Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сад бор рафтам, Ҳасан Асадуллозода қабул накард”


Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт", ки чанд сол инҷониб бо масъулони "Ориёнбонк" баҳси додгоҳӣ дорад ва мегӯяд, ки аз ин роҳи худ пас нахоҳад гашт...
Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати "Бахт", ки чанд сол инҷониб бо масъулони "Ориёнбонк" баҳси додгоҳӣ дорад ва мегӯяд, ки аз ин роҳи худ пас нахоҳад гашт...

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Нуриддин Маҳкамов, соҳибкор ва раиси ширкати “Бахт”дар Хуҷанд.

Чандест, ки дар расонаҳо миёни ширкати тиҷоратии “Бахт” ва “Ориёнбонк” баҳсҳо идома дорад. Масъулони ин ширкат “Ориёнбонк”-ро ба паймоншиканӣ ва ба таври ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағ муттаҳам карда, қазияро ба додгоҳ кашонидаанд. Аз Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати “Бахт” дар шаҳри Хуҷанд мепурсем, ки асли қазия чӣ аст?

Нуриддин Маҳкамов: “Ин баҳс аз соли 2004 ба ин сӯ идома дорад. Асли қазия ин аст, ки ширкати мо бо корхонаи орди ба номи Темурмалики шаҳри Қайроққум ҳамкорӣ мекард ва мо ба ин муассиса гандум ворид карда будем. Бояд бигӯям, ки корхонаи орди ба номи Темурмалик як муассисаи хеле бузург аст ва аз ин ҷиҳат на танҳо бо мо, балки бо чандин ширкат ва афроди алоҳида ҳамкории тиҷоратӣ дошт. Аммо ин корхона бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шуда, мунтаҳо кораш ба додгоҳ рафт. Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ба андозаи маблағе, ки мо ба ин корхона гандум ворид карда будем, бо қарори худ як қисмате аз амволи онро ба ширкати мо дод. Дар ин миён “Ориёнбонк” ҳам дар қатори дигар қарзхоҳони корхонаи Темурмалик ҳузур доштааст. Намояндаи “Ориёнбонк” пешниҳод кард, ки ба хотири ҳифзи корхонаи бузурги Темурмалик ва ҷилавгирӣ аз қисмат шудани он розӣ бишавем, ки онро “Ориёнбонк” хусусӣ кунад ва дар давоми се моҳ қарзҳои моро баргардонад. Гуфтанд, ки мо серпул ҳастем, ин маблағҳои Шумо он қадар маблағи бузурге нест, мо метавонем онро ба Шумо бидиҳем. Аммо ҳайф аст, ки корхонаеро ба ин бузургӣ аз байн бубарем. Мо розӣ шудем. 19 феврали соли 2004 бо таъйиноти додгоҳ ҳама ширкатҳое, ки дар ин корхона ҳисса доштанд, розӣ шуданд, ки “Ориёнбонк” онро бигирад ва пулҳои моро дар зарфи се моҳ пас диҳад. Додгоҳ дар ин бора қарори худро иттихоз кард. Се моҳи муҳлати таъйиншуда гузашт. Аз ҷониби “Ориёнбонк” садое нашуд. Ҳамин тавр як сол, ду сол, се сол гузашт, боз ҳам сукуту хомӯшӣ. Дигар маҷбур шудем ба Додгоҳи иқтисодӣ, ба корхонаи Темурмалик ва ба худи “Ориёнбонк” шифоҳиву хаттӣ борҳо муроҷиат намоем. “Ориёнбонк” ҷавоб медиҳад, ки ин корхонаро бар ивази қарзҳояш гирифтааст, вале ба сифати соҳибмулк ба ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” фурӯхтааст. Пулро аз онҷо рафта гиред.”

Дар акс: Аз тарафи чап дар қатори аввал -- Ҳасан Асадуллозода, раиси ширкати "Ориёнбонк"
Дар акс: Аз тарафи чап дар қатори аввал -- Ҳасан Асадуллозода, раиси ширкати "Ориёнбонк"

“ХУДАМ ШОҲУ ТАБЪАМ ВАЗИР”

Радиои Озодӣ: Яъне, ба ин тартиб “Ориёнбонк” пули Шуморо баргардонидан намехоҳад?

Нуриддин Маҳкамов: “Онҳо аз аввал фикри нодуруст, фикри вайрон доштаанд. Яъне, ки онҳо зӯранду мо ҳеҷ касему ҳеҷ коре карда наметавонем ва аз дастамон чизе барнамеояд. Онҳо аз аввал маблағро додан намехостаанд ва фақат бо роҳи фиреб моро ба дом андохтанд. “Мо зӯр, мо “Ориёнбонк”, мо хешу табори Ҷаноби Олӣ, ҳеҷ коре карда наметавонад” гуфта. Мо рафтем ба суроғи ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”. Онҳо гуфтанд, ки аз ту чизе нахаридаем, мо ширкати мазкурро аз “Ориёнбонк” харидаем. Пеши “Ориёнбонк” меравем, мегӯянд, ки мо корхонаро аз ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”-гирифта ба “Сомонсуғд” фурӯхтем. Пеши “Сомонсуғд” меравем, мегӯянд, ки мо аз ту чизе нагирифтаем, мо аз “Ориёнбонк” гирифтаем ва агар дарде, шикояте доред, биравед назди бонк. Ҳамин тавр се-чаҳор сол мо байни ин муассисаҳо сарсону саргардон шудем. Ба даъватҳои мукаррари додгоҳҳои иқтисодӣ аслан ҷавоб намедиҳанд. Худашон шоҳу табъашон вазир.”

Радиои Озодӣ: Додгоҳи иқтисодӣ қарор кард, ки пули Шуморо “Ориёнбонк” бидиҳад?

Нуриддин Маҳкамов: “Бале, вақте Додгоҳи иқтисодӣ чунин қарорро қабул кард, намояндаи ин бонк Лаълбеков он ҷо ҳузур дошт. Ҳамин одам дар додгоҳ ваъда кард, ки мо бонки бақувват ҳастем, дар муддати се моҳ ҳамаи ҳиссадорон-қарзхоҳон пули худро мегиранд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:07 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Маблағи Шумо чӣ миқдор буд?

Нуриддин Маҳкамов: “Пули мо 380 ҳазор сомонӣ. Ин пул дар соли 2003 буд.”

“РАИС ШУМОРО ҚАБУЛ НАМЕКУНАД”

Радиои Озодӣ: То ин замон чанд марҳалаи додгоҳиро тай кардед?

Нуриддин Маҳкамов: “Чи хеле гуфтам, Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд дар моҳи феврали соли 2004 қарор кард: “Ориёнбонк”, ки корхонаи Темурмаликро харидааст, бояд қарзҳои ин корхона, аз ҷумла қарзи моро баргардонад. Ҳамин тавр, то соли 2009 ин вазъият идома кард. Додгоҳҳо чандин маротиба қарору ҳалнома содир карданд, аммо ҷониби “Ориёнбонк” ҳеҷ ба инобат намегирад. Шояд 50-100 мактуби шикоятӣ навишта бошам, ҳар моҳе як маротиба-ду маротиба ба Душанбе меоям. Масъулини “Ориёнбонк” қабул намекунанд. Мегӯям, ки раисро бубинам, масъаларо ҳал кунем, посух медиҳанд, ки раис нест, раис Шуморо қабул намекунад. Ҳуқуқшиноси бонк гуфт, ки мо қарзи худро аз ин ширкат рӯёнидем ва ба “Сомонсуғд” ва “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” фурӯхтем биравед ба онҳо муроҷиат кунед. Ҳол он, ки нархи корхонаи орди Темурмалик панҷсад ҳазор сомонӣ нест. Баҳои он 20-30 миллион доллар аст.”

Радиои Озодӣ: Кӣ ба 500 ҳазор сомонӣ онро харидааст?

Нуриддин Маҳкамов: “Онро бар ивази панҷсад ҳазор сомонии қарзаш “Ориёнбонк” аз худ кард.”

БАҲСИ 780 ҲАЗОР СОМОНӢ

Радиои Озодӣ: Ин чанд навбате, ки баҳси байни Шумо ва “Ориёнбонк”-ро додгоҳҳо мавриди муҳокима қарор доданд, кадоме аз тарафҳоро ҳақ баровард?

Нуриддин Маҳкамов: “Соли 2004 Додгоҳи иқтисодии вилоят “Ориёнбонк”-ро вазифадор кард, ки пули моро баргардонад. То соли 2009 мо дар чунин вазъият қарор доштем. Моҳи октябри соли 2009 боз аризаи шикоятӣ навишта аз Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд тақозо кардем, ки маблағи моро аз шӯъбаи “Ориёнбонк” дар вилоят рӯёнида диҳад. Гуфтем, ки мо ба ҷуз аз “Ориёнбонк” дигар корхонаҳо- ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” ва “Сомонсуғд”-ро намешиносем, чун додгоҳ бо қарори худ бонкро соҳибмулк шинохта ва муваззаф кардааст, ки пулҳои моро бидиҳад. Додгоҳ пас аз муҳокима ва баррасиҳо қарор баровард, ки шӯъбаи хуҷандии “Ориёнбонк” вазифадор аст, ки қарзи ширкати “Бахт”-ро ба маблағи 780 ҳазор сомонӣ бозгардонад.”

Радиои Озодӣ: Чаро 780 ҳазор сомонӣ

Нуриддин Маҳкамов: “Аслан аз рӯи ҳисобу китоби мо бояд 1 миллиону сесад ҳазор сомонӣ бидиҳад. Мо ин арқомро аз ҳаво нагирифтаем ва тахминӣ ҳам нестанд. Мо бо фоизҳои муқарраркардаи худи бонк, ки аз қарзи додааш ба ҳар як соҳибкор мегирад, муайян намудем, ки маблағи мо тӯли ин солҳо ҳамин қадар мешавад.”

“ҚАРОРИ ДОДГОҲРО ҚАБУЛ НАДОРАНД...”

Радиои Озодӣ: Соли 2009 додгоҳ ба фоидаи Шумо қарор содир кард, давоми кор чӣ тавр пеш рафт?

Нуриддин Маҳкамов: “Давомаш чӣ тавр шуд? Додгоҳ иҷроварақаро низ ҳукми амал дод. Вале минбаъд тавре шуд, ки дигар намояндаҳои бонк ҳатто аз ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ сарпечӣ карданд. 4-5 маротиба даъват шуданд, аммо иштирок накарданд. Додгоҳ қарори мунсифона содир карда, иҷроварақаро низ дод ва азбаски “Ориёнбонк” ба эътибор нагирифт, мо иҷроварақаро гирифта назди Бонки миллӣ рафтем, то ки аз суратҳисоби ин бонк пули моро гирифта диҳад. Бонки миллӣ ҳам аз сабаби он, ки раиси “Ориёнбонк” хешу табори президент мебошад, қарори додгоҳро иҷро накард, тарсид.”

Радиои Озодӣ: Баъдан “Ориёнбонк” аз болои қарори Додгоҳи иқтисодӣ шикоят овард?

Нуриддин Маҳкамов: “Баъди як соли қарори додгоҳ онҳо гуфтаанд, ки ин қарорро нагирифтаанд, яъне дастраси онҳо нашудааст. Дар марҳалаи апеллиятсионӣ додгоҳ қарори додгоҳи вилоятиро аз 20 октябри соли 2009 бекор кард.”

“БАХТ” ҲАҚ АСТ Ё “ОРИЁНБОНК”?

Радиои Озодӣ: Ба манфиати “Ориёнбонк”?

Нуриддин Маҳкамов: “Бале, ба манфиати “Ориёнбонк”. Дар ин навбат намояндаи бонк дар мурофиаи додгоҳ ширкат кард. Онҳо ба мо хеле фаҳмову рӯшан гуфтанд, ки Шумо моро ҳеҷ кор карда наметавонед, мо одамони зӯр, мо “Ориёнбонк”. Гуфтанд, ки Шумо ҳақ бошед ҳам, чизе аз дастатон барнамеояд. Ин ҳарфҳоро рӯирост гуфтанд. Мо маҷбур шудем ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бубарем. 5 апрели соли 2011 ин додгоҳ қарори марҳалаи аппелятсионии Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғдро бекор карда, барои бозбинӣ ба ин додгоҳ пас фиристод. Дар қарори додгоҳ таъкид шуд, ки баъзе аз паҳлуҳои нофаҳмои қазия рӯшан карда шавад, вале ин додгоҳ ҳам дар санади худ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат бахши хуҷандии “Ориёнбонк”аз ширкати “Бахт” қарздор аст ва бояд маблағ баргардонида шавад. Аз сабаби он, ки қарор мебоист иҷро бишавад ва дигар аз он гурехтан имкон надорад, онҳо баъди 8 соли ҳукми додгоҳ дар асоси далелҳои гӯиё навошкоршуда шикояти нав оварданд.”

“ДОДРАСУ ДОДГОҲҲОИ ХУДОТАРС ҲАМ БУДААНД”

Радиои Озодӣ: Дар ниҳояти амр қазияи додгоҳӣ дар чӣ ҳол аст? Яъне додгоҳ ба фоидаи Шумо қарор кард ва бонк иҷро намекунад ё чӣ?

Нуриддин Маҳкамов: “Дар асоси маводи навошкоршуда зинаи аввали марҳалаи апеллятсионии додгоҳ корро ба суди “Ориёнбонк” ҳал кард, вале боз ҳам додгоҳи иқтисодии вилоят дар марҳалаи баъдӣ собит кард, ки кадом як маводи навошкоршуда пайдо нашудааст ва аз ин рӯ боз ҳам қарори зинаи аввалро бекор карда, ба манфиати мо қарор баровард. Ҳоло акнун боз бонк ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят овардааст, ки гӯиё ман ба додгоҳи вилоятӣ фишор овардаам. Ҳоло бо ин ҳама вазъияту ҳолате, ки ман қарор дорам, кӣ бовар мекунад, ки ман ба додгоҳ фишор оварда бошам. Ман кӣ ҳастаму онҳо кӣ ҳастанд. Вале Худоро шукр мегӯям, ки ҳоло ҳам дар Тоҷикистон додрас ва додгоҳҳои худотарс будаанд, ки маводро дуруст санҷида, корро ба ҷониби ҳақ ҳал карданд.”

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо дар таҷрибаи худ мушоҳида кардед, ки додрасҳо ва додгоҳҳое ҳам амал мекунанд, ки метавонанд мӯйро аз хамир ҷудо карда ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд?

Нуриддин Маҳкамов: “Бале, будаанд, судяҳои худотарс, ки новобаста аз фишорҳову тарсониданҳо парвандаҳоро аз рӯи адолат санҷида, қарорҳои одилона содир мекунанд.”

“АЗ РОҲИ ХУД ПАС НАМЕГАРДАМ”

Радиои Озодӣ: Бо он, ки баҳси миёни Шумо ва “Ориёнбонк” хеле тӯл кашид, оё маслиҳату машваратҳо набуд, ки хотима диҳед, суд надорад, зарар оварданаш мумкин?

Нуриддин Маҳкамов: “Албатта буданд, хеле бисёр. Оилаам ҳам борҳо гуфт, ки чӣ кор мекунӣ, онҳо аз дасташон ҳар кор меояд. Дигар ин ки давоми ин 8-9 соле, ки ман миёни Хуҷанду Душанбе равуо дорам, албатта, бидуни хароҷот намешавад. Гоҳо мешавад, ки дар моҳ ду маротиба меоям. Ин мусофиратҳо ба буҷаи хонаводаам ҳам зиёни бузург меоварад. Пас аз чопи мақолаҳо дар матбуот боз чунин маслиҳату машваратҳо бештар шуд. Мегӯянд, ки ту чи кор кардӣ, маъюб мекунанд, сарбасар шудӣ, нобуд карданашон мумкин. Вале гуфтам, ки ё сарбасар мешаваму пуламро рӯёнида зиндагониамро пеш мебарам ё ин, ки бигузор бо ман чӣ коре кунанд. Роҳи бозгашт нест. Ё ин ки озодона, ҳамчун инсон зиндагӣ мекунам ё беҳтараш, ки мемурам, то назди хешу табору дӯсту душман муттаҳам набошам. Чаро соҳибони “Ориёнбонк” метавонанд зиндагӣ кунанд, ҳақ доранд, ки зиндагӣ кунанду мо надорем. Онҳо метавонанд, ки самолёт харанд, хуб, мо ҳам ҳақ дорем, ки зиндагиамонро пеш барем, мисли одам зиндагӣ кунем.”

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо пас намегардед?

Нуриддин Маҳкамов: “Не. Ман ҷойи пас гаштан надорам. Ҳар чизе Худо бихоҳад. Мекушанд маро, ё чи коре ҳам, ки мекунанд, Худо медонад.”

Радиои Озодӣ: Шумо аз тариқи матбуот чанд маротиба ба президенти кишвар низ муроҷиат кардед, ҳеҷ посухе доданд?

Нуриддин Маҳкамов: “Ба ғайр аз он, ки мо панҷ-шаш маротиба тариқи матбуот ба президент муроҷиат кардем, ҳамчунин ба Дастгоҳи иҷроияи президент панҷоҳ-шаст маротиба муроҷиат кардем, ки “варақи иҷрочиҳо” ҳаст, чаро талаби иҷрочиҳоро ҳатто Бонки миллӣ дастгирӣ намекунад. Бонки миллӣ бо ҷои он, ки дар тӯли як ҳафта чора меандешид, то ҳол аз он ҳеҷ хабаре нашуд.”

НОМАҲОИ БЕПОСУХ

Радиои Озодӣ: Аз ҷониби президент ҳеҷ вокунише нашуд?

Нуриддин Маҳкамов: “Не, нашуд. Бо худораҳматии падарам, ки он кас маълули ҶБВ ҳастанд, чанд маротиба назди “Ориёнбонк” омадем. Қабул накард. Қариб сад маротиба рафтам, аммо Ҳасан Асадуллозода қабул накард.”

Радиои Озодӣ: Барои чӣ қарори Додгоҳро масъулини “Ориёнбонк” қабул намекунанд?

Нуриддин Маҳкамов: “Онҳо фикр мекунанд, ки дар осмон ҳастанду касе онҳоро дастрас намекунад. Агар онҳо ба қонун гӯш мекарданд, ҳанӯз соли 2004 ин масъала ҳалли худашро меёфт. Онҳо зӯр, наздикони президентанд.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед маҳз ҳамин пайвандӣ бо президент аст, ки онҳо пули Шуморо барнамегардонанд?

Нуриддин Маҳкамов: “Бале, ҳамин хел аст.”

“ОБИДНО”

Радиои Озодӣ: Пештар гуфтед, ки корхонаи ордбароии Темурмалик, корхонае, ки баъдан “Ориёбонк” хариду хусусӣ кард, аз чанд корхонаи дигар низ қарздор буданд, онҳо вазъияташон чӣ хел аст? Қарзҳояшонро гирифтанд?

Нуриддин Маҳкамов: “Не, ягон кас қарзашро бозрас нагирифтааст. Ин корхонаи калони “Таджикхозгалантерея”, “Пик Сомониён”, корхонаи хурди “Далер”, ҶСК “Соҳибкорбонк”-анд, ки онҳо низ қарзи худро аз “Ориёнбонк” нагирифтаанд. Бисёриҳояшон мегӯянд, ки хайр, бало ба пасашон, бо онҳо баробар намешавем. О, чӣ гуна баробар намешавед, ки аз мо корхонаи шахсӣ асту аз онҳо давлатӣ. Ин зулм аст. Ба гуфти русҳо “обидно”.

Радиои Озодӣ: Дар баҳси додгоҳии миёни Шумо ва “Ориёнбонк” Шумо аз хидмати адвокат истифода кардед. То куҷо барои пешравии кори Шумо адвокат нақш бозид?

Нуриддин Маҳкамов: “Нақши адвокати мо хеле калон аст. Ман аз адвокат Бузургмеҳр Ёров бисёр миннатдорам. Адвокатҳои мо мисли як қувваи бузургеанд, ки бечорагонро дастгирӣ мекунанд. Пул дорем, надорем, аммо онҳо ҳамеша моро дастгирӣ мекунанд.”

АГАР “ОРИЁНБОНК” АЗ ЗӮРАШ ИСТИФОДА НАКУНАД...

Радиои Озодӣ: Шумо бовар доред, ки дар ниҳояти кор пулатонро бозпас мегиред?

Нуриддин Маҳкамов: “Аввал умед ба Худованд мекунем, ки худаш мададгор бошад. Бо мадади Худованд ин ҳама мушкилиҳоро пушти сар кардем. Бо саъю талоши адвокатҳо дар марҳилаи ниҳоии ҳалли мушкилӣ расидем. Иншооллоҳ, маблағҳои худро мегирем. Агар “Ориёнбонк” аз зӯриаш истифода карда, боз ягон баҳси беҳударо ба миён накашад.”

Радиои Озодӣ: Додгоҳ ба ҳар сурат мушкилиро аз рӯи адолат ҳал кард, вале мушкилии Шумо бо шахсони алоҳида, барои мисол бо худи Ҳасан Асадуллозода аст?

Нуриддин Маҳкамов: “Дар ҳоли ҳозир марҳалаи апеллятсионии Додгоҳи иқтисодии вилоят баҳсро ба манфиати мо ҳал кард. Новобаста аз он ки фишорҳо буд ва ё набуд, наметавонам дақиқ дар ин бора чизе бигӯям. Охир, додгоҳ чӣ тавр, дидаву дониста кори қонуниро ғайриқонунӣ эълон кунад? Вале додрасҳо тарс доранд. Инро рад карда намешавад.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чунин бархӯрди бархе аз воломақомҳо бо соҳибкорону тоҷирон ба фаъолияти онҳо зарар мерасонад?

Нуриддин Маҳкамов: “Бисёр зарар мерасонад. Ҳоло ба куҷо, ки наравед иншооти пеши назаратонро мегӯянд Ҳасан Асадуллозода гирифтааст. Бисёр мешунавем, ба куҷо, ки наравем, ҳамин ҳарфҳоро мешунавем. Масалан, ба наздикӣ дар Колхозобод будам, чунин гапҳоро шунидам ва ё дар Хуҷанд низ вазъ ҳамин тавр аст.”

Радиои Озодӣ: Ҳозир ба чӣ кор машғулед?

Нуриддин Маҳкамов: “Ҳоло бо ҳамин мурофиаҳои додгоҳӣ овораам. Фарзандҳо кӯмак мекунанд. Ба дили онҳо ҳам ин ҳама равуои беохир задааст. Онҳо ҳам бояд зиндагӣ кунанд.”

“ПУЛИ МАРО ДИҲАНД, ҲАВОЛААШОН БАР ХУДО!”

Радиои Озодӣ:
Яъне ин мушкилии пешовардаи “Ориёнбонк” боис шуд, ки кори тиҷорати Шумо шикаста шавад?

Нуриддин Маҳкамов: “Ҳамин тавр шуд. Агар ман маблағамро дар ҳамон солҳои 2003-2004 мегирифтам, корамро идома медодам. Чӣ зарур аст, маро, ки Душанбе равам, Хуҷанд баргардам ва ин ҳолат борҳову борҳо такрор шавад. Ба ман чӣ зарур аст, ки аз қафои инҳо - “Ориёнбонк” , “Сомонсуғд” ва “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” давида гардам. Ман ҳам бояд пайи зиндагии худам бошам. Ман пуламро гирам, дигар ба онҳо чӣ кор дорам, ҳаволаашон ба Худо.”

ҲАСАНД АСАДУЛЛОЗОДА АЗ ДОДСИТОНӢ ЧӢ ХОСТ?

Радиои Озодӣ: Оё дар ҷараёни ин ҳама солҳо бо Ҳасан Асадуллозода рӯбарӯ шудед?

Нуриддин Маҳкамов: “Бо Ҳасан Асадуллозода тӯли ин солҳо ягон бор вонахӯрдаам. Баъди чопи муроҷиатҳои ман дар газетаҳо, он кас ба додситони вилоят навиштаанд, ки аз болои Маҳкамов парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад, чунки ӯ дар ҳама ҷо мову президентро шарманда ва таҳқир мекунад. Додситони вилоят парвандаро омӯхта ба он кас ҷавоби рад медиҳад, ки даъвои ширкати “Бахт” дуруст аст ва ягон асосе барои ифтитоҳи парванда вуҷуд надорад. Он кас баъди ин боз ба Додситони кулли кишвар мактуб навиштанд, ки гӯиё Маҳкамов бо намояндааш хешу табори президентро навис-нависи бисёр карда, ғавғо бардошта дар ҳама ҷо шарманда карда истодааст. Онҳо хостаанд, ки аз болои мо парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шавад. Гуфтаанд, ки гӯиё моро кадом як гурӯҳҳои сиёсӣ истифода карда истодааст. Мо ягон гурӯҳи сиёсиро намешиносем, коре ба онҳо надорем. Онҳо қарздоранд. Қарздор ба кадом гуруҳи сиёсӣ даркор бошад? “Ориёнбонк” қарздор аст, қарзи моро диҳад, дигар тамом. Аз додситонии кулл маро хоҳиш карданд, ки ҳозир шавам. Ман намояндаи ваколатдори худ Ёровро хоҳиш кардам, ки биравад. Ва чӣ тавре ба ӯ фаҳмонидаанд, дар мактуби фиристодашудаи ҷаноби Асадуллозода зикр шудааст, ки гӯиё Маҳкамов ба кадом як гурӯҳи сиёсӣ дохил мешавад, маблағгузорӣ мекунад ва барои ҳамин хешу табори президентро сиёҳ мекунад. Мо гӯиё барои ҳамин мақола навишта шӯру ғавғо карда бошем. Ҳамаи маводи қазияро ман дар ихтиёри намояндаи ваколатдорам гузошта будам. Мо қариб чил-панҷоҳ маротиба ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат кардаем. Ягон ҷавоб ба дасти мо нарасид. То дар сатҳи муовини аввали Додситони кулл парвандаро омӯхта гуфтаанд, ки далелу ваҷҳе барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи мо вуҷуд надорад. Рафтори ширкати “Бахт”-ро дуруст бароварда ва гуфтаанд, ки “Ориёнбонк” қарзашро диҳад.”

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки имкон дорад шумо ва “Ориёнбонк” ба як сулҳу созиш оед, чун аз ин таҷриба ҳатто дар сатҳи байнулмилалӣ истифода шудааст ва маблағи Шумо ҳам дар муқоиса он қадар зиёд нест...

Нуриддин Маҳкамов: “Ман аз матбуот бохабарам, ки танҳо барои хароҷоти адвокатҳо дар баҳси корхонаи алюминий ҷониби Тоҷикистон 150 миллион доллар масраф кардааст. Худо мегӯям, ки дар масъалаи ширкати “Бахт” ҳам як ба инсоф оянд.”

ВАҚТЕ БА МАРДУМ ЗУЛМ МЕКУНАНД...

Радиои Озодӣ: Кадом гуфтании дигаре доред?

Нуриддин Маҳкамов: “Ман гуфтаниҳои зиёд дорам. Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд эълон шудааст. Ҳозир мегӯянд, ки дар кишварҳои беруна террористҳо тайёр мешаванд ва агар ҷавонҳои моро аз кишварҳои мусулмонӣ наоварем, таҳти таъсири террористҳо мемонанд. Аммо савол ин ҷост, ки дар Тоҷикистон террорист аз куҷо пайдо мешавад? Террорист аз он ҷиҳат пайдо мешавад, ки ҳуқуқҳои ӯро одамҳои доро поймол мекунанд. Ман ҳис мекунам, ки террорист шудаам ва фарқ танҳо ин аст, ки дар дастам силоҳ надорам. Ин ҳолат, аз он ки халқро ба зулм оварда таҳқир мекунанд, ба вуҷуд меояд. Дар ҳар қадам дар ин ҷо ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Кор нест, шароити иҷтимоӣ бисёр бад аст, пули одамҳоро зада мегиранд, пас, дигар онҳо чӣ кор кунанд? Ман аз як чиз дар тааҷҷубам, ки Президент оё кафили ҳуқуқу озодиҳои танҳо хешу таборҳои худ аст? Чаро ҳуқуқҳои дигарҳоро муҳофизат намекунад? Президент барои ҳама бояд кафил бошанд ва он кас ба шири сафеди модар қасам хӯрдаанд. Додситони кулли Тоҷикистон чаро нисбати Ҳасан Асадуллозода чора намеҷӯяд, ки аз соли 2003 қарори додгоҳро иҷро намекунад? Чаро ягон маротиба президент намепурсад, ки кори ширкати “Бахт” чӣ тавр ҳал шуд. Чаро қонун танҳо хешу табори мансабдоронро ҳимоят мекунаду мардуми оддиро не? Ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ аз ҳамин гуна беадолатиҳо рух доданд. Ман ҷонам ба лаб расид, косаи сабрамон пур шуд. Чаро дар назди қонун ҳама баробар нест? Ман фикр дорам, ки президент президенти як авлод нест, президенти ҳамаи мардум аст. Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ҳоло маблағҳои бисёре аз мардум, ки саҳмияи Роғунро харидаанд, дар “Ориёнбонк” нигоҳ дошта мешавад. Ман дар ташвишам, ки дар ҳоле маблағи ночизи маро додан намехоҳанд, оё сарнавишти пулҳои мардум чӣ мешуда бошад. Ба назари ман, бояд мардум аз ҳоло дар пайи пулҳои худ шаванд.”
XS
SM
MD
LG