Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Хатлон аз шеваи бозгашти ин толибилмон ва фарогирии онҳо ба таҳсилу ҷои кор нигаронӣ мекунанд.

Нусратулло Мирзоев, муовини сардори раёсати амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, дар нишасти шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти қудратии минтақа гуфт, муҳимтарин коре, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ва интизомӣ бояд анҷом диҳанд, дақиқ кардани шумораи муҳассилони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ барои ин донишҷӯён ва ба таълиму таҳсил фаро гирифтани онҳо мебошад.

МАСИРИ НОРӮШАНИ ТОЛИБИЛМОНИ БОЗГАШТА

Вай афзуд, то ҳанӯз 100 толибилми тоҷик, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои хориҷии исломӣ рафтаанд, ба ватан барнагаштаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 225 ҷавони бозгашта ба зодгоҳҳои худ, дубора бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ, ба қасди Русия, тарки Тоҷикистон кардаанд.

Муовини сардори раёсати амнияти миллии Хатлон гуфт: «Ягон нафар, на аз масъулони ҳукуматҳо, аз шаҳру ноҳия, аз деҳот гуфта наметавонад, ки ҳамин одамон дақиқан ба мардикорӣ рафтаанд. Инҳо мераванд ба Русия ва аз он ҷо чипта харидорӣ карда, мераванд ба

кишварҳое, ки таҳсилу будубош мекарданд. Беназорат. Барои ҳамин, агар мо дар ҷойҳо корҳои ташвиқотию таблиғотиро дуруст ба роҳ намонем, аз як тараф он ҷавонон бармегарданд ба ватан (барои он, ки ба падару модарашон гап нарасад), баъдан бо баҳонаи Русия мардикорӣ рафтан, тарки Тоҷикистон мекунанд. Дар он ҷо онҳоро ҳаракату ҳизбҳои оппозитсионию ифротгаро ҷалб карда, ба муқобили Тоҷикистон истифода карда метавонанд…»

КАШФИ 47 МАКТАБИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ

Ҷаноби Мирзоев таъкид кард, ки дар сафарбарии ҷавонону наврасон ба мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷӣ, дар бештари маврид, имом-хатибони масоҷид ва мударрисоне миёнаравӣ мекунанд, ки ба онҳо таълими динӣ медиҳанд. Дар зарфи як соли ахир дар қаламрави вилояти Хатлон 47 гурӯҳ ё мактаби ғайрирасмии таълими динӣ ошкор шудааст, ки беш аз 400 наврасу ҷавонро ба тадриси ғайрирасмӣ фаро гирифта буданд. Ба иддаои муовини сардори раёсати амнияти миллии Хатлон, донишҳои нокофии динии имом-хатибон ва мударрисони маҳаллӣ ба зеҳни шогирдонашон таъсири манфӣ расонида, ба тафриқаандозӣ дар ҷомеа ва пайдоиши ҷараёнҳои ифротие назири «Салафия» ва «Ҷамоати таблиғ» сабаб шудааст.

«Аз ин рӯ, моро мебояд ба зудтарин фурсат умури таблиғотиро таҳким дода, барои машғул доштани ҷавонону наврасони бозгашта тадбирҳо андешем», - гуфт Н. Мирзоев.

ТОЛИБИЛМОН ДУБОРА ПАС МЕГАРДАНД

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфзода,
Юсуфҷон Юсуфзода, муовини аввали додситони вилояти Хатлон

муовини аввали додситони вилояти Хатлон, таъсис надодани ҷойҳои корӣ ва нарасонидани кӯмакҳои саривақтии иҷтимоӣ ба ҷавонони бозгашта аз кишварҳои исломӣ, ки нишонаи бемасъулиятии ниҳодҳои дахлдори ҳукуматист, сабаби бурузи норозигӣ ва дубора тарки кишвар кардани онҳо шудааст: «Мо ин қадар бонги хатар мезанем, даъват мекунем, маблағҳо сарф карда, ҷавононро аз хориҷа ба ватан бармегардонем, аммо аз ҳама хавфноктарин он аст, ки онҳо дубора ба хориҷа мераванд. Бо ҳар роҳу восита. Асосан, бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ. Барои чӣ мо имконияти таъмин кардани онҳоро бо кор наёфтем?! Шароити мусоид фароҳам накардем, ки дар ҳамин ҷо кору зиндагӣ ва таҳсил намоянд. Баргашта рафтани онҳо аллакай маънои норозӣ будани онҳоро аз сиёсат, аз сатҳи зиндагии имрӯзаи мардуми моро дорад. Ин аниқ аст. Бояд барои ислоҳи ин вазъ талош кард…»

Муовини додситони минтақа аз ҷумла аз кумитаи умури дин ва ожонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнати вилояти Хатлон интиқод кард, ки барои таҳсил ё таъмини кори бомузд барои ҷавонони баргашта ба ватан шароити мусоид фароҳам накардаанд.

"ҲЕҶ НИҲОД ҲАҚҚИ МАНЪИ РАВУО БА ХОРИҶРО НАДОРАД."

Вале Бобохон Шарбатов, мудири шӯъбаи умури дин дар ҳукумати вилояти Хатлон гуфт, ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад, ки монеъи равуои шаҳрвандон ба хориҷа шавад. Вай афзуд, аксари шаҳрвандон дар ҳуҷҷатҳо ҳадафи сафари худро муҳоҷирати корӣ ё ҷаҳонгардӣ шарҳ медиҳанд, биноан, агар касе пеши роҳи онҳоро бигирад, қонуни асосии кишвар ва ҳуқуқҳои шаҳрвандиашонро поймол мекунад.

Вале ба гуфтаи ҷаноби Шарбатов, аз ҷамъи 820 толибилми баргашта ба ватан, феълан 485 нафарашон дар қаламрави вилояти Хатлон бо ҷойи кор таъмин буда, шуғли бомузди доимӣ доранд: «Онҳо асосан бо корҳои хоҷагӣ, деҳқонӣ, соҳибкорӣ дар бозор сарукор доранд. 64 навраси сини мактабӣ баъди бозгашт ба ватан, ба таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят фаро гирифта
Бобохон Шарбатов, мудири шӯъбаи умури дин дар ҳукумати вилояти Хатлон

шудаанд. Ҳамчунин 26 ҷавон ба артиши миллӣ сафарбар гардиданд. 10 нафарашон дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсили худро идома дода истодаанд. Мо нақшаи корӣ дорем, ки ҷавонони дигари баргаштаро ҳам вобаста ба маълумот, ҳунар ва тахассусашон бо кор таъмин намоем…»

Мақомоти Хатлон дар маҳалли зисти худ машғул доштани муҳассилони собиқи мадрасаҳои хориҷиро роҳи аслии ҷилавгирӣ аз дубора тарки кишвар кардани ин ҷавонон ё гароиши онҳо ба ҳаракату созмонҳои тундгаро унвон мекунанд.

Бар пояи гузориши раёсати амнияти миллии вилояти Хатлон, теъдоди донишҷӯёне, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои исломӣ таҳсил мекунанд, болиғ аз ду ҳазор нафар аст, аммо раёсати умури дохилии вилоят мегӯяд, 800 нафар ва ҳукумат бошад, иддао дорад, ки ин шумора наздик ба 930 нафар аст. Шӯрои ҳамоҳангсозии ниҳодҳои қудратии Хатлон иқрор мекунад, ки тафовут дар рақамҳо натиҷаи кори заиф ва набуди ҳамоҳангӣ дар миёни мақомот мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG