Пайвандҳои дастрасӣ

Чолишҳои амниятии пешорӯи кишварҳои ОМ мисли матрёшкаҳои русист, ки сари ҳар кадомеашро бардоранд, аз батни он чолиши дигар сар боло мекунад.

Аммо умдатарин таҳдиди ношӣ аз он сӯи Омӯ, ки бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон доғтар хоҳад шуд, гурӯҳҳои фурсатталаби чирикист, ки тундтарин шиорҳои мазҳабӣ дар сар ҳатман талош хоҳанд кард, то доманаи фаъолиятҳои худро ба Осиёи Марказӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла аз тариқи Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад.

Ҳушдори дабири кулли САҲА

Ламберто Занеру – дабири кулли САҲА дар Душанбе дар пайи анҷумани ҳамкориҳои минтақавӣ бо Афғонистон гуфт, ба дунболи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014 масъулияти кишварҳои ҳамсоя бештар мешавад ва ин минтақаро зоҳиран рӯзҳои мушкиле дар пеш аст. Ламберто Занеру – дабири кулли САҲА

Ламберто Занеру – дабири кулли САҲА

Оқои Занеру дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои минтақа бояд ба ин омода бошанд ва ҷомиаи ҷаҳонӣ низ аз онҳо ҳимоят кунад, чунки ягон кишвар наметавонад ба чолишҳое, чун хатари терроризм, ба танҳоӣ муқобила кунад.

Масъулияти таъмини амнияти Афғонистон баъди рафтани нирӯҳои хориҷӣ ба дӯши Урдуи миллии ин кишвар хоҳад уфтод, ки феълан 173 000 сарбоз дорад. Вале таҳлилгари Радиои Озодӣ Чарлз Рекнегел мегӯяд, ин урду дар рӯи қоғаз чунин қавӣ менамояд, вале дар асл ба дохилаш ҳатто омилони ҷунбиши Толибон роҳ ёфтаанд. Танҳо дар 3 моҳи соли ҷорӣ бо дасти сарбозони афғон дастикам 16 сарбози НАТО, аз ҷумла 8 амрикоӣ кушта шуданд.

Хуруҷи нирӯҳои эътилоф гароиши воҳидҳои артиши Афғонистон ба ҷониби муқобилро шояд бештар кунад ва ин ба чирикҳои бархоста аз Осиёи Марказӣ, ки қисме то ҳол дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон ба сар мебаранд ва қисме алакай дар вилояҳои шимоли Афғонистон ҷобаҷо шудаанд, имкони бештари ҳаракат ба лаби Омӯро фароҳам хоҳад сохт.

Насли нави чирикиҳои узбаку тоҷик

Комёб Ҷалилов

Комёб Ҷалилов

Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятии Тоҷикистон мегӯяд, дар дохили Осиёи Марказӣ заминаҳое мавҷуд аст, ки вуруди гурӯҳҳои ифротии мазҳабиро осонтар мекунад, вале муваффақияти ин гурӯҳҳо дар ин сӯи Омӯ бештар марбут мешавад ба хоҷагони онҳо, ки оё бо чунин лойолуд кардани обҳои Осиёи Марказӣ чӣ судеро мехоҳанд барои худ бардоранд: “Фишангҳое битавонанд сабаби нооромӣ шаванд, чунин фишангҳову таҳдидҳо, муттаассифона, вуҷуд доранд. Ҳам камбағалӣ, ҳам бекорӣ, ҳам маҳалгароӣ, ки як бадбахтии мост... Чунин омилҳо дар Тоҷикистон зиёданд, ки қувваҳои манфиатҷӯ метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Аз Афғонистон гурӯҳҳои диверсиониву террористӣ низ дохил шаванд. Аммо ягон гурӯҳи террористӣ муқобили давлат мубориза бурда наметавонад, агар аз сӯи як қувваи сиёсии дигаре таъмин нашавад.”

Кушта шудани Нусрат Махдум – фармондеҳи аршади Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Форёб дар шимоли Афғонистон, ба ақидаи таҳлилгарон, ҳокист, ки ҷангиёни ин гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида ва чирикҳои дигари тоҷику узбаку қирғиз, ки то ҳол дар Афғонистону Покистон фурсат мепоиданд, азми бозгашт ба Осиёи Марказиро доранд.

Дар солҳои ғурбат аз ҳисоби фарзандони насли аввали ҷангиён алакай насле ба камол расид, ки ҷаҳонбинии ҷиҳодиро баробар бо шири модар ҷабидааст ва бар пояи ақидаҳои такфир ҳокимони кунунии Осиёи Марказӣ ва ҳар киро, ки аз ин режимҳо ҳимоят ё ҳатто итоат мекунад, кофиру муртад мешиносанд.

Давлат Усмон

Давлат Усмон

Аммо Давлати Усмон, таҳлилгари дигари тоҷик хатароти ношӣ аз самти Афғонистонро чандон бузург намедонад ва бо ишора ба ду мавриди ахири нокоми сохтани пойгоҳи гурӯҳҳои чирикии исломӣ дар водии Рашт мегӯяд, чунин талошҳо баъди соли 2014 низ натиҷае ба бор нахоҳанд овард, чунки мардуми Тоҷикистон чандон алоқаманди рафтан аз паси гурӯҳҳову шахсиятҳои ифротгаро нест:

“Мушкили аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ режимҳои худкома ва ғайридемократист. Ин раҳбарони минтақаро мувоҷеҳи мушкилоти дохилӣ кардааст. Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фақри фарогир, албатта, як заминае ҳаст, ки чунин нирӯҳои иртиҷоӣ ё тундгаро истифода баранд. Ин хатар вуҷуд дорад. Аммо бо таҷрубае, ки дар Тоҷикистон шуд ва нобасомониҳое, ки ҷанги дохилӣ ба бор овард, мардум дигар омода нест, ки аз пушти чунин нирӯҳо биравад.”

Ҷанг барои об

Ҳамин тавр, вазорати хориҷаи Амрико ҳафтае пеш бар пояи иттилоъи ҷамъовардаи ниҳодҳои иктишофии ин кишвар гузоришеро дар бораи захоири оби дунё нашр кард, ки мегӯяд, баъд аз як даҳа масъалаи об метавонад низоъзо ва равғане ба оташи ҷангҳои оянда шавад. Ин гузориш аз ҷумла ба ҳавзаи Омӯ – яке аз ду рӯди бузурги фаромарзии Осиёи Марказӣ ишора мекунад. Тақсими оби Омӯ алакай як мояи таниши мудавом байни Тоҷикистону Узбакистон аст ва таҳлилгари тоҷик Давлати Усмон мегӯяд, дар ғайри сурати пайдо кардани роҳҳалҳои муносиб аз роҳи гуфтугӯ ба манбаъи низоъҳо дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтани масъалаи тақсими об байни кишварҳои болообу поёноб чандон баъид нест. Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико ахиран дар Душанбе гуфт, ки Вошингтон омода ҳаст, ба талошҳои СММ барои ташкили чунин муколама кумак кунад.

Аммо Ҳомидҷон Орифов, раҳбари кумитаи тоҷикистонии сарбандҳои бузург, мегӯяд, гумон аст, ки Тошканд дар масъалаи тақсими об ба кадом “миёнаи тилоӣ”-е розӣ шавад: “Ин афсонаро, ки ҷанҷолҳои об ба ҷанг мебаранд, чанд сол боз ба гӯши мо мехонанд. Мо бо касе ҷанг карданӣ нестем. Ихтилофот, албатта, ҳаст, вале на ба Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

ҳадде ки Тоҷикистони кӯчак ба Узбакистон эълони ҷанг кунад. Не! Онҳоянд, ки ишора ба эҳтимоли ҷанг мекунанд. Эҳтимоли андаке шояд вуҷуд дорад, вале ман бовар намекунам, ки Узбакистон ақли худро гум карда бошад. Ин як навъ таҳдиди истифодаи нирӯст. Тоҷикистон чӣ кор кунад, вақте илоҷе ба ҷуз аз сохтани нирӯгоҳи Роғун надорад? Мо феълан мунтазири натоиҷи ташхиси Бонки ҷаҳонием, вале Роғунро бояд бисозем.”

Таҳлилгарон идомаи танишҳо байни Тоҷикистону Узбакистонро, ки фақат бо обу барқ маҳдуд намешавад, як чолиши умдаи ҳаллношуда ном мебаранд ва бар ин боваранд, ки ин фазои манфии ҳоким бар равобити Душанбеву Тошканд ба ин зудӣ ва ба осонӣ рафъ нахоҳад шуд. Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав мегӯяд, Душанберо фақат пайдо кардани алтернативаҳои муносиб чӣ дар масъалаи барқу газ ва чӣ дар масоили дигаре, чун транзити коло, аз фишорҳои ин ҳамсояаш раҳо хоҳад кард, ки мавзӯъест барои ҳалл дар дарозмуддат.

Интихоботи навбатии Эмомалӣ Раҳмон

Дар соли 2013, ҳанӯз то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Ин нахустин интихобот дар Тоҷикистон баъд аз инқилобҳои “Баҳори Араб” аст ва раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ғолибан барои касби боз як давраи нави ҳафтсолаи раёсат ба интихобот хоҳад рафт. Мунтақидон бо ишора ба як давраи панҷсолаву ду давраи ҳафтсола ва дар маҷмӯъ, 20 соли раҳбарии оқои Раҳмон шояд қонунмандии боз як давраи раёсати ӯро ба чолиш бикашанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд, ба оромӣ гузарондани ин маърака ва таъмини машрӯъияти интихобот муҳимтарин вазифа барои мақомоти Душанбе ва чолишест хеле ҷиддитар аз таҳдиди ҳатто чирикҳои исломӣ: “Интихобот шояд як майдони аслии талошҳо барои ба ҳам задани вазъи Тоҷикистон шавад, чунки тамоми нирӯҳои мухолифи давлати имрӯза метавонанд аз ин маъракаи сиёсӣ истифода кунанд. Шояд дар ин роҳ аз нирӯҳои мавҷуд дар Афғонистон ҳам истифода шавад ва ин яке аз таҳдидҳои аввалист, ки метавонад Тоҷикистонро ноором созад.”

Ҳамин тавр, дар авоили соли 2015 интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон низ доир хоҳад шуд. Ин ду маърака дар ҳоле мегузарад, ки дастикам се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон – ба маҳзи синну сол ва собиқаи дастикам бистсолаи ҳокимони кунуниашон ба мушкили “пиршавӣ”-и режимҳои ҳоким низ гирифторанд ва инқилобҳои “Баҳори Араб” ва густариши бесобиқаи Интернет ин масъаларо хеле доғу расонаӣ кардааст.

Туркманистон бо тадвири як интихоботи зоҳиран “борақобат” ин имтиҳонро паси сар кард. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тавассути як интихоботи қабл аз мӯҳлат пеши роҳи обро, ба қавле, “аз пеш чим зад.” Қирғизистон ҳам дар пайи ду инқилоби рангаӣ роҳи демократиро пеш гирифт ва ин дарди сарро дигар надорад. Ва акнун навбати Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз кадом роҳ хоҳанд рафт? Албатта, нуфузи Қирғизистони фақиру заиф ё Туркманистони ғарраи сиёсати бетарафиаш дар минтақа чандон нест, ки ин ду ба кадоме аз онҳо пайравӣ кунанд. Ба назари ағлаб, Тоҷикистону Узбакистон аз паси Русия хоҳанд рафт. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба инки Владимир Путин бо касби давраи севум ва як андоза машкуки раёсаташ ба хайли ҳокимони дарозумри Осиёи Марказӣ пайваст ва дигар ҳаққи таънаву маломати инҳоро надорад, ки чаро чунин сахт ба домани қудрат часпидаанд?

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи соли 2013 ғолибан монанди интихоботи Путин хоҳад шуд, яъне дар канори оқои Раҳмон чанд номзади худӣ ва безарарро иҷозат хоҳанд дод, ки ба муҷарради анҷоми раъйгирӣ ба табрики ӯ хоҳанд шитофт: “Агар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатаре вуҷуд дорад, бештар аз дохили худи онҳост. Чунки ҳокимони ин минтақа ҳар кадом 20 солу 30 сол шуд, ки дар курсии раёсат нишастаанд. Вале дар интихоботи навбатӣ мо, ба ҳар сурат чанд ҳизби кисагӣ ва идорашаванда дорем. Ва имкони ба таври сунъӣ демократӣ вонамуд кардани интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва чанд нафаре, ки қоидаҳои бозиро мепазиранд, вуҷуд дорад.”

Аммо Давлати Усмон мегӯяд, дар Душанбе бояд аз як паҳлуи дигари интихоботи Русия – талошҳои анҷомшуда барои таъмини шаффофияти он маърака - сабақ бигиранд, ки ҷои шакке ба қонунмандии барандаи интихоботи соли оянда боқӣ нагузорад: “Онҳое ки дар қудрат ҳастанд, биоянд ва тамоми мушкилоти мавҷударо бо мардум матраҳ кунанд, интихоботро то андозае шаффоф гузаронанд ва мардум ҳам мутмаин шавад, ки фарз кардем, ҷаноби фалонӣ 50 ё 54 дарсад раъйи воқеъӣ гирифт. Агар боз ҳам ба раъйи мардум эътибор надиҳанд, мушкилоте метавонад барояшон пеш биояд.”

Исломи сиёсӣ дар майдон

Бо ин ҳол, як чолише, ки дар дарозмуддат дар минтақаи мо доғ хоҳад шуд, боз ҳам афзоиши нуфузи Исломи сиёсист. Нашрияи “Миллат” дар як таҳлилаш навишт, раҳбарони Тоҷикистон дар вақташ ҳадафмандона аҳзоби дунявигароро заифу пароканда карданд ва дар муқобил Ҳизби наҳзати исломиро майдони нисбатан фарохтар доданд, то ба ҷаҳон маълум шавад, ки танҳо алтернатива ба ҷои онҳо ҳамин исломиҳоянд. Айни коре ки ҳокимони Ховари Миёна карданд ва баъди “Баҳори Араб” дидем, ки ба ҷуз аз исломиҳо нирӯе дар саҳна намонда буд, то тахту тоҷи бозмонда аз ин ҳокимонро соҳиб шавад.

Тоҷикистон низ акнун гирифтори ҳамин “бомбаи соатдор” аст ва Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд, як чолиши ҷиддӣ барои ҳокимони Тоҷикистон дар дарозмуддат ҳифзи асли дунявияти Қонуни асосиаш дар муқобили фишор ва нуфузи фазояндаи Исломи сиёсӣ хоҳад шуд ва ин Душанберо ночор хоҳад кард, то алайҳи ин чолиш бо мухолифини дунявиаш иттиҳоди хеле бештар биҷӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG