Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили дигари парвандаи Низомхон Ҷӯраев боздошт шуд


Санади иҷозаи ҳабси Бердиқул Расуловро додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир кардааст.

Санади иҷозаи ҳабси Бердиқул Расуловро додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир кардааст.

Оҷонси мубориза бо фасод Бердиқул Расулов, яке аз вакилони дифоъ дар парвандаи Н. Ҷӯраевро дастгир кардааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард.

Ҷаноби Саидов аз шарҳи ҷузъиёти ин боздошт ва иттиҳоми ворида алайҳи ин вакили дифоъ ба хотири халал нарасонидан дар ҷараёни бозрасӣ худдорӣ намуд.

Вале бар пояи иттиллои манобеи огоҳ, Бердиқул Расулов дар асоси моддаи 247 ва 320-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикитстон, яъне "қаллобӣ" ва "додани пора" боздошт шудааст. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, санади иҷозаи ҳабси ӯро додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт содир кардааст.

Гуфта мешавад, Бердиқул Расулов, вакили дифои Толиб Ҷӯраев, бародари Низомхон Ҷӯраев, ки ӯ низ маҳкум ба зиндон шудааст, ба ҳайси миёнрав байни додрас, муфаттиш ва пайвандони нафари зери ҳимояташ маблағи калон гирифтааст. Ин манобеъ мегӯянд, дар ҷараёни тафтиши муқаддамотӣ (пешакӣ), вакили дифои боздоштшуда ба гуноҳи содиркардааш иқрор шудааст.

Бердиқул Расулов, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури вобаста ба Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон буда, ба ҳангоми муҳокимаи додгоҳии қазияи исфарагиҳо дар Додгоҳи олӣ аз Толиб Ҷӯраев - бародари Низомхон Ҷӯраев ҳимоят мекардааст.

Зимнан, ин дуввумин мавриди боздошти вакили дифои "парвандаи пурсарусадои исфарагиҳо" баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев, мудири пешини Корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд аз боздоштгоҳи Маскави Русия ба Душанбе мебошад.

Қабл аз ин Рустам Олимов, як вакили дифои дигар, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи мазкур ба ҳайси муфаттиш дар Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолият мекард, бо айни ҳамин иттиҳом дастгир шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир бар зидди Бердиқул Расулов, вакили дифоъ, аз тарафи Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда ва бозрасӣ идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG