Пайвандҳои дастрасӣ

Барканориҳо. Аз Ҳоҷӣ Мирзо то Мулло Абдураҳим


Мулло Абдураҳим, имом-хатиби масҷиди "Қазоқон" дар шаҳри Душанбе.

Мулло Абдураҳим, имом-хатиби масҷиди "Қазоқон" дар шаҳри Душанбе.

Бино бар хабарҳо, дар масҷидҳои Тоҷикистон як раванди қадам ба қадами табдили имом-хатибон ҷараён дорад.

Васоити ахбори ом дар ҳоле ба ин раванд таваҷҷӯҳ карданд, ки хабари барканории Мулло Абдураҳим (Раҳим Назаров), имом-хатиби масҷиди "Қазоқон" дар шаҳри Душанбе расонаӣ шуд.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ барканорияшро тасдиқ намуда гуфт, ҳанӯз аввалҳои моҳи декабри соли гузашта дархости истеъфо карда буд, замоне ки Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди Тӯраҷонзодаҳо баёния паҳн карда, аз ҳамаи имом-хатибон хост, онро дар намози ҷумъа қироат кунанд. Дар баёнияи Шӯрои уламо бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои баргузории маросими ёдбуди қатли Имом Ҳусайн дар масҷиди хонаводагии худ "ба "шиагароӣ" мутаҳҳам мешаванд.

Аммо Мулло Абдураҳим ин баёнияро барои он ки, ба гуфтаи ӯ, далел надорад, қироат накардааст. Вай афзуд, Ростӣ, ман пешакӣ гуфтам, ки ин баёнияро намехонам. Ҳамон вақте ки он коғазро дар дастам доданд, гуфтам, ҳуҷҷату далел надорад, онро хонда наметавонам. Бе ҳуҷҷату далел ман наметавонам, ки дар ҳаққи як кас бӯҳтон бизанам." Ин рӯҳонии тоҷик гуфт, ки ба зудӣ ба Русия хоҳад рафт.

Мавлон Мухторов

Мавлон Мухторов

Дар зимн, танҳо Мулло Абдураҳим нест, ки ба иллати сарпечӣ аз қироати баёнияи баҳсбарангези Шӯрои уламо алайҳи бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз вазифааш сабукдӯш шудааст. Аз ин пештар, дар ноҳияи Ашту Рӯдакӣ ва бархе аз ноҳияҳои дигар чанде аз имом-хатибон низ ба далели қироат накардани он аз кор ронда шуданд.

Вале Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барканории имом-хатибони бархе аз масоҷид ба қазияи Тӯраҷонзодаҳо иртибот надорад. Ҷаноби Мавлонов афзуд, номзадии имом-хатиби масҷид бо пешниҳоди муассисон ва розигии ниҳоди масъули давлатӣ таъйид мешавад, вале Кумитаи дин дар ҳоли ҳозир аз ҳеҷ яке аз шӯъбаҳои худ кадом санадеро ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар масъалаи таъйиди номзадии имомхатибҳои нав дарёфт накардааст.

"Аслан ҳайати муассисон ҳақ доранд, ки интихоб намоянд ва сабукдӯш кунанд. Баъд аз он ки имом-хатиб ва ё хатиб интихоб мешавад, барои мувофиқа ба Кумита бояд мактуб ояд. Аммо то ҳанӯз ҳуҷҷате барои мувофиқа ба мо наомадааст",-гуфт ӯ.

Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо

Қаблан, Ҳоҷӣ Мирзо -- имом-хатиби масҷиди "Ҳилоли Аҳмар"-и шаҳри Кӯлоб, Ҳабибуллои Аъзамхон -- имомхатиби масҷиди "Сари Осиё"-и пойтахт, Эшони Нуриддин аз имом-хатибии масҷиди "Муҳаммадия", домулло Абдураҳими Аштӣ ва тибқи охирин хабари расида домулло Абдумалик, ки тайи бист соли ахир имом-хатибии масҷиди "Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд" дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт, аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Ба бовари соҳибназарони умури мазҳабӣ барканории уламои донишманд ва соҳибмақом аз вазифаҳо эътибори давлатро миёни ҷомеа коҳиш медиҳад. Маҳмудҷони Файзраҳмон, коршиноси умури мазҳабӣ, мегӯяд, дар ҳоле ки давлат метавонад рӯҳониёнро барои таҳкими субот ва ваҳдат истифода барад, онҳоро ба ҳошия меронад, ки натиҷаи хуб нахоҳад дошт.

Бо ин ҳол, исми Мулло Абдураҳим, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ба ҳангоми баҳсҳо бо пайравони ҷараёни "Салафия" дар чанд соли пеш сари забонҳо омад. Ӯ ба шиддат аз мазҳаби ҳанафӣ ҷонибдорӣ карда, пайравони ин ҷараёнро дар эҷоди тафриқа миёни мусулмонони тоҷик муттаҳам мекард. Зимнан, Мулло Абдураҳим хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, ҳамчун донандаи хуби улуми динӣ ва шахси дорои дидгоҳҳои мӯътадил эътироф шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG