Пайвандҳои дастрасӣ

"Табиб"-и Бедакӣ: "Танҳо вазифаамро иҷро кардам"


Лаҳзае аз гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо Абдулло Вазиров дар манзилаш дар Рашт.

Лаҳзае аз гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо Абдулло Вазиров дар манзилаш дар Рашт.

Гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ" бо Абдулло Вазиров, табибе, ки пас аз нооромиҳои Рашт боздошт ва муҷозот шуд.

Сӯҳбати мо бо Абдулло Вазиров, ки бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шудааст, дар деҳаи Мулло Бароти ноҳияи Рашт - зодгоҳи ӯ сурат гирифт. Нахустин суоли мо аз ӯ ин буд, ки оё чӣ тавр ва бо кадом сабаб ӯро мақомот боздошт карданд?

Абдулло Вазиров: “Зиндонӣ шудани банда ба Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ рабт дорад, ки сабабгори нооромиҳои ахир дар водии Рашт буд. Дар оғози ҳодисаҳо, вақте сарбозонро дар Камароб мавриди ҳамла қарор дода, кушта буданд, ман бо ҳамсарам ва писари маризам дар ноҳияи Ваҳдат барои табобат бо оби гарм рафта будем. Фарзандонамон ин ҷо буданд. Мо хавотир шудем ва баргаштем. Пас аз 6-7 рӯзи шурӯи ҳодисаҳо Алӣ барои бастани захми дасташ ба хонаи мо омад. Дасташро ҷароҳатбандӣ кардам ва ӯ рафт. Баъд аз он дар ҳукумат фикр карданд, ки мо бо ӯ ҳамкорӣ мекунем.”

Радиои Озодӣ: Шуморо бадоҳатан боздошт карданд?

Абдулло Вазиров: “Тақрибан баъд аз 15-20 рӯз буд, ки аз Кумитаи амният ба ҷои корам омаданд. Пурсиданд, ки оё Алии Бедакиро ман ҷарроҳӣ кардаам? Гуфтам, ки бале. Ҳамон замон норозигӣ карданд, ки чаро моро хабар накардед? Моҳи феврали соли 2011-ум, хато накунам, 17-уми феврал буд, ки бурдандам.”

Радиои Озодӣ: Оё Алии Бедакӣ ба Шумо таҳдид карда буд?

Абдулло Вазиров

Абдулло Вазиров

Абдулло Вазиров: “Не, аслан таҳдиде накард. Ӯ дар ғами ҷони худ буд. Ба гурезогурези худ машғул буд.”

Радиои Озодӣ: Баъд аз он ки боздошт карданд, оё Шуморо лату кӯб карданд?

Абдулло Вазиров: “Не, ин маврид аслан вуҷуд надошт. Аммо вазъи низомӣ буд. Ҳарду тараф силоҳ доштанд. Асаби ҳама вайрон буд. Баъзе гапу ҳарфҳои пасту баланд буду умуман шиканҷаву лату кӯб набуд. Шояд синну соламро ба назар гирифтанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо Шумо худро воқеан гунаҳкор ҳисоб мекунед, ки дар бораи як ҷинояткор ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодаед?

Абдулло Вазиров: “Мо дар замони Шӯравӣ мактаби олиро хатм карда будем. Дар шоҳидии 600-700 нафар профессору устодону донишҷӯён қасами Ҳиппократ (Буқрот) хӯрда будем, ки дар ҳеҷ шароит хиёнат ба ҷони инсони бемор намекунем. Новобаста аз он, ки ӯ дар кадом ҳизбу ҳаракат аст, вазифаи инсониву касбии мост, ки ӯро табобат кунем. Модда барои хабар надодан ин қонуни ҳукуматест, ки ҳукм меронад.”



Радиои Озодӣ: Вале чаро ин далелҳоро ба назар нагирифтанд?

Абдулло Вазиров: “Гапҳо хеле аҷиб буданд. Масалан, дар давраи Шӯравӣ агар ягон садамаи нақлиётӣ мешуд, ё як кас аз ягон ҷо меафтид, дар ҷанҷол захмӣ мешуд, мо вазифадор будем, ки зуд ба мақомот хабар диҳем, зеро асли ҳодисаро намедонистем ва номаълум буд, ки кас барои чӣ захмӣ шудааст. Ба ман гуфтанд, ки чаро қонуни давраи Шӯравиро риоя мекардеду қонунҳои имрӯзро не? Гуфтам, ки рост мегӯед, вале он давра давлати дигар буд, оромиву тинҷӣ, субот буд. Аммо ҳоло шароити ҷангист. Ҳозир ман Шуморо хабар мекунам, ӯ яроқ дар даст дорад, шабона меояд ва зану фарзанди маро мекушаду меравад. Пас, чӣ мешавад? Гуфтанд, ки мо Шуморо ҳимоят мекардем, кафолат медодем. Аммо гуфтам, охир, чӣ тавр кафолат мешавад, вақте постгоҳҳо дар гирди деҳа буданд, аммо Алӣ ба хонаи ман даромада омад?”

Радиои Озодӣ: Қариб як соли расо дар зиндони Ёвон будед. Шароити будубошатон чӣ гуна буд?

Абдулло Вазиров: “Шароити зиндон хеле вазнин буд. Муҳити сиёсиашро дар назар надорам, аммо муҳити инсонӣ вазнин буд. Онро бояд дид. Ба гуфтан намешавад тасвир кард. Дидан даркору дарк кардан даркор.”

Радиои Озодӣ: Аз ҳамин нохушие, ки ба саратон омад, чӣ хулоса кардед?

Абдулло Вазиров: “Бисёр аламовар аст. Вақте ба халқ хизмат мекуниву баъд дар охири кор меравӣ зиндонӣ мешавӣ, беасосу бегуноҳ. Ин ба кас сахт мерасад. 40 сол мешавад, ки дар хизмати мардум ҳастам. Агар тахмин карда гӯям, қариб 30 ҳазор ҷарроҳӣ кардаам. Аз рӯи инсоф, холисона хизмат кардам. Ҳурматам мекарданд, ҳоло ҳам новобаста ба ин ҳодисаҳо, ҳурматам мекунанд. Аммо дар охири кор вақте касро зиндонӣ мекунанд, сахт дарднок аст. Дилат сард мешавад, ки меҳнати ту қадр надоштааст. Ин аламовар аст.”



Радиои Озодӣ: Ҳоло рӯҳияатон чӣ тавр аст? Худро чӣ тавр ҳис мекунед?

Абдулло Вазиров: “Дар ҳоли ҳозир зоҳиран ором ҳастам. Оромиши рӯҳӣ ҳам дорам. Бештар бо писари маъюбам машғул ҳастам. Ҳар чӣ ба сарам омад, тақдир буд, аммо алам дорам аз ҳамин фарзандам, ки як сол бе ман азоб кашид. Боз аз он алам мекашам, ки дар як соли набудани ман тамоми бори зиндагӣ ба дӯши писарам афтод, ки дар Маскав кор мекунад. Оилааму дигар фарзандонам дар дорву дармони писари маризам бисёр азият кашидаанд. Ҳоло боз кор меравам. Дар кул, рӯҳан хеле ором шудаам.”

Радиои Озодӣ: Дар вақти холиатон чӣ кор мекунед?

Абдулло Вазиров: “Ба китобхонӣ машғулам. Қуръон мехонам.”

Радиои Озодӣ: Ин гуна фикрҳо ҳастанд, ки вақте ба мардум вазниниҳои рӯзгор фишор меоранд ва дигар дар зиндагӣ дурнамо намебинанд, рӯ ба дин меоранд. Оё Шумо ҳам дар ҳамин ҳол афтодаед, бахусус, ки ин ҳодисаҳо буданд?

Абдулло Вазиров: “Хаёл мекунам, ин гуна нест. Агар ба сари инсон мусибате ояд, ин як кори оддӣ аст. Инсон бояд илоҷашро равад. Ин ҷо ба дин рӯ оварданаш шарт нест, балки ҳамеша бояд бо дин буд. Дар «зона» як бача буд, ду-се маълумот дошт. Як рӯз гуфт, ки ба дилам зан наёфтам. Пурсидам, чаро ин тавр мегӯӣ? Гуфт, ки не, зан дорам, се бача дорад, аммо чизи ба диламро наёфтам. Гуфтам, чаро? Русӣ ҷавоб дод: «Я слишком уважаю себя!» Ман ҳам ба русӣ гуфтам: «Это очень плохо!» Фаҳмондамаш, ки шояд ҳамсараш ҳам дар ҳамин фикр бошад. Инсон набояд худашро аз дигаре боло нагузорад. Фаҳмид. Ман дар Қуръон тамоми зиндагиро дарёфтам. Он чӣ бо мо мегузарад, дар замонаҳои пеш ҳам будааст ва имрӯз такрор мешавад. Ин аҷиб аст.”

Радиои Озодӣ: Аз оянда чӣ умеду орзу доред? Чӣ нақшаҳо мекашед?

Абдулло Вазиров: “Орзуям ҳамин аст, ки барои писари маризам як хона бунёд кунам, то баъд аз ман хонае дошта бошад. Як бачаамро зан надодаам, ӯро нияти хонадоркунӣ дорам. Орзуи ниҳоиам ин аст, ки Қуръонро хатм кунам. Ҳамин се орзу.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG