Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дар парвандаи Ғаффор Мирзоев сирри давлатӣ зиёд буд”


Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Абдуқаюм Юсуфов, узви ҳайати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, мавсум ба “Сипар”.

Дар бораи нақш ва мақоми адвокат ё вакили мудофеъ дар низоми қазоии Тоҷикистон матолиби зиёд ба нашр расидааст.

Дар бештари ин навиштаҳо ин нукта зикр мешавад, ки адвокат дар ҷараёни баҳсҳову мурофиаҳои додгоҳ ва ба ҳангоми бозрасиву бозҷӯии мақомоти тафтишот тақрибан нақше надорад ва бештар ба миёнаравии миёни мақомот ва афроди мазнун ва муттаҳам машғул аст. Аз Абдуқаюм Юсуфов пурсидем, ки ин сӯҳбатҳо то куҷо воқеиянд?
Дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ дар Амрико вакили мудофеъ баробари айбдоркунандаи давлатӣ мақом дорад ва як нозукии назаррас он аст, ки ягон нафар аз иштирокчиёни мурофиа волоият надоранд...


Абдуқаюм Юсуфов: “Бояд эътироф ва иқрор кард, ки дар байни ҳамкорони мо чунин нафароне, ки бо миёнаравӣ машғуланд, вуҷуд доранд. Агар бигӯем, ки на, вуҷуд надоранд, ин дурӯғ хоҳад буд. Мутаассифона, мавридҳое, ки чанде аз адвокатҳо бо иттиҳоми қаллобӣ бозошт ва дар асоси ин айб алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд, ба миёнаравии онҳо бастагӣ мегирад. Ҳамватанони мо аз ин ҳолатҳо огоҳанд ва бо як сухане, ки чунин ҳолат вуҷуд надорад, вазъро ислоҳ кардан мумкин нест. Дар ҳақиқат, ҳастанд нафароне, ки вазифаашонро фақат дар миёнаравӣ медонанд. Хушбахтона, боз ҳастанд нафароне, ки аз рӯи виҷдон ва бо дасти тоза пайи адои рисолати касбиашон ҳастанд, ки шукри Худо шуморашон хеле зиёд аст. Шаҳрвандони мо аз хидмати чунин адвокатҳо истифода мекунанд ва ба натоиҷи хуб ҳам мерасанд. Аммо бо камоли таассуф бояд гуфт, ки дар ҷомеаи мо як чунин ақидаи номатлубе ҷо дорад, ки бо мақомоти қудратӣ набояд сарбасар шуд ва баҳсу кашокаш кард ва аз кашокашу баҳс дида, беҳтар аст, ҳарчи зудтар аз дасти онҳо раҳо ёфт. Аз ин ҷост, ки дар чунин вазият адвокатҳои ба истилоҳ миёнарав талабгори бештар хоҳанд дошт.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:03 0:00
Линки мустақим



Радиои Озодӣ: Ба унвони як нафар адвокат дар як сол ба чанд парванда метавонед расидагӣ кунед?

Абдуқаюм Юсуфов бо ҳамроҳии хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов
Абдуқаюм Юсуфов бо ҳамроҳии хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов
Абдуқаюм Юсуфов: “Аз рӯи омор ва низ таҷрибае, ки ҳосил кардаем, адвокат дар як сол метавонад дар таҳқиқи аз 50 то 100 парванда расидагӣ кунад. Барои он ки парвандаҳо гуногуну мухталифанд ва вобаста ба айбу иттиҳомоти эълоншуда фурсати тафтишу таҳқиқи онҳо мухталиф мешавад. Аз сӯи дигар, вобаста ба таъйини замони мурофиаи додгоҳӣ ва ё ки ҳаракати тафтишотӣ низ дар як рӯз эҳтимоли ширкати адвокат дар тафтиши се-чор парванда рост меояд ва адвокат наметавонад, ки дар як вақт дар ду-се ҷо бошад. Чун дар таъйини замони мурофиа ва тафтиш ба адвокат маслиҳат карда намешавад. Аз ин рӯ, адвокат ҳамин миқдор, яъне аз 50 то 100 парванда дошта метавонад. Барои он ки агар дар як рӯз дар ду ё се мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунад ҳам, ин шумора кофист. Мутаассифона, бо сабабҳои объектививу субъективӣ вақти зиёди адвокат дар интизорӣ дар паси дари додгоҳ ва додситон - тафтишот мегузарад. Бо далоили гуногун дар бештари мавридҳо мурофиаи додгоҳ дар вақти таъйиншуда баргузор намешавад.”

Радиои Озодӣ: Дар тӯли фаъолияти кории Шумо чанд бор мурофиаи додгоҳӣ ба манфиати нафари зери ҳимояатон анҷом шудааст?

Абдуқаюм Юсуфов: “Дар давоми сенздаҳ соле, ки ман ба фаъолияти адвокатӣ машғулам, мутаассифона, ягон парвандаеро мисол оварда наметавонам, ки шахси муттаҳам дар содир кардани ҷиноят сафед шуда бошад. Бале, буданд ҳолатҳо ва мавридҳое, ки нисбати шахс парванда қатъ карда шуд, ки инро наметавон ҳолати сафедкунӣ донист. Ҳастанд ҳолатҳое, ки ба маҳзи талошҳои мо навъи ҷазо иваз мешавад ва ҷазои сангин ба ҷазои сабуктар тағйир дода мешавад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама бо боварии комил мегӯям, ки набуд ягон ҳолате, ки зерҳимояи ман пурра сафед шуда бошад.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар таҳқиқу тафтиши парвандаҳои пурсару садо ҳам иштирок доштед?

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев
Абдуқаюм Юсуфӣ: “Бале, дар парвандаҳои ҷиноятии пурсарусадо ба ҳайси адвокат ширкат кардаам. Аз ҷумла, дар ҷараёни расидагӣ ба парвандаи ҷиноятии Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ, ки он имрӯз Горди Миллӣ ном дорад. Шиносоӣ бо парванда қариб якуним сол давом кард ва худи мурофиаи додгоҳӣ низ ним сол тӯл кашид. Дигар маврид ин парвандаи рӯзноманигори би-би-сӣ Урунбой Усмонов аст.”

Радиои Озодӣ: Барои чӣ муҳокимаҳои додгоҳии нафароне мисли Ғаффор Мирзоев ба таври махфӣ сурат мегиранд?

Абдуқаюм Юсуфов: “Мувофиқи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳое, ки баррасии парванда ба ошкоршавии сирри хонаводагӣ, сирри тиҷоратӣ ва давлатӣ ва ба паст задани шаъну эътибори шахс боис шавад, тафтишоти пешакӣ ва додгоҳ метавонад ба тариқи махфӣ кор барад. Яъне, ин мазмуни онро дорад, ки дар парванда ғайр аз иштирокчиёни мурофиа шахсони дигар иштирок карда наметавонанд. Агар ба касе иҷоза ҳам дода шавад, аз ӯ забонхат гирифта мешавад, ки мутобиқи он бояд то қонунӣ шудани ҳукми додгоҳ аз рафти мурофиа касе хабар наёбад.”

Радиои Озодӣ: Оё дар парвандаи Ғаффор Мирзоев сирҳои давлатӣ зиёд буданд?

Абдуқаюм Юсуфов: “Бале, агар мо ба парвандаи Ғаффор Мирзоев назар кунем, тафтишоту баррасиҳо муддати тӯлонӣ давом карданд. Ӯ фармондеҳи Горди президентӣ буд ва дар қазияи ӯ сирри ҳарбӣ ҷой дошт. Аз ин сабаб ба парванда лавҳи махфӣ гузошта шуда, раванди тафтишоти пешакӣ ва минбаъд додгоҳ ҳам ба тариқи пӯшида гузашт.”

Радиои Озодӣ: Оё он айбҳо ошкор ва исбот карда шуданд ё ин ки ҳукм аз болояш ҷабран содир шуд?

Абдуқаюм Юсуфов: “Дар парванда баъзе айбҳое ҳам буданд, ки умуман тасдиқи худро наёфтанд. Зеро мо аз рӯи тафтишоти пешакӣ, аз рӯи ҳар айбе, ки эълон шуда буд, ҳангоми шинос шудан бо маводи парванда тақрибан ҳар рӯз дархостро роҷеъ ба қатъ кардани ин айбҳо ба мақомоти тафтишоти пешакӣ пешниҳод мекардем. Мутаассифона, ягон дархости мо, ки шумори онҳо хеле зиёд буд, аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ қонеъ карда намешуд ва танҳо ҳангоми тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ аз тарафи Додситони кулл як қисми айбҳои ба Мирзоев эълоншуда лағв ва ҳамин таври як қисми ҳолатҳои ҷиноят қатъ карда шуданд.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ки Ғаффор Мирзоев қурбонии сиёсат шуд?

Абдуқаюм Юсуфов: “Дар робита ба қурбонии сиёсат шудан ва ё нашудани Ғаффор Мирзоев чизе гуфта наметавонам. Зеро, ки имрӯз ҳукми додгоҳ ба қувваи қонун даромадааст ва он амал мекунад. Агар мо комёб мешудем, ки ҳукми додгоҳ дар ин ва ё он қисм тағйир меёфт, мо гуфта метавонистем, ки ӯ қурбонии сиёсат шуд.”

Радиои Озодӣ: Бузургтарин гонорар ва ё ҳаққузаҳмае, ки дарёфт кардед аз кадом парванда буд?

Абдуқаюм Юсуфов: “Ҳаққузаҳмае, ки адвокат мегирад, ин сирри байни ӯ ва мизоҷ мебошад ва бе розигии мизоҷ ин сир ифшо карда намешавад. Вале ба ҳар сурат метавонам бигӯям, ки калонтарин гонораре, ки ман гирифта будам, ин баробар ба 200 доллари амрикоӣ дар ним соат бар ивази машварати додаи ман ба як корафтода дар шаҳри Маскав буд. Агар аз рӯи ин рақам маош ё ҳаққузаҳмаи адвокатро ҳисоб кунем, адвокат метавонад дар 8 рӯзи корӣ аз 3 ҳазор доллар бештар маблағ ба даст оварад. Вале ин ба ягон чорчӯба рост намеояд, дар ҳолате, ки имрӯз сатҳи зиндагии мардуми мо - маоши вай аз рӯи омори расмӣ баробар ба 100 доллари амрикоӣ дар як моҳ муайян карда шудааст. Албатта, ин маблағе, ки ман гирифтам дар хориҷ аз кишвар буд ва ин гуна маблағро адвокатҳои тоҷик дар ватани худ шояд дар як моҳ пайдо кунанд. Ҳастанд ҳамкорони мо, ки моҳҳо бекоранду бедаромаданд. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҳам ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Шумо метавонед, ки дар хориҷ аз кишвар низ барои дифои ҳуқуқи як шаҳрванд хидмат расонед?

Абдуқаюм Юсуфов: “Бале, дар доираи қонунгузории ҳамон кишвар, ки ба шаҳрванди ӯ кӯмак лозим аст, метавонам. Масалан, дар доираи қонунгузории Русия метавонем ба мизоҷ хидмат бирасонем. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар конвенсиюни байналмилалии Кишинёв амал мекунад, ки аз рӯи он низ мо аз чунин ҳуқуқ бархӯрдорем.”

Радиои Озодӣ: Яъне санаде, ки Шумо доред, манзурам, ҳуҷҷати вакилии Шумо дар он кишвар эътироф мешавад?

Абдуқаюм Юсуфов: “Бале. Мувофиқи қонунгузорӣ эътироф мешавад. Фақат он ҷо як талаботе ҳаст, ки мо бояд барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандони Русия дар реестри адвокатҳои Русия ба қайд гирифта шавем, ки ман дар ин феҳрист сабти ном шудаам.”


Радиои Озодӣ: Агар дар ёдатон бошад, дар ҷараёни баҳсҳо миёни Талко ва Ансол президенти Тоҷикистон аз набуди як юристи сатҳи байнулмилалӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард, ки битавонад аз манофеи ин корхона, ки дар вазъияти нохуби ҳуқуқӣ қарор дошт, ҳимоят кунад. Яъне, мо ҳамин гуна ҳуқуқшиносҳо ва ё адвокатҳои дар сатҳи байнулмилалӣ надорем?

Абдуқаюм Юсуфов: “Бояд ду чизро мо фарқ кунем. Яке ҳуқуқшиноси сатҳи байнулмилалӣ дигаре адвокати байнулмилалӣ. Дар масъалаи Талко ҳаминро бояд бигӯям, ки адвокатҳое, ки дар парвандаҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ ширкат мекунанд, онҳо дар чунин қазияҳо ширкат карда наметавонанд. Барои чӣ? Барои он ки ин дар баҳсе, ки вуҷуд дошт? бояд ҳуқуқи иқтисоди байнулмилалиро донист, ки ин соҳа барои аксарияти адвокатҳои мо, балки кулли адвокатҳои мо гӯем хато намекунем. бегона ва ноошно аст. Чунин таҷрибаҳоро надоранд. Адвокате, ки дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ ширкат мекунад дар додгоҳи байнулмилалӣ ё дар додгоҳи олии Бритониёи Кабир ширкат карда наметавонад. Дар ҳақиқат, дар он сатҳ мо ҳуқуқшиносҳо надорем. Дар чунин мурофиаҳо ҳуқуқшиносоне, ки дар соҳаи ҳуқуқи молиявию тиҷоратӣ мутахассисанд, озодона бо забони англисӣ сӯҳбат карда метавонанд, бояд амал кунанд ва дигар ин ки дар ин ҷо ҳуқуқушиносоне метавонанд ширкат варзанд, ки аз таҷрибаи кори додгоҳи олии воломақоми Британияи Кабир огоҳь дораанд.”

Радиои Озодӣ: Як адвокати тоҷик аз як адвокати рус, амрикоӣ ва ё фаронсавӣ чӣ фарқ дорад. Яъне мақому ҷойгоҳу нақши онҳо дар ҷараёни тафтишот ва ё муҳокимаи додгоҳ аз ҳам чӣ тафовут дорад?

Абдуқаюм Юсуфов: “Фарқият ба куллӣ аст. Мисоли оддӣ. Чи дар Амрико ва чи дар Русия ниҳоди адвокатӣ ин як сохтори мутамаркази ягона аст. Дар Федератсияи Русия палатаи федералӣ амал мекунад, ки сохторҳои худро дорад. Дар Иёлоти Муттаҳида Асоссиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико фаъолият мекунад, ки дар ҳайати худ тамоми ҳуқуқшиносони Амрикоро муттаҳид мекунад. Новобаста ба он ки ин ҳуқуқшинос ба кадом соҳаи ҳуқуқ машғул аст, узви ин созмон мебошад. Ва танҳо бо иҷозаи ин созмон минбаъд ӯ метавонад фаъолияти худро пеш барад. Ин аллакай талаботи одобу ахлоқи касбӣ, талаботи баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҳоказоро ҳал мекунад. Дар Амрико адвокатҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ бо пуррагӣ аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар ИМА тафтишоти муқаддамотӣ вуҷуд надорад, тафтишоти додгоҳӣ вуҷуд дорад. Дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ адвокат баробари айбдоркунандаи давлатӣ мақом дорад ва як нозукии назаррас он аст, ки ягон нафар аз иштирокчиёни мурофиа волоият надоранд. Ҳама баробаранд. Волоият дар ин ҷо фақат ба додгоҳ аст, ки додгоҳ қарор қабул кард, аз пайи иҷрои он мешаванд. Ва мо мебинем, ки дар онҷо аксари айбҳое, ки ба шахсҳо эълон карда мешавад, дар рафти тафтишоти додгоҳӣ пош мехӯранд ва беасос буданашон собит мегардад ва шахс сафед шуда аз толори додгоҳ озод мешавад. Ягон қонуни махсусе вуҷуд надорад, ки бо татбиқи он қарори додгоҳ аз тарафи мақомоти додситонӣ боздошта шавад ва шахс боз дастгир карда шавад. Агар мақоми таъқиботи ҷиноӣ айб ё гумонашро асоснок карда натавонад, ӯ дигар аз пайи таъқиб намешавад. Агар он нафар таъқиб ҳам шавад, бо айби нав таъқиб мешавад, айби пешина бардошта мешавад.”

Радиои Озодӣ: Яъне мақоми адвокат ва айбдоркунандаи давлатӣ баробар аст?

Абдуқаюм Юсуфов: “Бале. Онҳо ҳарду аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд ва талаботи қонун барои ҳарду ҷониб як хел аст. Нафаре бар нафари дигар бартарӣ ва афзалият надорад.”

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки адвокатҳои тоҷик барои он зиёд мизоҷ мегиранд, ки пули бештар ба даст оваранд, чун зиндагиашон аз ҳисоби ҷалби мизоҷ аст...

Абдуқаюм Юсуфов: “Мутаассифона, вазъият дар мо чунин аст. Пештар гуфтем, ки адвокат наметавонад дар як сол дар баррасии аз панҷоҳ то сад парванда бештар иштирок кунад. Вале мо адвокатҳое дорем, ки дар як моҳ дар истеҳсолоташон 15 то 20 парванда доранд, ки ин аз рӯи имконияти ҷисмониву равонии инсон тамоман ғайриимкон аст. Зеро ки дар ин ҳолат адвокат 24 соати шабонарӯз кор кунад ва барои фароғаташ вақт намерасад. Мисоли оддӣ. Агар дар як рӯз барои муҳокимаи 4 парванда дар чор додгоҳ ва дар як вақт мурофиа таъйин шуда бошад, адвокат наметавонад ҳамзамон дар ин 4 ҷой ҳузур дошта бошад. Дар ин ҳолат чунин мешавад, ки дар паси дари адвокат як гурӯҳ мизоҷ навбат мепояд ва вақте, ки Шумо дарро кушодеду баромадед ба дасти аввлин касе, ки афтодед бояд Шумо имрӯз кори вайро анҷом диҳед. Дигарон бояд аз қафои Шумо даванд. Лекин ман ҳисоб мекунам, ки ин кор аз рӯи одоби касбӣ ва одоби инсонӣ дуруст нест.”

Радиои Озодӣ: Он чизе, ки кор мекунеду ба даст меоваред ба зиндагиатон мерасад?

Абдуқаюм Юсуфов: “Ман на танҳо худам кор мекунам, шукри Худо оилаам ва фарзандонам ҳам кор мекунанд. Фарзанди калониам мисли ман ҳуқуқшинос аст. Дар як ширкати мобилӣ ба ҳайси ҳуқуқшинос кор мекунад ва шукри Худо маоши хуб ҳам мегирад.”

Радиои Озодӣ: Оё ҳозир дар Тоҷикистон ҳастанд адвокатҳое, ки бари мисол ба хонаводаҳо хидмат мекунанд, масалан, мисли кишварҳои хориҷӣ, яъне адвокатҳои хусусӣ доранд мардуми мо?

Абдуқаюм Юсуфов: “Ин тавр, ки як нафар адвокат расман адвокати хонаводае шуда бошад, ҳоло нест. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки чи адвокат, чи табиб ва умуман чи хидматгузоре, ки ба хидмати ӯ ҷомеа ниёз дорад, хидмати худро ба сатҳи баланд расонад, албатта, ӯ метавонад адвокати оилавӣ ё ин ки табиби хонаводагӣ шавад. Дар мо барои мисол хидматгузории табиби оилавӣ дар чаҳорчӯби қонун танзим шудааст, аммо барои адвокатҳо ҳанӯз чунин нест. Яъне фаъолият ва муомилаву муносибати адвокат бо оиларо, ки вай ҳимояткунанда ва мудофеи ҳуқуқиаш мешавад, қонунан танзим накардаем. Масалан, адвокат бо оила қарордод мебандад ва оила вазифадор мешавад, ки барои адвокат новобаста аз он ки вай хидмат кардааст ё не, маош диҳад. Ва дар вақти зарурӣ занг занад ва хабар диҳад, ки ӯ ба хидмати мо эҳтиёҷ дорад ва мо аз паси хидмати ӯ шавем. Чунин нест. Лекин таҷриба нишон медиҳад, ки адвокат ба ягон нафаре хидмат карда бошад, минбаъд хешу табори ӯ ба назди ин адвокат меояд. Ва бо ин адвокат сару кор мегиранд. Зеро донишу таҷриба ва ҳунару истеъдоди ин адвокат бо ин оила ошно асту онҳо ӯро хуб медонанд.”
XS
SM
MD
LG