Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимоятгароне, ки худ мӯҳтоҷи ҳимояти бештаранд


Аз соли 2004-ум ба ин сӯ дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми май расман Рӯзи адвокат ё вакили мудофеъ эълон шудааст.

Аммо институт ё низоми вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли ташаккул мебошад ва то кунун ба як фарҳанги собит табдил нашудааст.

Мушкилоти фаровони мавҷуд дар ҷомеа ба назари коршиносон то ҳол монеъ ба рушди фарҳанги адвокат дар Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, адвокат ба унвони тарафи комилҳуқуқ чун айбдоркунанда эътироф нашудааст.

Зеро дар сурати кунунӣ вакилони мудофеъ дар ҳимояи зертобеъони худ дасти бозе надоранд. Як мушкил дастрасии вакилони дифоъ ба афроди таҳти ҳимояи худ мебошад, ки мақомоти тафтишот дар аксар маврид талош мекунанд то мулоқоти вакили дифоъ бо гумонбар сурат нагирад. Аммо дар муқобил вакили дифоъ коре карда наметавонад.

Як масъалаи дигар ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо ҳамчунон расм нашудани истифода аз хидмати вакилони дифоъ ва шумори андаки онҳо мебошад. Онҳо мегӯянд, дар ҷомеаҳои мутамаддин ба сари ҳар чорсад нафар як вакили дифоъ рост меояд ё дар бисёр маврид адвокатҳои хонаводагӣ мисли пизишкони оилавӣ вуҷуд доранд. Вале дар Тоҷикистон дар баробари бештар аз ҳафт миллион нуфус теъдоди ками вакилони мудофеъ сабти ном шудааст.

Дар бораи нақш ва мақоми адвокат дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ ё муҳокимаҳои додгоҳӣ мо матолибу гузоришҳои зиёдеро пешкаш кардаем. Аммо ин навбат хабарнигори “Озодӣ”, Абдуқаюми Қаюмзод, дар як сӯҳбат аз Бузургмеҳр Ёров, раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон мавсум ба "Сипар" дар бораи масъалае, ки бевосита ба кори ҳаррӯзаи вакилони дифоъ дахл дорад, сӯҳбат кард.

Манзур ин аст, ки соли дувум аст, ҳаққи додани санксия ва ё иҷоза аз ихтиёри додситон ба додгоҳ вогузор карда шуд. Вогузории санксия ба ихтиёри додгоҳ то чи ҳад дар ҷараёни тафтишот ва низ муҳокимаҳои додгоҳӣ таъсир кардааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG