Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Қурбонов зери фишор истеъфо дод


Сӯҳроб Қурбонов

Сӯҳроб Қурбонов

Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов пас аз қариб 30 соли раҳбарӣ аз мақоми худ истеъфо дод

То баргузории анҷумани навбатии Иттифоқи рассомон Ҷамшед Юнусов иҷрокунандаи вазифаи раиси ин созмон таъйин шудааст.

Ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ин иттиҳодияи эҷодӣ дар заминаи даъвои ду тараф ба сари дороии ин ниҳод, дар ростои фурӯпошӣ қарор гирифтааст. Як гурӯҳ наққошони тоҷик сарвари ин боргоҳ Сӯҳроб Қурбоновро ба дастдарозӣ ба дороии Иттиҳоди рассомон муттаҳам мекунанд. Шикояти онҳо мавриди баррасии Додситонии кулли Тоҷикистон қарор ёфтааст.

Норозиён мегӯянд, бо вуҷуди шикоятҳои зиёд Қурбонов бо ҷонибдорони худ дар моҳи августи соли гузашта анҷумани ин иттиҳодияро баргузор карда, ба сурати ғайриқонунӣ аз нав раиси ин ниҳод интихоб шудааст. Ба ғайр аз ин, ӯ дар давоми раҳбарияш тамоми дороии ин ниҳод, бо шумули бинои чаҳортабақа дар маркази пойтахт ва бинои дигари иттиҳодияро дар вилояти Суғд аз худ кардааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин мегӯяд, ки акнун Иттиҳодия тақрибан пароканда шуда, наққошон барои баргузории намоишҳои худ ҷой надоранд.

Аммо Сӯҳроб Қурбонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, норозигии бархе аз рассомони кишвар аз фаъолияти ӯ дар ҳолест, ки ҳам Додситонии кул ва ҳам Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон дар солҳои мухталиф фаъолияти Иттиҳодияи рассомонро тафтиш кардаанд.

Сӯҳроб Қурбонов: "Аввал, ин ки бо ихтиёри худам рафтанӣ будам, аммо намонданд. Дуввум, ки синну солам ба нафақа аст ва аз ин сабаб низ аз ин мақом рафтанӣ будам. Сеюм, ки барои ман кори эҷодӣ даркор ва бояд ба эҷод машғул шавам. Муддати 20 сол идораи мо аз давлат кӯмаке нагирифтааст. Шахсан даҳ сол бе маош кор кардам. Бо ин ҳам агар рафтор (бархӯрд) -и давлату мардум ҳамин хел бошад, майлаш ман рафтам."

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун, ки Шумо дар зери фишори кормандон истеъфо додед, чӣ кор хоҳед кард?

Сӯҳроб Қурбонов: "Албатта, кори эҷодӣ мекунам. Биёед, бубинед, кори зиёде дорам, ки бояд онро анҷом бидиҳам."

Радиои Озодӣ: Чун додситонӣ ба таҳқиқи Иттиҳодияи рассомон машғул буд, он ба куҷо расид?

Сӯҳроб Қурбонов: "Бале, ҳам Оҷонсии мубориза бо коррупсия тафтиш кард, ҳам Додситонии кулл. Ҳатто Додситонии кулл даҳ сол пеш ҳам ва ахиран се моҳи пеш низ тафтиш кард, дар идора ҳеҷ чиз наёфтанд. Тӯҳмате, ки карда буданд исбот нашуд. "




Радиои Озодӣ: Вале иддаоҳое, ки баъзе аз кормандони Шумо дар мавриди хусусӣ кардани моликияти Иттифоқи рассомон, бахусус табақаи аввали Иттифоқ ва бӯстонсарои ин муассиса собит нашуд?

Сӯҳроб Қурбонов: "Ончи онҳо мегӯянд, ман онҳоро хусусӣ кардаам, воқеият дорад. Якум ин ки 20 соли пеш ман табақаи аввалро ба "Сӯҳроб Арт Галерея" табдил додам ва санадҳои он ҳама сад дар сад дурустанд. Чун Иттифоқ ягон маблағ надорад ва маош ҳам дода наметавонад. Бо маслиҳати Кумитаи давлатии амвол, табақаи аввалро фурӯхтем, аммо боз аз андоз қарздор шуд ва баъд ман онро харидам ва онҷоро барои рассомон дуруст кардам то маҳсули дасташонро ба намоиш гузоранд. Ман он ҷо на ресторан кушодам, на дӯкон (магазин) кардам ва на ҷои даромад. Балки барои рассомон аз ҳисоби худам онҷоро таъмир кардам. Рассомон низ маҳсули эҷодии худро ба намоиш мегузоранд. Танҳо дар як соли ахир, панҷ намоишгоҳи нақшу мусаввараи рассомон гузошта шуд.
Дар мавриди бӯстонсаро ё дача ман 8-9 сол пеш онро харидам. Чун вақте, ки сарвазиру дигарон, инчунин Ғуломов рафта буданд ва гуфтанд, ки обод кунед, Худфонд (Фонди бадеӣ) он вақт пул надошт, то ин бӯстонсароро нигоҳубин кунад. Баъд эълон кардем, ки касе метавонад, гирад, то ки дасти бегона наафтад. Ҳеҷ кас пайдо нашуд ва ман худам харидам ва ободаш кардам. Мехостам музей (осорхона) кунам, аммо зӯрам нарасид. Тамом. Дигар он ҷойи даромаде ҳам нест. Лекин худи раиси ҷумҳур ҳам мегӯяд, созед, обод кунед барои таърихи нав ва мардум. Ба ин далел ман обод кардам, то таърих бошад."

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун Ҷамшед Юнусов, муваққатан то замони баргузории Анҷумани Иттифоқи рассомон ба мақоми раҳбари Иттифоқ таъйин шудааст. Оё мухолифони Шумо бо интихоби вай қонеъ ва ором хоҳанд шуд ё хайр?

Сӯҳроб Қурбонов: "Ҷамшед Юнусов дар анҷумани охирон аъзои раёсат интихоб шуд. Вай ҷавони боғайрат, ҳоло кор карда истодааст, қувваташ низ мерасад. Агар дар анҷумани навбатӣ интихоб шавад, хуб, агар не, анҷуман боз каси дигарро интихоб хоҳад кард. Аммо як-ду нафаре ҳастанд, ки ҳоло ҳам ором нестанд. Чун онҳо рассом нестанд. Яке аз онҳо Вафо Назаров, вай рассом нест ва метавонед, ки аз дигар рассомон низ пурсед. Вай худро Президенти Академияи рассомии кӯчагӣ таъйин кард. Инҷо гапу кор чуқуртар. Иморати Иттифоқро бо роҳи фиребгарӣ гирифтанд. Ду рассомро устохонаашро кашида гирифтанд барои хешу таборашон - сармуҳосиб (главний бухгалтер). Ҳарчанд одамҳо арз мекунанд, касе гӯш ҳам намекунад."

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун, ки Шумо аз мақоми раиси Иттифоқи рассомон канор рафтед, чӣ назар доред, оё ин мухолифатҳо поён ёфтанд ё хайр?

Сӯҳроб Қурбонов: "Ман намедонам, ки чӣ мешавад ё намешавад. Лекин бо ҳамин ба фикрам таърифи Иттифоқи рассомон тамом мешавад. Чун одамони фиребгару бегона ба Иттифоқ дастдарозӣ доранд. Гапи онҳо мегузараду ҳарфи ҳунарманд не."

Радиои Озодӣ: Хуб, Шумо, ки худро ҳақ мепиндоред, чаро ба ҷое муроҷиат намекунед, то аз худ дифоъ кунед?

Сӯҳроб Қурбонов: "Ман чанд ҷо муроҷиат кардам, гапи ман намегузарад. Ба чанд ҷо, аз ҷумла ба Президент ҳам навиштам. Дар ҳоле, ки ман одами ҳунарманд ва унвондору вазифадор ҳастам, аммо касе аз ман намепурсад, даъват ҳам намекунанд ва намепурсанд, ки чӣ шуд ва чӣ ҳаст қазия? Ҳеҷ гап не, таърих воқеъбин аст. Рӯдакиро кӯр карданд, Фирдавсиро пеш карданд, Синову дигару дигаронро азият доданд, аммо дар таърих монданд. Ин хел ҳодисаҳо дар таърих бисёр. Хайр ҳеҷ гап нест, ба истилоҳ "народ любить обиженных."

Радиои Озодӣ: Пас, фикр мекунед, ин баҳсҳо атрофи Шумо барномарезишуда аст?

Сӯҳроб Қурбонов: "Фикр мекунам, ин кор ташкил карда шудааст. Аммо ман одами эҷодӣ ҳастам ва бигузоранд то кори эҷодиамро давом диҳам. Мақсади ман номи Тоҷикистонро боз бо асарҳоям ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан ва нишон додан мебошад. Муддати сӣ сол ман ба касе бадӣ накардам, баръакс ҳар чӣ аз дастам омад кӯмак кардам. 20 соли ахир низ кӯшиш кардам, ки иттифоқро нигоҳ дорам то рушд кунад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG