Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи низомии Тоҷикистон 28 тан сокинони Раштро барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи давлат равонаи зиндон кардааст.

Аз ҷумла 7 нафарро зиндони якумрӣ ва боқимондаҳо аз 2 то 30 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин миён Музафар Давлатов, падари Аловиддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки 76 сол умр дорад, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.

Оё ин муҷозоти шадид ба нафароне, ки дар даргириҳо ширкат накарданд, ба амнияти мардум дар минтақи Рашт мусоидат мекунад ва ба ҳодисаҳои норӯшанӣ ин водӣ аз ҷумла ҳодисаи ҳамла ба корвони нерӯҳои давлатӣ дар Камароб нуқта мегузорад?




Амнияти Абдуназар, муовини раиси ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ин ҳукми додгоҳро сангин ва ҳадафи онро тарсонидани мардум хонд ва гуфт, ки ин иқдом эътимоди давлат дар назди мардумро коҳиш медиҳад, ки ба таъмини амният ва субот муғойир аст.

Вай афзуд: «Нафароне, ки ба онҳо гӯё кӯмак кардаанд, ба хотири ҳамкорӣ набуда балки аз ҳарос буд. Ин ҳолатҳо дар тӯли ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд дошт. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон таҳаввулоти даҳаи 30-и қарни гузашта ҳукмрон аст. Яъне ба хотире, ки бобо «кулак» буд, фарзандро ба зиндон мекашиданд. Чунин муносибат ба мардум ба андешаи ман ба амнияти давлат садама зада эътибори онро коҳиш медиҳад.»

Духтари Музаффар Давлатови 76-сола мегӯяд, ки ба назари модари пираш ҳукумат писарони ӯро барои мухолиф шудан ба давлат ва террорист шудан маҷбур кардааст. Шаҳодат Давлатова афзуд: «Адвокат мегӯяд, ки гуноҳи падарат дар додгоҳ собит нашуд. Бо вуҷуди ин ҳукм содир шуд. Падари мо муносиби зиндон ва ин қадар ҷазои сангин набуд. .»

ҶУРМИ МУЗАФФАР ДАВЛАТОВ ЧИСТ?


Урунбой Бобошарофов, вакили мудофеи Музаффар Давлатов мегӯяд: «Худи мӯйсафед дар баёноташ гуфтааст, ки писарам бо ҳаммаслаконаш ба хона меомаданд, вале ман ба онҳо маслиҳат надодам. Баръакс писарамро насиҳат мекардам, ки аз ин кирдор даст кашад. Писар мегуфтааст, мӯйсафед ба мо кордор нашав.»

Урунбой Бобошарофов мегӯяд, ки ҷурми Музаффар Давлатов собит нашудааства ӯ қасд дорад ба ниҳодҳои болоии додгоҳи олӣ шикоят барад.

Мақомоти давлатӣ Алии Бедакӣ, писари Музаффар Давлатовро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомӣ ҳомили сарбозон дар Камароб муттаҳам карданд. Ба гуфтаи наздиконаш, вай дар ин кор даст надошт ва маҷбур шуд ба кӯҳ фирор кунад. Баъдан дастгир ва кушта шуд. Вале то охир иддао мекард, ки дар ҳамла даст надорад.

"ДУШМАНТАРОШӢ ЧАРО"?

Муҳаммадалӣ Ҳайит

Муҳаммадалӣ Ҳайит

Ба эътиқоди Муҳаммадалӣ Ҳайитов, коршиноси умури минтақа, аз мардум душмантарошии ҳукумат ба нафъи амнияти кишвар нест ва мақомоти давлатӣ овора ба душманкобӣ дар байни мардум, душманҳои беруниро фаромӯш кардаанд, ки ба нафъи амнияти кишвар нест. Вай афзуд: «То ба ҳол кадом ниҳоди қудратӣ ва сарвари ҳукумату кишвар дар робита ба ҳодисаҳои Рашт ва Тавилдара ба таври рӯшан посух нагуфтаанд ва то ба ҳол ин сир ниҳон аст, ки ин ҳодисаҳоро, кӣ ташкил кард ва кӣ чӣ корҳоро анҷом додааст. Мардум посухи рӯшан мехоҳад.»

Ба гуфтаи коршиносон, агар мардуми Рашт ба мухолифин дар ин даргириҳо нон додааст ё касеро табобат кардааст, аз рӯи тарс буд на садоқат ба ин нерӯҳо. Ва ба ин далел, ин мардум сазовори чунин муҷозоти сангин ва беадолатона набуд.

Музаффар Давлатови 76-сола, падари Алии Бедакӣ, аз размандагони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ афсари вазорати умури дохилаи Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Аммо худи Алии Бедакӣ, ки мақомот ӯро дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар августи соли гузашта дар дараи Камароб гунаҳкор донистанд, дар моҳи январ дар ҷараёни як амалиёт аз сӯи нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо чанде аз вафодоронаш кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG