Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва ёвари додситони вилояти Суғд аз мақомашон истеъфо доданд.

Генерал-майори адлия Имом Ғоибов, додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва полковники адлия Одил Очилов, ёвари додситони вилояти Суғд аз мақомҳои худ ба таври ғайриинтизор истеъфо доданд.

Як манбаи наздик ба Додситони кулли Тоҷикистон бо «хоҳиши худ» аз мақомҳо канор рафтани ин ду корманди додситониро таъйид, вале аз шарҳи далели чунин тасмими ғайримунтазира худдорӣ кард. Ин ду корманди додситонӣ солҳои 2007-2008 раҳбар ва муовини раҳбари гурӯҳи тафтишотии Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод буданд, ки тафтиши парвандаи пурсарусадои Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакил дар Маҷлиси вилояти Суғд ва сарвари корхонаи кимиёи Исфараро бар ӯҳда дошт.

Манбаҳои расмӣ иртиботи хабари истеъфои ин ду мақоми масъули додситониро бо қазияи Низомхон Ҷӯраев таъйд ва ё такзиб намекунанд. Аммо азбаски ин истеъфо баъди бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе ва шурӯъи таҳқиқи парвандааш аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон иттифоқ афтодааст, бархе аз манобеъ ба алоқамандии ин ду ҳодиса шак надоранд.

Аммо ин танҳо иттифоқот дар қазияи Низомхон Ҷӯраев нест. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои ӯ ба Радиои Озодӣ шароити будубоши Низомхон Ҷӯраевро дар Душанбе шарҳ дод. Вай хабари мақомот дар бораи будубоши озодонаи нафари таҳти ҳимояташ дар Душанберо таъйид карда гуфт: «Аммо гуфтан мумкин аст, ки ӯ дар нимозодӣ аст, яъне дар озодӣ аст, аммо ҳамроҳаш одам ҳаст. Воқеан, ба ҳаёташ хатар таҳдид мекунад. Сабаби ошкор нашуданаш ҳам ҳамин аст. Бо хатти мамнӯъулхуруҷӣ мегардад, аммо ба хотири амнияташ ҷои будубошашро хабар намедиҳанд.»

Қаблан расонаҳо аз қавли мақомот хабар пахш карда буданд, ки Низомхон Ҷӯраев дар озодӣ ба сар мебарад, аммо иддае ҳам бо ин гумон, ки ҷиноятҳои ӯ вазнин маҳсуб мешаванд, озодиашро таҳти суол бурда буданд. Ҷаноби Насруллоев мегӯяд, озодии Ҷӯраев бар асоси Эъломияи Минск, ки соли 1993 миёни кишварҳои ИДМ (СНГ) ба имзо расидааст, қонунӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи ин Эъломия, нафаре, ки аз сӯи як кишвари иттиҳод боздошт ва ҳам озод шудааст, дар кишвари дигар то анҷоми таҳқиқи парвандааш бояд дар озодӣ бошад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, тафтишоти парвандаи Ҷӯраев дар ҳоли ҳозир то ҷое такмил шудаву қисмате аз ҷурмҳояш собит ва бархе ҳам собит нашудаанд.

Рустам Олимов, дар гузашта айбдоркунандаи давлатии, ба истилоҳ «парвандаи исфарагиҳо» аз Додситонии кулл буд, аммо ҳоло вакили дифои ин парванда аст, ки дар робита бо қазияи Низомхон Ҷӯраев зиндонӣ шудани 33 сокини Исфара, аз ҷумла бародаронашро аз 10 то 25 сол ба дунбол дошт. Вай мегӯяд, собит нашудани бархе аз ҷурмҳои Ҷӯраев умедҳоро барои бозбинии ин парванда низ афзун мекунад.

Ӯ афзуд, «азбаски тафтишот бурда шуда буд, нисбати ин парванда алоҳида истеҳсолот вуҷуд дорад. Аз рӯи қонун бояд мақомот дар бозбинии парванда иқдом кунанд. Аммо то куҷо иқдом мешавад, мо мунтазирем. Мо бояд қазияро тариқи тафтишоту суд ба баррасӣ кашем. Ҳоло бархе назарҳои ҳуқуқиву қонунӣ ҳаст, ки моро нигоҳ медорад.»

Таҳаввулоти ахир, ки дар робита ба парвандаи пурсарусадои Низомхон Ҷӯраев сурат мегиранд, ба қавли огоҳони ҳол, парда аз рӯи хеле аз асрори то ба имрӯз нуҳуфта бардоштааст. Аммо хомӯшии мақомотро гувоҳи он медонанд, ки таҳаввулоти дигар, аз ҷумла марбут ба даст доштани масъулони сатҳи болоиро низ ба дунбол борад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG