Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонии саршинос Эшони Нуриддин имомхатибии масҷиди "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдатро ба бародараш вогузор кард.

Истеъфои ӯ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 10 имомхатиби масоҷиди Душанбе низ аз мақомашон барканор шудаанд. Мақомоти давлат мегӯянд, ин дигаргунӣ на бо мудохилаи онҳо, балки бо хости худи намозгузуорон ба вуқӯъ пайвастааст.

Аммо чанде аз намогузорон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтаанд, имомхатибони нав бидуни ширкати намозгузорон ва дар ҳузури намояндагони мақомоти давлат муаррифӣ шудаанд.

Бархе аз нозирони маҳаллӣ мегӯянд, чанд рӯз пеш аз воқеа дар шаҳр овозаҳое буд, ки бархе аз имомхатибон аз мақомашон барканор хоҳанд шуд.

Истеъфои Эшони Нуриддин

Ин рӯҳонӣ, ки дар моҳи октябри соли гузашта барои як "гуфтугӯи дӯстона" ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд, масъулияти сарварии масҷиди ҷомеи Муҳаммадияро бар дӯши бародари худ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода гузоштааст.

Сабаби аз мақомаш канор рафтани Эшони Нуриддинҷонро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар он медонад, ки бародари бузургаш ширкат кардан дар маҷолиси расмиро чандон хуш надорад ва ба ин гуна расмиятҳо одат накардааст, аз ин рӯ қарор шудааст, ки Маҳмудҷон Тӯраҷонзода вазифаи имом- хатибиро бар дӯш дошта бошад.



Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон номгӯи 60 мавзӯъро барои мавъизаҳо ба имом-хатибон пешниҳод кардааст. Дар гузашта бархе аз мавъизаҳои Эшони Нуриддин рӯҳияи шадид ва интиқодӣ касб дошта, даҳҳо навори чунин мавъизаҳо мусодира ва маҳв шудаанд. Эҳтимол меравад, ин рӯҳонӣ нахоста бошад, ба дастури мақомот дар интихоби мавзӯъи сӯҳбатҳои намози ҷумъа итоат кунад.

Аз ин ба баъд Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, яке аз дигар аз донишмандони хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо масъулияти имомхатибии ин масҷидро ба ӯҳда хоҳад дошт ва бародари аршадаш Эшони Нуриддинҷон ба симмати ноиби хатиби масҷиди ҷомеъи Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат, яъне муовини Маҳмудҷон Тӯраҷонзода фаъолият хоҳад кард.

Сабабҳои эҳтимолӣ

Бархе аз коршиносон барканории 10 имомхатиби масоҷиди Душанберо ба талошҳои давлат дар муқобили дингароии афзояндаи аҳолӣ ва густариши ақидаҳои тундравонаи мазҳабӣ бастагӣ медиҳанд. Рӯйдодҳои чанд моҳи охир намуна оварда мешаванд, ки баргардони донишҷӯёни тоҷик аз мадориси кишварҳои исломӣ, бастани масҷидҳои бидуни сабтином, таъқибу боздошти ҷавонони ришдор аз ҷумлаи онҳоянд.

Матбуоти Ғарб менависад, баъд аз рӯёрӯии шадид бо ситезаҷӯён дар манотиқи шарқии кишвар, давлати Тоҷикистон аз афзоиши тундгароӣ ва эҳтимоли нооромиҳои иҷтимоӣ ҳарос дорад. Аммо коршиноси бритониёӣ Ҷон Ҳитерша мегӯяд, мушкил дар он аст, ки ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҳанӯз шеваи бархӯрди хешро бо дингароии мардумаш муайян накардааст ва аз қолабҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ кор мегирад.

Эшон мояи нигаронӣ буд

Эшони Нуриддинҷон аз ҷумли воизони маъруфи кишвар аст, ки дар байни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буда мавъизаву гуфторҳои вай ҳаводорони зиёде дорад. Аммо маъмурони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар мавъизаҳояш тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, дунявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда мешавад. Эшони Нуриддин гуфт, мақомот мавъизаҳои ӯ, аз ҷумла дар мавриди ҳаром будани шароб ва зиноро муғойир ба қонунҳои давлати демократие чун Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Вай афзуд, ҳамчунин мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ оромиши ҷомеъаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин мухолифаташ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, гуфт, аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эълом доштани соли Имоми Аъзам, мавқеъгириҳои байнулмилалиаш дар мавриди исломро ҷонибдорӣ мекунад.

Баъд аз се даъват барои гуфтугӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Эшони Нуриддинҷон гуфта буд, дар сурати идома пайдо кардани фишорҳои ҳукумат бар ӯ ва дар ҳоли маҳрум кардани ӯ аз минбараш Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон, ки он ҷо низ ҳаводоронаш зиёданд, тарк хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG