Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии додраси Додгоҳи олӣ дар Оҷонсии зидди фасод


Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ, ба ҳайси шоҳиди парвандаи "исфарагиҳо" мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст.

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули парвандаи пуровозаи "исфарагиҳо" ба сифати шоҳид ба Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон даъват ва тавассути бозрасони ин ниҳод мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки додраси Додгоҳи олӣ дирӯз (12-уми июн) аз тарафи муфаттишони ин Оҷонсӣ даъват ва вобаста ба қазияи исфарагиҳо мавриди пурсиш қарор гирифт.

Раиси Оҷонси мубориза алайҳи фасод аз ҷузъиёти суолу ҷавоби бозрасон ва додраси Додгоҳи олӣ худдорӣ кард, аммо гуфт, Нуров дар ҳоли ҳозир ба сифати шоҳид даъват шудааст.

Дар зимн, Нур Эрмонович Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дошта ва аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 нафар аз сокинони Исфараро, ки ба қазияи Низомхон Ҷӯраев, мудири пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд иртибот дорад, бар ӯҳда доштааст.

Баъд аз эълони ҳукми ин 33 нафар сокинони Исфара аз тарафи Нуров, Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, алайҳи он эътироз оварда ва муҳокимаи ин қазияро ноодилона хонда буд. Қазияи мазкур дар расонаҳои хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон низ бозтоби густарда пайдо кард ва ҳатто се нафар аз додрасҳо ба шумули Нур Нуров бархе аз нашрияҳои чопи Душанберо дар инъикоси нодурусти мурофиаи мазкур ба додгоҳ кашида ва ба миқдори 5 миллион сомонӣ дархости зарари маънавӣ карда буданд.

Ҳамакнун дар парвандаи пурсарусадои "исфарагиҳо" баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Маскави Русия ба Душанбе ва мавриди таҳқиқи дубора қарор гирифтани ин он ҳолатҳои наве пеш меоянд. Аз ҷумла, дар як моҳи ахир вобаста ба қазияи Низомхон Ҷӯраев ва 33 нафар аз исфарагиҳо ду вакили дифоъ ва як нафар корманди пешини додситонӣ боздошт шуданд.

Истеъфои додситони пешини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Эмом Ғойибов ва ёвари додситони вилояти Суғд Очил Одилов низ ба ин қазия марбут донгиста мешавад.

Бо ин ҳол, Нур Нуров -- додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле ба унвони шоҳид аз тарафи бозрасони Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор мегирад, ки бар тибқи қонунгузории Тоҷикистон додрасҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд ва барои дастгир ва ба ҳабси пешакӣ кашидани онҳо бояд Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ин ҳуқуқро лағв намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG