Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти як сол аз анҷоми амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст водии Рашт ором ба назар мерасад.

Саймаҳмад Искандаров, сокини Шулмак, деҳае, ки дар наздики он 25 сарбозу афсари вазорати дифои Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳи силоҳбадастон ба ҳалокат расиданд, мегӯяд, пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум мардуми водии Рашт акнун нафас рост мекард. "Хеле ба худ омада, қоматамонро рост карда будем, ки боз ин ҳодисаҳо шуданд. Ин ҳодисаҳо рушди минтақаи моро боз то ба 10, ҳатто бештар аз 10 сол ба қафо кашиданд",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Бо ҳамлаи гурӯҳҳои силоҳбадаст ба корвони афсару сарбозони Вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки 19-уми сентябри соли 2010-ум иттифоқ афтод, дар водии Рашт амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ оғоз ёфт, ки бо марги Мулло Абдулло, аз сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар таърихи 16-уми апрели соли 2011-ум ба охир расид. Мақомоти расмӣ эълон доштанд, ки дар ҳудуди водӣ дигар ягон гурӯҳи мусаллаҳ намонд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Коршиносони маҳаллӣ далели аслии муваффақияти ҳукуматро дар ин амалиёт ба мардуми водӣ рабт медиҳанд, ки бо гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳамкорӣ накард. Диловари Мирзо, яке аз онҳо мегӯяд, ин бозии аз хориҷ таҳияшуда буд, ки мардум ба дарки он расиданд: "Рӯзҳое, ки гурӯҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло фаъолият доштанд, агар мардуми маҳаллӣ онҳоро дастгирӣ мекард, фоҷиаи мардуми Тоҷикистон хеле тӯлонӣ мешуд, хеле вазнин меомад. Лекин ягон кас ҳамроҳ нашуд. Ҳатто он қувваҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо онҳо буданд, бо онҳо ҳамроҳ нашуданд, баръакс зидди онҳо ба мубориза хестанд."

Дар ҳамин ҳол, амалиёти Рашт то ба имрӯз суолҳои зиёдро дар пай гузоштааст, ки посухи онҳо то ба ҳол аз сӯи мақомот дода нашудааст. Як идда суолҳо ба собиқ фармондеҳони мухолифин - Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров, ки дар ноамниҳои Рашт бо мақомот ҳамкорӣ доштанд, низ вуҷуд доранд. Ахириҳо то ба ҳол мекӯшанд, ки бо матбуот рӯбарӯ нашаванд.



Аммо ба қавли Рустам Одилов, коршиноси маҳаллӣ, ин ҳаводис мардумро то ба ҳол таҳти таъсири сахти равонӣ нигоҳ медорад: "Баъд аз ин кор мардум чунон тарсуе шудаанд, ки ҳис карда мешавад. Агар дастандаркорон мехостанд мардуми водиро тарсонанд, ба ҳадафи худ расидаанд. Мардумро сахт тарсонданд. Ба ин наздикӣ мардуми Рашт ба ҳеҷ ваҷҳ садо баланд намекунанд. Ин аниқ!"

Водии Рашт аз пойгоҳҳои қавии нерӯҳои исломӣ дар минтақаву Тоҷикистон ба шумор меояд. Аксари аъзои собиқадори Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зодагони маҳз ин водианд, ки ба қавли масъулони ҳизб аъзояш дар Рашт таҳти фишор қарор гирифтаанд. Маҳмад Насриддинов, сарвари ячейкаи ҲНИТ дар деҳаи Навободи ноҳияи Рашт мегӯяд, танҳо дар ин минтақа беш аз 700 узви Ҳизби наҳзат фаъолият доранд, ки ба сарваронаш мақомоти маҳаллӣ фишор меоранд: "Дар раҳу рӯ ангушти ишорат ба сӯямон мекунанд. Дар ҷаласаҳои ҳукумат бо мардум аслан роҳ намедиҳанд. Таблиғот алайҳи мо асосан аз сӯи ҳизби ҳоким ва намояндагони ҷамоатҳо мешавад. Моро тарс медиҳанд. Амниятиҳо моро ягон маротиба ҳам даъват накардаанд. Ҳама гап дар ҷамоатҳо, ки ғайриқонунӣ амал мекунанд."

Дар ҳамин ҳол, бо вазъи нави амниятии минтақа, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон пеш хоҳад омад, матбуоти Ғарб аз эҳтимоли бозгашти гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекунад ва дар навбати аввал зикри водии Рашт меравад. Ҳоло ин суол матраҳ мешавад, ки оё бурузи дигарбораи ноамниҳо дар водии Рашт бо ширкати нерӯҳои тундрави исломӣ имкон дорад?

Мустафо Рустамов, сарвари Раёсати ВКД дар водии Рашт мегӯяд, дар ҳоли ҳозир заминаҳои дохилии ноамниҳои эҳтимолии оянда дар минтақа комилан аз байн рафтаанд, аммо заминаҳои хориҷӣ вуҷуд доранд: "Ҳанӯз гурӯҳҳои дигари ҷинояткор вуҷуд доранд, ки дар хориҷи кишвар - Афғонистону Покистон фаъолият мекунанд ва аз сӯи кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, омодагӣ мебинанд. Ноамниҳо эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастанро доранд. Мо ҳам аз ҳамин хотир ин ҷо фаъолиятҳоямонро тақвият медиҳем."

Бино ба иттилои мақомот, тайи панҷ моҳи охир дар водии Рашт ягон ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин рух надодааст, аммо Мустафо Рустамов мегӯяд, дар минтақаҳои Тоҷикобод, Нуробод, Навобод ва Тавилдара биноҳои мустаҳкам ва дуошёнаи замонавӣ барои шӯъбаҳои милиса боз мешавад. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, бо вуҷуди анҷоми ноамниҳо хотири ҳукумат аз Рашт ҷамъ нест, зеро ҳамон гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷ аз кишвар умдатан аз сӯи зодагони он раҳбарӣ мешаванд ва водӣ то ҳоло як гуна дарвозаи вуруди онҳо ба Тоҷикистон будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG