Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси баъзе тағйирот дар қонунҳои кишвар марҳилаи апеллятсионӣ дар додгоҳҳои иқтисодӣ хориҷ карда шуд.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти низоми додгоҳии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ба баъзе аз қонунҳои ин кишвар тағйирот ворид гардид. Бар асоси ин дигаргуниҳо ҳамакнун марҳилаи апеллятсионӣ ё зинаи истинофӣ дар додгоҳҳои иқтисодӣ хориҷ карда шуд. Ҳамчунин дар сурати ду маротиба баррасӣ шудани парванда дар як марҳилаи додгоҳӣ баррасии баъдии он дар зинаҳои болоии додгоҳ аз ҷумла вилоят, шаҳри Душанбе ва Судҳои олӣ ва олии иқтисод идома меёбад. Гуфта мешавад, ин ислоҳот ба манзури ҷилавгирӣ аз кашолкорӣ дар таҳқиқи парвандаҳо ва барои беҳбудии риояти ҳуқуқи инсон, таҳкими мақоми додгоҳӣ ва мутобиқ кардани санадҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Бекмуҳаммад, масъули як воҳиди кишоварзӣ дар ноҳияи Масчои вилояти Суғд, ду соли умри худро дар баҳси додгоҳӣ бо идораи замин сарф кардааст. Дар ин ду сол ӯ шаш зинаи додгоҳи иқтисодиро гузашт. Аммо баҳси ӯ бо бо ин ниҳод бар сари як порча замин ҳанӯз ҳал нашудааст: "Рости гап, дар ин муддат дар шаш марҳилаи додгоҳӣ, дар додгоҳҳои гуногун иштирок кардам. Ҳаминро метавонам бигӯям, ки ҳеҷ дар кори онҳо сарфаҳм нарафтам. Аз кори онҳо ҳайронам. Додгоҳ чанд маротиба чанд марҳилаеро, ки баргузор кард, ба фоидаи мо ҳал ва моро қонеъ кард. Додгоҳи дувум ҳам ба манфиати мо ҳал кард, вале Додгоҳи олӣ ҳамаро гардонд. Мо ҳам дар ҳайратем, ки чаро додгоҳҳо ба қазия нуқта намегузоранд."



Қазияи додгоҳии Бекмуҳаммад мавриди хосе нест. Садҳо ин гуна қазияҳо солҳо боз дар зинаҳои додгоҳӣ баланду паст мешаванд ва гоҳо дар зинае ба муддати тӯлонӣ дармемонанд. Зеро тартиби баррасии шикояти шаҳрвандон дар додгоҳҳои Тоҷикистон хеле печида буда мардумро бисёр саргардон мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кардаанд ва аз ин ба баъд шумори даъвогарон дар додгоҳҳо ба маротиб коҳиш меёбад. Бар пояи дигаргуниҳое, ки Маҷлиси Намояндагон ба қонуни фаъолияти додрасҳо ворид кард, акнун додгустар мушкили корафтодаро бояд дар зинаҳои аввал ҳал кунад. Афзун бар ин, дар сурати бори дуввум аз эътибор соқит шудани ҳалнома ва ё қарори додгоҳ муҳокимаи минбаъдаи он танҳо дар додгоҳи вилоятӣ ва ё Додгоҳи олӣ баргузор мешавад.

Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни фаъолияти додрасҳоро шарҳ медод, гуфт, минбаъд марҳилаи апеллиятсионӣ ва ё истинофӣ дар додгоҳи иқтисодӣ аз байн бурда мешавад. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон гуфт, таҷриба собит кардааст, ки ин марҳилаи додгоҳӣ аслан бесамар буда ва баргузории он ҳам талафи вақт ва ҳам боиси сарсониву саргардонии даъвогарон мешавад: "Бар асоси тағйирот ба моддаҳои ин қонун аз сохтори додгоҳҳои иқтисодӣ як марҳилаи додгоҳӣ, яъне зинаи апеллятсионӣ хориҷ карда мешавад."

Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова

Тағйиру иловаҳо ба қонуни фаъолияти додрасҳо бештар вакилони дифоъро хурсанд кардааст. Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳанӯз чаҳор соли қабл пешниҳоди ба ин монандеро дар матбуот матраҳ карда буд, ки барои аз байн бурдани зинаи истинофии додгоҳи иқтисодӣ кумак мекард.

Вай афзуд, “ин тағйирот ба манфиати шаҳрвандон аст. Аслан коллегияи апеллятсионӣ марҳилаи додгоҳие буд, ки зарурат ба фаъолияти он вуҷуд надошт. Ба тариқи мисол, агар бигирем дар як додгоҳи иқтисодии вилоят як додрас парвандаро ҳамчун додгоҳи зинаи аввал баррасӣ мекунад. Вале се нафар додрасе, ки дар марҳилаи апеллятсионӣ иштирок мекунанд, ҳатман онҳо манфиати додрасеро, ки дар худи ин додгоҳ муҳокимаи зинаи авалро гузаронидааст ба ҳисоб мегиранд."

Бар пояи ин дигаргунӣ муҳлати омодасозии парванда барои муҳокима, ки қаблан ду моҳ буд, то як моҳ коҳиш ёфт. Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон таъкид кард, ислоҳоти мазкур бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз кашолкорӣ дар таҳқиқи парвандаҳо, риояти беҳтари ҳуқуқи инсон, таҳкими низоми додгоҳӣ ва баланд бардоштани масъулияти додрасҳо гузаронида мешавад.

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Аммо Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумонии Тоҷикистон, фаъолияти додрасҳоро мавриди интиқод қарор дода ва иллати беэътибории додгоҳ дар ҷомеаро ба пойин будани сатҳи тахассусии онҳо марбут донист: "Ҳарчанд давлат доираи салоҳияти додрасҳоро васеъ гардонида ҳамаи шароити заруриро барои мустақилияти онҳо фароҳам кардааст, лекин дар амалӣ гардидани ин тадбирҳо сатҳи касбӣ ва муносибати онҳо ба ҳалли масъалаҳои ба зиммаашон вогузошта беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд."

Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон гуфт, новобаста аз баъзе мушкилҳо дар фаъолияти додгоҳҳо эътимоди мардум ба ин шохаи ҳокимият тақвият меёбад. Ҷаноби Азизов барои исботи гуфтаи худ мисол овард, ки агар дар соли 2006 36 ҳазор парванда дар додгоҳҳо баррасӣ шуда буд, пас, дар соли 2011 ин шумора ба 118 ҳазор расидааст.

Дар зимн, давлати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 Барномаи ислоҳоти бунёдии низоми додгоҳӣ дар ин кишварро ба иҷро гузошт. Дар чаҳорчӯби ин ислоҳот ҳукми қатл дар Тоҷикистон ба ҳоли таълиқ дароварда шуда ва мӯҳлати интихоби додрасҳо ба вазифа то ба даҳ сол тамдид карда шуд, то ба ин васила вобастагии онҳо ба ҳокимияти иҷроия ва парлумон аз байн биравад. Нуктаи дигари муҳим дар ин барнома, ки мустақилияти низоми додгоҳӣ дар кишварро таҳким мебахшид аз ихтиёри додситон ба додгоҳ вогузоштани ҳаққи судур ва ё иҷозаи санксия барои ҳабс ва дигар тадбирҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқ ба озодии инсон буд.

Бо ин ҳама афроде мисли Бекмуҳаммад, ки барои ҳал кардани қазияи худ солҳои дароз дар додгоҳҳо сарсону саргардон мешаванд, кам нестанд. Аммо ислоҳоти ворида ба қонуни фаъолияти додрасҳо танҳо баъд аз имзо аз тарафи раисиҷумҳур ва нашри он дар расонаи расмии ҳукумат ба марҳилаи иҷро медарояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG