Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ф.Воҳидова: “Мисли Отунбоева садҳо зани фаъол дорем, аммо...”


Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик

Вакили мудофеъ ва ҳуқуқдони шинохта Файзинисо Воҳидова ба беш аз 100 суоли корбарони "Озодӣ" посух гуфт.

Аксари ин саволҳо ба фаъолияти худи хонум Воҳидова, шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, мустақилияти додгоҳҳо, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ширкати ӯ дар интихоботи порлумонии соли 2005 ва фазои сармоягузорӣ дар кишвар рабт доштанд.

Файзинисо Воҳидова ба ҳар кадоме аз ин саволҳо дар алоҳидагӣ посух дода, аз ҷумла дар мавриди ширкати занони тоҷик дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон чунин гуфт: "Мисли Роза Отунбаева (раисиҷумҳури Қирғизистон) мо садҳо зани фаъолу донишманд дорем, аммо ворид шудан ба ин майдон бениҳоят мушкил аст. Имрӯз на ин ки занҳо, ҳатто ҷавонони рӯшанфикр низ имкони ворид шудан ба сиёсати бузург дар кишварро надоранд."


ПОСУХИ ФАЙЗИНИСО ВОҲИДОВА БА СУОЛИ ХОНАНДАГОНРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД


Хонум Воҳидова чанд моҳи ахир вакили мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ буд, ки ба ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнӯъи Таҳрир муттаҳам мешуд.

Дар навори зер: Бардоштҳои Файзинисо Воҳидова аз суолу ҷавоб бо корбарони сомонаи "Озодӣ"

Посухҳои Файзинисо Воҳидова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:12 0:00
Линки мустақим

Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то кунун ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дорад.

Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва чандин парвандаи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ - Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамчунин гурӯҳи Ҳизби Таҳрир иштирок кардааст.
XS
SM
MD
LG