лаҳистон)
1. Русия – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Ҷумҳурии Чех – 3 (3-5). 3. Лаҳистон – 2 (2–2). 4. Юнон – 1 (1-3).

Гурӯҳи В
Ҳолланд – Дания – 0:1
Гол:
Крон-Дели Микаэл (24)

Олмон – Португалия – 1:0
Гол:
Марио Гомес (72)
Дания - Португалия – 2:3
Голҳо:Пепе (24, Португалия), Поштига (36, Португалия), Бендтнер (41, 80, Дания), Варела (87, Португалия)

Олмон – Ҳолланд – 2:1
Голҳо:
Гомес (24,38, Олмон), ван Перси (73, Ҳолланд)
1.Олмон – 6 (3–1). 2-3. Дания – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-3). 2-3. Португол – 3 (3-3). 4. Ҳолланд – 0 (1-3).

Гурӯҳи С
"Испания" - "Италия"—1:1
Голҳо:
Ди Натале (60, Италия), Фабрегас (64, Испания)

Ирландия - Хорватия – 1:3
Голҳо: Манҷукич (3, 48), Елавич (43, ҳарду – Хорватия), Сент-Леджер (19, Ирландия)

1.Хорватия– 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). 2-3. Испания – 1 (1–1). 2-3. Италия – 1 (1-1). 4. Ирландия – 0 (1-3).

Гурӯҳи D
Фаронса – Инглистон – 1:1
Голҳо:
Лескотт (30, Инглистон), Самир Насрӣ (39, Фаронса)

Украина – Шветсия – 2:1
Голҳо:
Иброҳимович (52, Шветсия), Шевченко (55, 61, Украина)
1. Украина – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-1). 2-3. Инглистон – 1 (1–1). 2-3. Фаронса – 1 (1-1). 4. Шветсия – 0 (1-2).

ҶАДВАЛИ EURO-2012
САБҚАТИ ГУРӮҲӢ


Гурӯҳи A
08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португол - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португол – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португол— Ҳолланд
17 июн, 23:45 Дания — Олмон

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Шветсия — Инглистон
15 июн, 23:45 Украина — Фаронса
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина

ЧАҲОРЯКФИНАЛ
21 июн, 23:45 №1: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи A — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи B
22 июн, 23:45 №2: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи B — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи A
23 июн, 23:45 №3: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи C — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи C

НИМФИНАЛ
27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ
1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1- Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG