Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прокурори Хуҷанд "бо хоҳиши худ" барканор шудааст


Абдураҳим Раҳимов, додситони шаҳри Хуҷанд, аз масъулият сабукдӯш шудааст.

Файзимад Каримов, сардори раёсати кадрҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 22-юми май ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ҷаноби Каримов гуфт, дар фармони барканории додситони пешини шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад, ки ӯ "бо хоҳиши худ" ва "бинобар сабабҳои оилавӣ" аз кор рафтааст.

Аммо як манбаи огоҳ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки Абдураҳим Раҳимов, бинобар ҷой доштани камбуд дар фаъолияташ аз мақом барканор шудааст. Манобеи огоҳ мегӯянд, додситони пешини шаҳри Хуҷанд бо чанде аз соҳибкорони ин минтақа мушкил доштааст ва дар пайи таъйиди шикояти онҳо дар Додситонии кулл аз вазифа сабукдӯш шудааст.

Абдураҳим Раҳимов, генерал-майори адлия, барои бори дуввум дар шаҳри Хуҷанд додситон таъйин шуда буд. Ӯ чанд муддат дар вилояти Хатлон низ дар вазифаи додситони вилоят фаъолият кардааст. Дар солҳои пеш ба ҳайси муфаттиш ва сипас ба сифтати муовин дар додситонии ноҳияи Исфара кор кардааст.

Зимнан, дар ҳафтаи гузашта ду намояндаи баландмақоми додситонӣ яке Эмом Ғойибов, додситони ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва Одил Очилов, ёвари додситони вилояти Суғд аз вазифаҳо канор рафтанд. Ба тасдиқи манобеи огоҳ ин ду корманди додситонӣ дар гузашта тафтиши парвандаи пурсарусадои Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакил дар Маҷлиси вилояти Суғд ва соҳибкор дар шаҳри Исфараро бар ӯҳда доштаанд.

Манобеъ иртибот доштани канорравии ин афроди масъул дар додситониро бо қазияи Низомхон Ҷӯраев таъйид ва ё такзиб намекунанд. Аммо гуфта мешавад, Абдураҳим Раҳимов замоне дар Исфара масъулияти муовинати додситониро дар ихтиёр доштааст, ки Эмом Ғойибов дар ин ноҳияи додситон будааст.

Бо ин ҳол Файзимад Каримов, сардори раёсати кадрҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ҳоло асноди Абдураҳим Раҳимов дар ихтиёри ин раёсат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG